Пайвандҳои дастрасӣ

Ленин дубора ба саҳна баргашт, дар маркази Темурмалик


Ҳайкали Ленин дар Темурмалик

Ҳайкали Ленин дар Темурмалик

Ҳукумати ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон муҷассамаи "доҳии пролетарҳои тамоми ҷаҳон" Владимир Ленинро дар майдони марказии ин ноҳия тармим кардааст.

Масъулони ҳукумати ноҳияи Темурмалик рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои тармиму бозсозии муҷассамаи Ленин маблағи 1 500 доллар сарф шудааст. Ба гуфтаи масъулон, Ленин, ки асосгузори давлати Шӯравӣ буд ва муҷассамаи вай дар ноҳияи Темурмалик бо пули мардум бунёд шудааст, беҳтар аст, ободу зебо бимонад.

Исмоил Талбаков, муовини раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон, ки зодаи ноҳияи Темурмалик аст, мегӯяд, муҷассамаи Владимир Ленин ба ибтикори раиси ноҳияи Темурмалик - Мирзохон Гулмадзода ва бо кӯмаки мардуми ин ноҳия тармиму бозсозӣ шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, иқдоми ҳукумати ноҳияи Темурмалик боиси дастгирист ва нишонаи гуманизм мебошад.

Ҳайкали Ленин дар Кӯлоб баъди тармими "косметикӣ"

Ҳайкали Ленин дар Кӯлоб баъди тармими "косметикӣ"

Муҷассамаи Владимир Ленин дар майдони марказии ноҳияи Темурмалик дар як таҳкурсии баландиаш на камтар аз 10 метр гузошта шудааст. Тармиму бозсозии муҷассамаи Ленин дар майдони марказии ноҳияи Темурмалик дар ҳолест, ки рӯзи 22 апрел зодрӯзи 144-уми "доҳии пролетарҳои тамоми ҷаҳон" таҷлил мешавад. Ба ин муносибат, Исмоил Талбаков мегӯянд, ки рӯзи 22 апрел маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаву нимпайкараҳои Владимир Илич Ленин дар саросари кишвар сурат мегирад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттилои ҷаноби Исмоил Талбаков, ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 66 муҷассамаву нимпайкараҳои Ленин боқӣ мондааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксари навоҳии Тоҷикистон ҳайкалҳои Ленинро гирифта ва ҷои онҳо муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ ва дигар чеҳраҳои миллӣ гузошта шуданд.
Кандани ҳайкали Ленин дар Хуҷанд. 31 майи соли 2011

Кандани ҳайкали Ленин дар Хуҷанд. 31 майи соли 2011

Баландтарин ҳайкали Ленин дар Тоҷиикистон дар шаҳри Хуҷанд аст, ки қариб 40 метр баланд аст. Вале баъди дар маркази Хуҷанд гузоштани ҳайкали Исмоили Сомонӣ муҷассамаи Ленинро ба як гӯшаи шаҳр интиқол доданд. Ҳамин тавр, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷои ҳайкали Ленин ҳайкали асосгузори адабиёти форсу тоҷик ва дар ноҳияи Румӣ ҳайкали Мавлавиро гузоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG