Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти беш аз ду даҳсола ва барчидани бузургтарин ҳайкалу нимпайкарҳои "доҳии пролетарҳои ҷаҳон" аз марказҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам беш аз 20 осори нисбатан хурди Шӯравии собиқ дар мактабу назди идораҳои ҷамоат дар вилояти Хатлон боқӣ мондаанд.

Мақомоти ҳизби коммунист мегӯянд, соли 2017 дар арафаи таҷлил аз 100-солагии Инқилоби Октябр тасмим доранд, то ҳама осори замони Шӯравии собиқро тармиму бозсозӣ кунанд.

Ҳайкалу нимпайкараҳои замони Шӯравӣ, шурӯъ аз Карл Маркс то Ленину Сталин ва дигар қаҳрамонони вақт, ки ифтихорӣ буданд, ба гӯшаи фаромӯшӣ ва зери анбӯҳи дарахту буттаҳо монда, тахрибу валангор шудаанд ва ба бозсозӣ ниёз доранд. Ҳайкале дар назди бинои идораи ҷамоати деҳоти “Гарди Гулмурод”-и оҳияи Дӯстӣ ба чеҳраи Владимир Илич Ленин шабоҳат дорад, аммо навиштаи болои он тира шуда ва ҳамакнун касе намедонад, ки муҷассамаи кӣ ҳаст ва чӣ хидмате ба мардум кардааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Муҷассамаи дигар, ки аз ӯ ба унвони “Сарбози бенишон” ном мебаранд, дар назди идораи ҷамоати “Заргар”-и ноҳияи Бохтар воқеъ аст. Ин муҷассама низ ҳоли табоҳ дорад. Сӯҳроб Пиров, ҷавоне, ки дар ҷамоати “Заргар” дар канори як пайкараи даврони Шӯравӣ меистод, гуфт, намедонад ин сарбоз кӣ аст, вале бовар дорад, дар гузашта хидмате кардааст, ки ҳайкалашро гузоштаанд.

Муҷассамаи Ленин дар боғи марказии ноҳияи Шаҳритус аз даст маҳрум шудааст. Аммо дар парк ё Боғи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳайкали зану мард паҳлӯи ҳам ва бо гулчанбар ҷо гирифтааст, ки ба нақли коммунистони таҷрибадор, замоне инҷо “оташи абадӣ” фурӯзон буд ва ёде аз аскари бенишон мекард.

Бо ин ҳам иддае аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа бо дидани ҳайкалу нимпайкараҳои Ленину Сталин ва дигар осор, зиндагӣ дар дар даврони Шӯравии собиқро ба хотир меоранд.

Муҳаббатшо Қодиров, як марди бознишаста аз шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, муҷассамаҳои Ленину Сталин моли таърих аст ва бояд барои насли наврас муаррифӣ шаванд. Ӯ пешниҳод дорад, ки ин осорӣ таърихӣ дар шаҳру навоҳӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ шаванд. "Буданашон хуб ҳаст, мо пайравӣ онҳо будем, чун онҳо буданд, ки ба имрӯз расидем, донишманд шуда ва обод гаштем", - афзуд ӯ.

Бузургтарин ҳайкали Ленин дар Қӯрғонтеппа аз парк ё Боғи марказӣ дар панҷ соли пеш барчида шуда ва ҳоло касе намедонад, ки дар куҷост. Аммо дар дафтари коммунистон дар Қӯрғонтеппа, ки дар хобгоҳи Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон воқеъ аст, чанд нимпайкараи Ленину Сталин ва Карл Маркс гузошта шудааст. Дари ин дафтар баста аст ва коммунистон низ намехоҳанд дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунанд.

Идораи фарҳанги вилояти Хатлон омори дақиқи ҳайкалу муҷассамаҳои Ленин, Сталин, Карл Маркс ва дигари осори он замонро надорад, вале ба иттилои мақомоти ҳизби коммунист, дар саросари кишвар 68 ҳайкалу нимпайкараи Ленин боқӣ мондааст. Мақомоти ҳизби коммунист мегӯянд, соли 2017 дар арафаи таҷлил аз 100-солагии Инқилоби Октябр тасмим доранд, то ҳама осори замони Шӯравии собиқро тармиму бозсозӣ кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG