Пайвандҳои дастрасӣ

Арзиши шаҳрвандии Тоҷикистон аз нигоҳи як созмони хориҷӣ


Шиносномаи тоҷикӣ

Шиносномаи тоҷикӣ

Тоҷикистон дар раддабандии Индекси шаҳрвандиҳои ҷаҳон дар байни 182 кишвар мақоми 116-умро гирифтааст. Муаллифони раддабандӣ мегӯянд, Тоҷикистон бояд ба рӯи ҷаҳон бозтар бошад.

Созмони таҳқиқотии Henley & Partners рӯзи 2 июн барои бори аввал Индекси шаҳрвандиҳои ҷаҳон (Global Index to Rank Quality of Nationalities)-ро нашр кард. Дар раддабандии ин созмон шаҳрвандии 182 кишвари дунё барои 5 соли охир (2011-2016) тибқи ҷадвали аз 0 то 100 балл арзёбӣ шудааст.

Henley & Partners дар раддабандиаш дар 10 ҷои аввал кишварҳои қораи Аврупоро гузошта, шаҳрвандии кишварҳое, чун Олмон, Дания, Финландия, Норвегия ва Исландияро арзишмандтарин шаҳрвандиҳои дунё баровард кардааст. Аз ҳама паст дар ин раддабандӣ шаҳрвандии кишварҳои ҷангзадае, чун Судон, Эритрея, Африқои Марказӣ ва Афғонистону Ҷумҳурии демократии Конго баҳо гирифтаанд.

Эстония, Литва ва Латвия, се кишвари пасошӯравӣ, ки алакай узви Иттиҳодияи Аврупо шудаанд, дар мақомҳои 20, 23 ва 24-уми ин раддабандӣ ҷойгир шуда, Русия дар ҷои 60, Молдова ва Беларус дар зинаҳои 77 ва 82 ва Украина дар мақоми 87 ҷой гирифтаанд.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандии аз ҳама мӯътабарро шаҳрвандии Қазоқистон доштааст, ки дар зинаи 83 меояд. Шаҳрвандии Узбакистон сазовори мақоми 111, аз Қирғизистон – 119 ва аз Туркманистон – соҳиби ҷои 123-юм шудаанд. Тоҷикистон дуруст дар байни кишварҳои минтақа дар ҷои 116-ум қарор дорад. Ба сурати умум, ба шаҳрвандии ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ муҳаққиқони Henley & Partners баҳои “сифати миёна” додаанд.

Шаҳрвандии Тоҷикистонро дар ин раддабандӣ тақрибан ҳамвазни шаҳрвандии кишварҳое, чун Муғулистону Бутан ва Замбияву Лесото баҳо додаанд.

Полина Кулешова, намояндаи созмони Henley & Partners рӯзи 2 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз шаҳри Лондон гуфт, мақоми 116-уми Тоҷикистон аз нигоҳи эътибор ҳанӯз хеле заиф будани мақоми шаҳрвандии ин кишварро ҳам барои худи шаҳрвандонаш ва ҳам барои атбои хориҷие, ки азми дарёфти шаҳрвандии ин кишварро дошта бошанд, нишон медиҳад.

Полина Кулешова: Пеш аз ҳама, ин индекс арзиши аслии шаҳрвандии кишварҳои мухталифи дунёро муайян мекунад. Ин раддабандӣ ҳам омилҳои дохилӣ, ба мисли миқёси иқтисод, имкони рушди зарфиятҳои инсон дар кишвар, суботу тартибот ва сатҳи зиндагии мардум ва ҳам омилҳои берунаро дар бар мегирад. Дар бахши омилҳои беруна якеаш шумори кишварҳоест, ки шаҳрванди ин кишвар метавонад бидуни раводид сафар кунад. Ҳам барои сафарҳои кӯтоҳмуддат ва ҳам барои кору зиндагии доимӣ. Як вижагии дигари раддабандии мо арзёбии аҳамияти худи ин кишвар аст, ки оё то куҷо барои сафар ва кору зиндагии атбои хориҷӣ боз аст.

Радиои Озодӣ: Аммо аз инки ҷойҳои аввалро кишварҳои Аврупо гирифтаанд, бармеояд, ки доштани шаҳрвандии ҳамин кишварҳо барои як нафар хуштар аст?

Полина Кулешова: Бале, чунин ба назар мерасад. Шаҳрвандиҳои аз ҳама мӯътабари дунё шаҳрвандии кишварҳои ҳамин қора аст. Бархеи онҳо ҳатто ба минтақаи Шенген шомил нестанд, вале дарёфти шаҳрвандиашон барои зодагони кишварҳои дигари дунё як орзуи ҷаззоб боқӣ мемонад. Мардум бештар барои дарёфти шаҳрвандии ҳамин кишварҳои аврупоӣ талош мекунанд.

Радиои Озодӣ: Пас эътибори шаҳрвандии кадом кишварҳо аз ҳама паст аст? Ё ба ибораи дигар, аз кадом кишварҳо мардумаш бештар “мегурезанд”?

Полина Кулешова: Ду кишваре, ки аз ҳама зинаҳои пойинтаринро ба худ ихтисос додаанд, Афғонистон ва Ҷумҳурии демократии Конго мебошанд. Ин як арзёбии мабнӣ бар эҳсосот нест, балки натиҷаи таҳлили омору маълумоти фаровони Бонки Ҷаҳонӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳон, маркази таҳқиқотии Henley & Partners ва Дмитрий Коченов, як коршиноси варзидаи масоили шаҳрвандист.

Радиои Озодӣ: Шаҳрвандии Тоҷикистон дар раддабандии шумо дар зинаи 116-ум меояд. Ин натиҷаи хуб аст ё начандон?

Полина Кулешова: Бо дарназардошти инки Тоҷикистон дар байни 182 кишвар дар мақоми ҳамагӣ 116-ум, яъне дар зинаҳои поёнӣ ва байни кишварҳои шаҳрвандиашон начандон мӯътабар қарор дорад, ин кишвар бояд барои боло бурдани эътибораш бояд хеле кӯшиш кунад. Тоҷикистон бояд дар ҷаҳон мавқеи хеле бозтаре бигирад, ҷиҳати боз кардани марзҳои худ ба рӯи хориҷиҳо ва боз кардани кишварҳои хориҷӣ барои сафари бидуни раводид ва бидуни мамониати шаҳрвандони худ ба сурати фаъолтар талош кунад. Бубинед, ки тибқи арзёбии мо, Тоҷикистон дар соли 2001 дар зинаи 102-юм қарор дошт, вале алакай соле баъд то мақоми 109 фаромад, баъд 112 ва инак, имсол дар зинаи 116-ум қарор гирифтааст. Вале омилҳои иқтисодӣ низ ба мавқеи кишварҳо дар ин раддабандӣ таъсири ҷиддӣ доранд ва Тоҷикистонро дар маҷмӯъ роҳи зиёде дар пеш аст, ки шаҳрвандонаш битавонанд бо ифтихор даст ба сина бизананд, ки ман шаҳрванди Тоҷикистонам!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG