Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Охирин ҳайкали Ленинро дар Шаҳритус канданд


Муҷассамаи Ленин дар ноҳияи Шаҳритус. Акс аз бойгонӣ.

Муҷассамаи Ленин дар ноҳияи Шаҳритус. Акс аз бойгонӣ.

Охирин муҷассамаи пешвои коммунистон ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шаҳритус барчида шуд. Ин баландтарин ҳайкали Ленин дар минтақаи Хатлон буд.

Муҷассамаи пешвои коммунистон Владимир Илич Ленин ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Шаҳритус канда шуд. Ин охирин ва баландтарин ҳайкали Ленин дар минтақа буд ва аз соли 1980 ба ин тараф маркази ноҳияи Шаҳритусро "зеб" медод.

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Шаҳритус мегӯянд, ки то ин дам ҳайкали Ленин дар маркази ин ноҳия ҳамчун осори замони Шӯравӣ нигоҳ дошта мешуд ва ҳоло онро барчида ва ба ҷамоати деҳоти "Обшорон" бурдаанд.

Маҳмадсаид Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо иҷозатномаи вазорати фарҳанг ва як комиссияи муштарак, ин ҳайкалро, ки дар маркази ноҳия буд, канданд. Вай афзуд, ки ин муҷассама ба ҷамоати Обшорон бурда шудааст ва пас аз тармим, дар онҷо дубора бардошта хоҳад шуд.

Аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки ҳарчанд дар ин ноҳия аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон кам нестанд, аммо ба кандани ҳайкали Ленин мухолифате нишон надодаанд.

То чанд соли пеш муҷассамаҳои Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ҳанӯз зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленинро бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ё Рӯдакӣ ва Мавлавӣ иваз карда шуданд.

Аммо нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG