Пайвандҳои дастрасӣ

Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бо таъини Озода Раҳмон ба мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президент талаботи моддаи 9-и қонуни зидди коррупсия нақз нашудааст.

Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии раисиҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, таъини Озода Раҳмон - духтари Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президент қонунӣ донист. Ӯ рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарии мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, ки дар таъини Озода Раҳмон талаботи моддаи 9-и қонун "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" нақз нашудааст. Ин моддаи қонун хизмати якҷоя, бахусус ҳисоботдиҳанда будани мансабдорро ба хешовандони наздикаш манъ мекунад.

Содиқ Шоҳназаров

Содиқ Шоҳназаров

​Аммо Содиқ Шоҳназаров гуфт, ки Озода Раҳмон ба ҳайси раиси дастгоҳи иҷроия бевосита ба нахуствазир итоат мекунад, на ба падараш, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. "Бинобар ин, дар ин ҷо ягон талаботи қонун поймол нашудааст," -- афзуд ӯ.

Озода Раҳмон, духтари 38-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 январи соли ҷорӣ раҳбари нави дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуда, дар ин мақом Бахтиёр Худоёрзодаро иваз кард. Ӯ то замони раиси дастгоҳи иҷроия шуданаш ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ кор мекард,

Озода нахустин зани тоҷик аст, ки раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Аммо таъини ӯ ба ин мақом на ҳамчун нахустин зан, балки ҳамчун духтари Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи умумро ҷалб кард. Ин духтари раисиҷумҳур собиқаи кори дипломатӣ дорад. Солҳои 2004-2006 ҳамзамон бо таҳсил дар Амрико, дар сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, ба кор оғоз кардааст. Пас аз анҷоми таҳсили дусола дар Амрико ба ватан баргашт ва сардории раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Ин замоне буд, ки чеҳраи Озода Раҳмон расонаӣ шуд ва худаш ҳам дар нишастҳои расмӣ зоҳир шуда, суханронӣ мекард.

Соли 2009 муовин ва соли 2014 муовини аввали ин вазорат таъин гардид. Ӯ рутбаи “сафири фавқулода ва мухтор”- баландтарин рутбаи дипломатӣ дошта, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст. Озода дар соли ​2012 дар мавзӯи “Рушди ҳуқуқу озодиҳои занон дар солҳои 1917-2011 дар Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Ҳамкоронаш дар Вазорати корҳои хориҷӣ аз ӯ ҳамчун як зани ҳалиму хоксор ва кордону коргар ёд мекунанд. Ӯро донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ медонанд. Аммо мунтақидонаш боло рафтанаш дар зинаҳои мансабро на ба донишу малакаи ӯ, балки бештар ба шахсияти падараш рабт медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст.

Муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидзода низ аз хешони наздики оқои Раҳмон буда, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки Тоҷикистон ва бино ба гуфтаи афроди огоҳ, тиҷорати алюминий - фаровардаи ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии ин кишварро дар даст дорад. Ҷамолиддин Нуралиев, ҳамсари Озода Раҳмон муовини аввали раиси Бонки миллист. Ӯ дар гузашта муовини вазири молияи Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG