Пайвандҳои дастрасӣ

Пайкараи Ленин, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдат дар Хоруғ барканда шуд, дар ҷойи нав низ худро "ноором" ҳис мекунад. Сокини Хоруғ Кишвар Наврӯзшоев аз мақомот ва раиси ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов хостааст сарнавишти пайкараи Ленинро ҳал кунанд, вагарна ҳаққи соҳиби ба онро аз даст хоҳанд дод.

Кишвар Наврузшоев аз мақомоти ҳукумати маҳаллӣ даъват кард, пайкараи Ленинро, ки чанде боз дар ҳавелии ҷойгир шуда барномаҳои сохтмону тирмими манзилашро баҳам задааст, ба ҷойи намоёнтари шаҳр кӯч диҳанд.

Коммунистон аз "зиёрати доҳӣ" маҳрум мешаванд?

Кишвар Наврӯзшоев ҳушдор додааст, ки агар сарнавишти "доҳӣ" дар наздиктарин фурсат ҳалли худро наёбад ва пайкара ҳамчунон дар ҳавлии ӯ боқӣ бимонад, соҳиби хона онро моли ҳақу ҳалоли худ эълон мекунад. Оқои Наврӯзшоев мегӯяд, омодааст муҷассамаро нигоҳубин ва гирду атрофашро сабз кунад. Аммо дар ҳеҷ сурат иҷозат нахоҳад дод, ки коммунистон ва афроди дигар ба хотири зиёрати пайкараи пешвои пролетариат боғашро поймол кунанд.

Мутахассиси пойгоҳ Савриниссо Акимбекова мегӯяд, вақте, ки масъалаи кӯчодани ҳайкал аз майдони марказӣ ба ҳудуди пойгоҳ ба миён омад, онҳо ба намояндагони мақомоти вилоят гуфтанд, ки ҷойи нави интихобшудаи барои ҳайкали "доҳӣ" моликияти хусусӣ аст ва метавонад мушкилофарин шавад. Аммо мақомот тасмими гузоштани ҳайкал дар макони феълиро дигар накарданд.

Ба гуфтаи Савриниссо Акимбекова, пас аз кӯчидани муҷассама ба манзили нав коммунистҳо танҳо як дафъа бо мошинаи сӯхторхомушкунӣ аз худ дарак дода, "доҳӣ"-ро шустанд ва дигар аз ӯ хабар нагирифтанд.

Аммо раиси бахши вилоятии ҳизби коммунист Хусрав Рақамов мегӯяд, ҳоло, ки ин далел, ки пайкараи Ленин дар ҳавлии шахсӣ ҷойгир шудааст, онҳоро аз ободониии гирду атрофии атрофи он боздоштааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони маҳаллаҳо, ки ба макони нави ҳайкали "доҳӣ" ҳамсоягӣ доранд, довталабона ба ҷамъоварии пул оғоз карданд ва мегӯянд, ки ҳайкали Ленин бояд дар ҷои муносибтар гузошта шавад.

Меҳри Ленин дар дили баъзеҳо ҳанӯз ҷой дорад


Аз сӯи дигар дар ҳоле, ки раҳбари ҳизби Коммунисти вилоят аз фикри кӯч додани пайкара ба ҷойи муносибтар пуштибонӣ кардааст, бархе аз сокинони маҳал, ки аз ҳамсоягӣ бо Ленин хушнуд шудаанд, аз муҷассама ҷудо шуданӣ нестанд. Онҳо ҳатто тасмим доранд, ки исми маҳалли худ Шарикободро ба Ленинобод табдил диҳанд.

Вале сармеъмори шаҳри Хоруғ Некбахт Саидикова эҳтимоли ба ҷои дигар кӯчондани ҳайкалро ғайривоқеъӣ шумурда мегӯяд, ки шӯъбаи асосии мақомоти вилоят барои иҷрои корҳои баркандану насби ҳайкал дар ҷойи нав ва ба ҷояш гузоштани муҷассамаи Сомони зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ масраф кардааст.

Бабзе коршиносон пешгӯи мекунанд, ки агар баҳс бар сари кӯч додан ва ё кӯч надодани пайкара ба дарозо кашад, аз эҳтимол дур нест, ки "доҳии пролетариат" дар зодрӯзи навбатии худ, ки то он вақт моли шахсӣ мешавад, пайравони худро аз паси панҷараи ҳавлии акаи Наврӯзшоев ба сӯи қуллаҳои Коммунизм раҳнамоӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG