Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷарагузорӣ дар атрофи пояи ҳайкали Ленин ва барчидани қисме аз кошинҳои он дар Хуҷанд боиси гуфтугӯҳои сокинон дар бораи ба наздикӣ баркандани ин пайкараи доҳии коммунистҳо гаштааст .

Сармеъмор : «Ҳайкалро намеканем, таъмир мекунем»

Шуъбаи меъмории ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, онҳо на мақсади кандан, балки таъмиру тармими муҷассамаи Ленинро доранд. Олимҷон Ҳайдаров – сардори шуъбаи мазкур ба Озодӣ гуфт, ки тӯли солҳо барои таъмири он маблағ ҷудо намешуд ва қисме аз қошинҳои мармарии он шикаста хароб шуд. Сармеъмори Хуҷанд афзуд, ки муҷассамаи Ленин ҳусни маҷмааи навбунёди варзишӣ дар наздикии онро мекоҳад, аз ин рӯ барои таъмиру тармими муҷассама тасмим гирифта шудааст…

Коммунистҳо: бовар надораем

Коммунистҳои Хуҷанд, ки худро вориси Ленин медонанд, бидуни огоҳонидани онҳо кандани кошинҳои муҷассамаро ба таври дигар маънидод мекунанд.

Ғуфрон Рустамов, раҳбари бахши Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, ки ба маълумоти онҳо, Душанбе ба ҳукумати маҳаллӣ кандани муҷассамаи Ленинро ба таври шифоҳӣ дастур додааст. Аммо мақомоти маҳаллӣ саволи коммунистҳо дар бораи ин ки оё пайкара барканда ё ба ҷои дигар кӯч дода хоҳад шуд, беҷавоб гузоштааст.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл аз маркази ноҳияи Айнӣ шабона як пайкараи хурди Ленин ғайб задааст. Ҳамин тавр, мақомоти ҳукумати Хуҷанд ду моҳ пеш як нишони досу болғаро, ки назди истгоҳи маркази шаҳр ҷойгир буд, барканданд.

Раҳбари коммунистҳои Суғд афзуд, ки бидуни қарори ҳукумат ё раъйпурсӣ баркандани пайкараи Ленинро як амал ғайриқонунӣ меиҳсобад, чунки ин муҷассама дар номгӯи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ворид аст.

Ғуфрон Рустамов ҳамчунин гуфт, гурӯҳи коммунистони фаъол ва собиқадори Хуҷанд тасмим гирифтаанд бо як изҳороти расмӣ ҳукумати маҳаллиро дар ин маврид дар ҷараён гузоранд.

Нишони Тоҷикистон аз пайкараи Ленин баландтар аст

Муҷассамаи Ленин дар соҳили рости рӯди Сири Хуҷанд дар соли 1974 сохта шуда, бо 24 метр баландӣ бузургтарин муҷассамаи доҳии коммунистҳо дар Осиёи Марказӣ ҳисоб мешавад.

Аммо соли 2006 ба ифтихори 15 – умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон дар канори дигари рӯди Сир, пуштгардон ба ҳайкали Ленин нишони давлатии кишвар сохта шуд, ки бо баландии 26 метр гӯйи баландтарин муҷассама дар вилояти Суғдро аз пайкараи Ленин рабуд.

«Беҳтар аст ба қаҳрамонҳои миллӣ пайкара гузошта шавад»

Аммо қисми зиёди сокинони оддии Хуҷанд, зиёиён ва сарони бахшҳои дигар аҳзоби сиёсӣ эҳтимоли баркандани пайкараи Ленинро бо оромӣ қабул кардаанд.

Файзулло Файзиев, раҳбари бахши ҳизби демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Озодӣ гуфт, касби истиқлолияти Тоҷикистон маъруфияти асосгузори давлати шӯравӣ аз байн бурда, дар маркази як шаҳри давлати демократӣ вуҷуд доштани пайкараи асосгузори давлати шӯравӣ ба сиёсати давлат созгор нест. Ба назари вай беҳтар аст ба хотири баланд бурдани рӯҳияи хештаншиносӣ ва меҳанпарастии миллати тоҷик хиёбонҳои ба номи Ленинро табдили ном карда, ба ҷойи пайкараҳои бешумори вай низ муҷассамаҳои қаҳрамонҳои миллӣ гузошта шавад.

Файзиев ёдовар шуд, ки демократҳои Суғд соли 1999 ҷиҳати иваз кардани номи хиёбони марказии Ленин дар шаҳри Хуҷанд ба номи Исмоили Сомонӣ ё Темурмалик ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат карда буданд, аммо аз сӯи мақомот беҷавоб гузошта шуд. Вай афзуд: «Вале ин маънои онро надорад, ки мо ҳайкали Ленинро канда, ба партовгоҳ партоем. Бигзор он чун як ёдгории таърихӣ ба ягон ҷойи муносибтар, масалан ба назди идораи ҳизби коммунист кӯчонида шавад.»

Таърихчаи навини номивазкуниҳо дар Хуҷанд

Моҳи декабри соли 1990 ба маркази вилояти Суғд номи таърихии Хуҷанд ба ҷои Ленинобод бо баргузории раъйпурсӣ баргардонида шуд. Соли 2001 бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вилоят номи Суғдро гирифт.

Баъдтар, дар соли 2008 аз номҳои се нашрияи ҳукуматии «Ҳақиқати Ленинобод», ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбакӣ чоп мешавад, калимаи «Ленинобод» партофта шуд ва ҷойи онро низ «Суғд» гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG