Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилди 26-уми китоби президент


Ҷилди 26-уми китоби Илҳом Алиев
Ҷилди 26-уми китоби Илҳом Алиев

Дар як ҳафтаи охир дар Озарбойҷон ду ҷилди навбатии китоби президент Илҳом Алиев аз чоп берун шуд. Аксари президентҳои Шӯравии собиқ нависандагони пурмаҳсул будаанд.

Рӯзи 28 январ дар нашриёти давлатии “Озарнашр” ҷилди 26-уми китоби раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо номи “Инкишаф мақсадимиздир” ( “Инкишоф – мақсади мо”) чоп шуд. Ҷилди 25-уми ин китоб тоза рӯзи 21 январ нашр шуда, дар маҷмӯъ танҳо дар 4 моҳи охир алакай 5 ҷилди нави китоби “Инкишоф – мақсади мо”-и президент Алиев, ба таъбири маъруф дар байни ноширон, “ба дасти хонандагон расидааст.”

Ин китобҳо маъмулан матни суханрониҳои Илҳом Алиев дар мулоқоти ҷаласаҳои мухталиф – аз расми ифтитоҳи мактаб дар канори Боку то ҷаласаи кобинаи вазирон, аз рҳокорҳои низои Қаробоғи кӯҳӣ то мусоҳибаҳои Алиев бо расонаҳоро дар бар мегирад. Дар ҷилди 25-уми “Инкишоф – мақсади мо” аз ҷумла матолиби марбут ба мулоқоти музокираҳои Илҳом Алиев бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари ӯ ба Боку низ ҷо ёфтааст.

Зардушт Ализода
Зардушт Ализода

Аммо Зардушт Ализода, таҳлилгари масоили сиёсии Озарбойҷон рӯзи 28 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар асл ин китобҳо хонанда надоранд, балки ба сурати иҷборӣ байни идораҳои давлатӣ тақсим карда мешаванд. Зардушт Ализода чунин ҷилд-ҷилд нашр кардани китобҳои Илҳом Алиевро бахше аз сиёсати шахспарастӣ меномад, ки мансабдорону атрофиёни президенти Озарбойҷон барои ширин кардани худ дар чашми ӯ ба роҳ андохтаанд: “Мехоҳанд ба мардум нишон диҳанд, ки Илҳом Алиев шабу рӯз дар фикри онҳост – ҳам ба кишвар раҳбарӣ мекунад, ҳам лентаҳои биноҳои навро мебурад ва ҳам китоб менависад. Як навъ “супермен”-ест, ки 24 соат дар шабонарӯз ба таври хастагинопазир кор мекунад. Дар асл ин як гурӯҳи хушомадгӯёнанд, ки ба ҷои ӯ китобу ҳатто рисолаҳои “илмӣ” менависанд.”

Аз фурудгоҳи Алиев бо хиёбони Алиев ба Қасри Алиев

“Китобнависӣ” танҳо намунаи шахспарастӣ дар Озарбойҷон нест. Дар ин кишвар метавон тақрибан дар сари ҳар қадам портретҳои алоҳидаи Илҳом Алиев ё ҳамроҳи падараш Ҳайдар Алиевро вохӯрд. Илҳом Алиеви феълан 54-сола, ки дар соли 2003 қудратро аз падараш мерос гирифта буд, бештар парастиши шахси падарашро ба роҳ гузоштааст. Хиёбонҳои асосии Боку ва шаҳрҳои дигар, ҳамин тавр, фурудгоҳи пойтахт ва чандин кӯчаву ҷодаву театру қаср дар Озарбойҷон номи Ҳайдар Алиевро доранд. Як хабарнигори хориҷӣ сафарномааш аз Озарбойҷонро ҳатто дар як ҷумла хулоса карда буд: “Дар фурудгоҳи Ҳайдар Алиев фаромадем, аз хиёбони Ҳайдар Алиев ба марказ рафтем, дар Қасри Ҳайдар Алиев ҷаласа оростем...”

Падару писар Алиевҳо дар як акси тарғиботӣ
Падару писар Алиевҳо дар як акси тарғиботӣ

Дар соли 2013 Фарҳангистони улуми Озарбойҷон ҳатто департаменти алоҳидаеро бо номи “алиевшиносӣ” боз кард, ки дар он дастикам 13 ходими илмӣ машғули таҳқиқи ҳаёт ва осори Ҳайдар Алиеванд.

Зардушт Ализода мегӯяд, парастиши шахси раҳбари аввал ва “китобнависӣ” аз номи ӯ хоси аксари кишварҳои пасошӯравӣ шудааст: “Русияро бубинед, парастиши ВВП (лақаби Владимир Путин) то куҷо хестааст? Беларус, ки бо шарофати “батка” Аляксандр Лукашенка ба як совхози бузург табдил ёфт. Айни ҳокимпарастиро метавон дар Қазоқистону Тоҷикистон дид, ки раҳбарони аввалашонро “пешвои миллат” эълон кардаанд. Дар Узбакистон низ вазъ чунин аст. Туркманистон-ку дар ин масъалаи ҷои гап надорад. Ҳокимон дар ин кишварҳо ҳам раҳбарӣ мекунанд, ҳам китоб менависанд ва ҳатто барои кашфиётҳои илмӣ ҳам вақт меёбанд. Ҳарчанд ҳама медонад, ки ба ҷои онҳо дигарон менависанд.”

Имтиҳони ронандагӣ аз китоби президент

Таҷлили солгарди 10-уми таълифи "Рӯҳнома". Акс аз соли 2011
Таҷлили солгарди 10-уми таълифи "Рӯҳнома". Акс аз соли 2011

Дар масъалаи китобнависӣ пештозтар аз ҳамаи президентҳо раҳбарони Туркманистонанд. Ду ҷилд “Рӯҳнома”-и раисиҷумҳури фақиди ин кишвар Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ ҳатто ҳамчун фанни алоҳида дар мактабҳои миёнаву олии Туркманистон таълим дода мешуд ва мардум ҳатто барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ маҷбур буданд, аз “Рӯҳнома” имтиҳон супоранд. Ниёзов дар соли 2007 аз дунё рафт ва раисиҷумҳури нав Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов хеле аз намунаҳои шахспарастии ӯ, бо шумули имтиҳон аз “Рӯҳнома”-ро аз байн бурд.

Вале худи Бердимуҳаммадов ҳам як “нависанда”-и хеле фаъол ба назар мерасад. Ба ҷуз аз масоили иқтисодӣ, ӯ муаллифи 5 ҷилд китоб дар бораи растаниҳои шифобахши Туркманистон, як китоби энсиклопедӣ дар бораи асппарварӣ ва таърихи аспи ахалтекин, як китоби илмӣ дар бораи қолинбофӣ буда, 2 шеър ва як повести бадеӣ бо номи “Мурғи бахт” ҳам нашр кардааст.

“5 тамоюл”-и Каримов ва “Модели Назарбоев”

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ба фарқ аз ҳамтоёнаш дар минтақа майли чандоне ба навиштан надорад ва ҳамчун муаллиф аз номи ӯ танҳо 5 ило 6 китоби хурд, аз ҷумла “Узбакистон дар остонаи асри 21” ва “5 тамоюли рушди Узбакистон” нашр шудааст.

Намоиши китобҳои Назарбоев дар Китобхонаи миллии Қазоқистон
Намоиши китобҳои Назарбоев дар Китобхонаи миллии Қазоқистон

Дар Қазоқистон дар баробари китобҳои бешумори худи раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев дар атрофи парастиши шахси ӯ як бозори дигар – навиштани китобҳо дар бораи Назарбоев - ҳам авҷ гирифтааст. Ҳар сол дар Рӯзи Президенти нахустин, ки дар Қазоқистон 1 декабр таҷлил мешавад, дар Китобхонаи миллии ин кишвар ҳатто намоишгоҳи махсуси китобҳо дар бораи Назарбоевро доир мекунанд. Аз ин сабқати таърифу тавсифи президент ҳатто мансабдорони аввали давлати ӯ дар канор намондаанд. Сарвазир Карим Масимов дар бораи Назарбоев китоби алоҳидае бо номи «Модель Назарбаева: ответ на глобальный вызов» навиштааст ва раҳбари дастгоҳаш Нурлан Неъматуллин ҳамроҳ бо вазири собиқи хориҷа Қаноат Савдобоев китоби дигаре бо номи «Елбасы».

Ҳамин тавр, дар осорхонаи Президенти нахустини Қазоқистон алакай 141 китоби Назарбоевро, ки бо 32 забони дунё нашр шудаанд, дар маърази намоиш гузоштаанд.

“Эъҷози Раҳмон” ва...

Китоби "Корнамоии Эмомалӣ Раҳмон" бо забони беларусӣ
Китоби "Корнамоии Эмомалӣ Раҳмон" бо забони беларусӣ

Дар сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як бахши алоҳидаи китобҳо дар бораи 16 китобе, ки кормандони дастгоҳаш дар бораи Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, маълумот дода шудааст. “Эмомалӣ Раҳмон ва соли тамаддуни ориёӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат”, “Тоҷики оламшумул” ва “Эъҷози Раҳмон” аз ҷумлаи чунин китобҳост. Аммо ин танҳо шаммае аз даҳҳо китобест, ки ҳар сол дар бораи президент Раҳмон менависанд. Моҳи декабр дар як чопхонаи Душанбе ҳатто китоби алоҳидаи шеърҳо дар васфи Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Пешво” чоп шуд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун муаллиф беш аз 20 китоб чоп кардааст, ки умдатаринҳояш - «Аз Ориён то Сомониён», «Тоҷикистон дар оинаи таърих» ва «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» - ба масоили таърихи мардуми тоҷик бахшида шудааст. Бисёре аз китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ба чандин забони хориҷӣ, аз ҷумла ба русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ низ тарҷума шудаанд.

XS
SM
MD
LG