Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷои Ленинро кӣ гирифт?


Тазоҳуроти дар рӯбарӯи ҳайкали Ленин. Моҳи 16-17 феврали соли 1990.

Тазоҳуроти дар рӯбарӯи ҳайкали Ленин. Моҳи 16-17 феврали соли 1990.

Бисту дувуми апрел зодрӯзи бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва раҳбари ҳизби коммунист Владимир Ленин мебошад.

Бо ибтикори Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ду рӯзи охир дар кишвар маросим ва мулоқотҳое анҷом шуд. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, дар аксари навоҳии кишвар ҷонибдорони ҳизб ва афроди ихлосманд ба Владимир Ленин, зери муҷассамҳои ӯ гул гузошта аз кору зиндагии пешвои худ сӯҳбат карданд.

Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон феълан 66 муҷассамаи Ленин побарҷост ва шумораи нимпайкараҳои доҳии коммунистҳо ба садҳо адад мерасад. Ҷаноби Талбаков гуфт, ҳарчанд муҷассамаву нимпайкараҳои Ленинро аз кӯчаву хиёбонҳои кишвар барчиданд, аммо он нимпайкараву муҷассамаҳо ба манзили мардум роҳ ёфт ва мардуми ихлосманд ба хотири поси доштани номи ӯ, он муҷассамаву нимпайкараҳоро дар манзилашон нигаҳбонӣ мекунанд.

Дар шаҳри Душанбе қаблан 2 муҷассами бузурги Владимир Ленин сохта шуда буд, яке дар Боғи марказӣ, дуввуми дар майдони феълан бо номи Исмоили Сомонӣ. Аммо нимпайкараву муҷассамаҳои кӯчаки Ленин дар назди корхонаву муасиссаҳои таълиму фарҳангӣ насб шуда буд.

Муҷассамаи бузурги назди майдони "Дӯстӣ" (қаблан "Озодӣ"), қурбони таҳаввулоту озодихоҳии Тоҷикистон дар сентябри соли 1991 шуд. Ва мардуми ба шӯр омада дар он рӯзҳо, муҷассамаи доҳиии пролетариатҳоро шикастанд. Муҷассамаи дохили Боғи марказии Душанбе пас аз навсозии ин боғ баркандашуда ва феълан дар хазинаи бадеии муҷассамаҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Дар Шаҳри Хоруғ низ муҷассамаи бузурги Ленинро барканданд, ки феълан дар ҳавлии як сокини ин шаҳр қомат афрохтааст. Соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд бузургтарин муҷассамаи Ленин дар Осиёи Марказиро низ карканда ва ба ҷои он муҷассами Исмоили Сомониро бунёд карданд.

Ба ҳамин тартиб бузургтарин муҷассамаҳои Ленин дар Тоҷикистон мақоми худро ба шахсиятҳои дигари маъруфи ин миллат иваз кард. Аммо оё мардум, ба хусус ҷавонон медонанд, ки дар ҷои ин муҷассаҳои мунаққаши ҳозираи шахсиятҳои маъруфи миллати тоҷик, қаблан муҷассаи кӣ буд. Умуман оё дар бораи Ленин ва шахсияти ӯ маълумот доранд. Ин ҳамаро дар навори видеоии «Озодӣ» бубинед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG