Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

78 соли зиндагӣ ва 27 соли президентии Ислом Каримов


Ислом Каримов дар Самарқанд. Ноябри соли 2015

Ислом Каримов дар Самарқанд. Ноябри соли 2015

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов - кӯҳансолтарин президент дар паҳнои Шӯравии собиқ - рӯзи 30 январ ба синни 78 мерасад.

Рӯзи 30 январ раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов 78-сола мешавад. Ислом Каримов кӯҳансолтарин раҳбари кишвар натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми паҳнои пасошӯравист. Каримов аз раисиҷумҳури 76-солаи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 2 сол, аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қариб 15 сол, аз раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 18 сол ва аз ҷавонтарин президенти минтақа – раисиҷумҳури 59-солаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 19 сол умри бештар дорад.

Ислом Каримов ҳамроҳ бо Нурсултон Назарбоев ҳамин тавр, раҳбари аз ҳама дарозумр дар паҳнои пасошӯравӣ ба шумор мераванд. Ҳардуи онҳо соли 1989, вақте ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, ба мақоми котиби якуми кумитаҳои марказии ҳизби коммунисти Узбакистон ва Қазоқистон расиданд ва инак, 27 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар ин ду кишвари аз нигоҳи иқтисоди аз ҳама қудратманд ва пураҳолитарини Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунанд.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, ибтидо Донишкандаи политехникии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкандро бо ихтисоси “инженер-механик” ва сипас Донишкандаи хоҷагии халқи Тошкандро бо ихтисоси “иқтисоддон” хатм кардааст.

Каримов собиқаи кориашро соли 1960 ба ҳайси ёвари усто дар корхонаи “Тошселмаш” сар карда, соли 1961 ба ҳайси инженер ба корхонаи ҳавопаймосозии Тошканд мегузарад.

Аммо Ислом Каримов хеле зуд ба кори ҳизбӣ гузашт ва ба қавли тарафдоронаш, ҳама зинаҳои мансабро қадам ба қадам тай кард. Соли 1983 Каримов вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 ибтидои раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд.

Рафиқ Нишонов

Рафиқ Нишонов

Дар тобистони соли 1989 дар пайи раиси Шӯрои Миллатҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудани раҳбари қаблии Узбакистон Рафиқ Нишонов Ислом Каримов ба курсии котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти ин ҷумҳурии ҳанӯз тобеъи Маскав нишаст.

24 марти соли 1990 Ислом Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ӯ ҳамин тавр, соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон ширкат кард ва бо касби 86 дарсади овозҳо бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк” шоир Салай Мадаминов, мутахаллис ба Муҳаммад Солиҳ, ки бино ба натиҷаҳои расмии он интихобот, ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард, ғолиб омад.

Муҳаммад Солиҳ, ки баъди он интихобот таҳти таъқиб қарор гирифт ва соли 1993 маҷбур ба тарки Узбакистон шуд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, инки Каримов дар интихоботи соли 1991 бо истифода аз тақаллуб “ғалаба” кард, ҷои баҳс надорад&

Муҳаммад Солиҳ

Муҳаммад Солиҳ

Ӯ мегӯяд: “Тақаллуб ва дахолати маъмурӣ – ин буд ду василаи асосие, ки пирӯзии Каримовро таъмин кард. Ба ҳисоби мо, беш аз 50 фоизи овозҳо тақаллуб шуда буд. Ҳатто 3 сол пеш, бо гузашти 22 сол аз он интихобот дар ҳудуди вилояти Ҷиззах аз зери хок тӯда-тӯда баргаҳои овоздиҳиеро пайдо карданд, ки дар он мардум ба ман овоз дода буд. Вале овозҳоеро, ки ба тарафдории ман буд, гӯр карда, сандуқҳои овоздиҳиро бо баргаҳои тақаллубӣ ба тарафдории Каримов пур карданд. Ин ҳам кифоят накард ва барои ҳамин нашри натиҷаҳои интихоботро ҳатто як рӯз ба таъхир гузоштанд. Танҳо баъди он ки ҳама чиз ҳалувал шуд, эълон карданд, ки Каримов 86 ва Солиҳ 12 фоиз гирифтаанд.”

Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Соли 2021, ки мӯҳлати кунунии раёсати ӯ ба поён мерасад, Каримов алакай 83-сола мешавад.

Гулнора ва Лола - ду духтари президент

Гулнора Каримова

Гулнора Каримова

Ислом Каримов ду духтар дорад: Духтари калониаш Гулнора Каримоваи 43-сола то ду соли пеш як вориси эҳтимолии тахти падар шумурда мешуд, вале баъди нашри гузоришҳо дар бораи садҳо миллион доллар порае, ки гӯё ширкати шведии TeliaSonera ва ширкати русии “Вымпелком” танҳо барои роҳ ёфтан ба бозори телефонҳои мобил ва Интернети Узбакистон ба ёрони Гулнора Каримова додаанд, Каримов ин духтарашро ба ҳабси хонагӣ андохтааст.

Духтари дувуми 38-солаи ӯ Лола Тилоева – Каримова, ки намояндаи расмии Узбакистон дар ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ аст, маъмулан кӯшиш мекунад, ки дар маҳзари ом зиёд зоҳир нашавад. Аммо моҳе пеш матбуоти Амрико дар бораи дастикам 4 ҳавлии пуршукӯҳ дар Лос-Анҷелес хабар дод, ки гӯё аз тариқи ширкатҳои марбут ба духтари Каримов харида шудаанд.

Тарафдорони Каримов ҳифзи суботу оромии Узбакистон дар ҳамсоягии кишварҳои ҷангзадаву ҷангдидае, чун Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистони, ба бовари онҳо, дучори беназмиро аз комёбиҳои умдаи раҳбарии ӯ медонанд. Онҳо ҳамин тавр, аз салобат ва сиёсату сахтгирии ӯ тавсиф мекунанд. Аммо мухолифонаш мегӯянд, Каримов дар Узбакистон як режими худкомаи нисбат ба дигарандешон ва мухолифинаш бетараҳҳумеро эҷод карда, ҳазорон нафари норозӣ аз ӯву ҳукуматашро ба зиндонҳо андохтааст.

Муҳаммад Солиҳ ҳамин тавр мегӯяд, Каримов натавонист аз мавқеъияти муносиби ҷуғрофӣ ва имконоти Узбакистон истифода бурда, ин кишварро ба як қудрати муҳими минтақавӣ табдил диҳад.

Як шаби бебарқӣ дар Марғелони Фарғона

Як шаби бебарқӣ дар Марғелони Фарғона

Муҳаммад Солиҳ мӯътақид аст, ки бидуни Ислом Каримов Узбакистон метавонист ба пешрафтҳои хеле бузургтаре ноил шавад: “Узбакистон дар маркази чорроҳаи Осиёи Марказӣ қарор дорад. Агар ӯ муносибатҳоро бо ҳамаи ҳамсояҳо хароб намекард, Узбакистон як нуқтаи муҳим барои транзити молу маҳсулот мешуд ва худи ҳамин мавқеъияти ҷуғрофиаш барои таъмини рушди ин кишвар басанда буд. Вале ҳоло мо чӣ дорем? Муносибатҳо бо ҳама бад, марзҳои баста, як режими таъқибгар ва рӯз то рӯз бадтару бадтар шудани вазъи зиндагии мардум. Бубинед, мардум дар ин кишвари саршор аз конҳои газ, газ надоранд. Барқ дар бисёре аз минтақаҳои Узбакистон имрӯз бо лимит дода мешавад. Дар асри 21!”

"Даст"-ҳои Каримов дар Тоҷикистон

Ислом Каримов аз замони расиданаш ба раҳбарии Узбакистон талош мекард, то нафақат дар ин ҷумҳурӣ, балки дар сиёсати тамоми Осиёи Марказӣ сози аввалро бизанад. Дахолати ӯву ҳукуматаш бахусус дар ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон хеле маҳсус буд. Ӯ дар соли 1992 дар низоъи мусаллаҳонаи байни ҳукумати муросои миллии Тоҷикистон ва Фронти халқӣ аз ҷангиёни Фронти халқӣ пуштибонӣ кард ва дар моҳи декабри соли 1992 нирӯҳои ин тарафи ҷанги Тоҷикистон бо кӯмаки тонку зиреҳпӯшҳо ва тӯпҳои Узбакистон Душанберо ишғол карданд.

Раҳмон ва Каримов

Раҳмон ва Каримов

Аммо дар интихоботи президентии соли 1994 Тошканд дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон аз номзадии сарвазири собиқи ӯ Абдумалик Абдуллоҷонов ҳимоят кард. Душанбе ҳамин тавр, Узбакистонро ба ҳимоят аз се ошӯби мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев дар солҳои 1996, 1997 ва 1998 ва додани паноҳгоҳ ба ин полковники саркаш ва тарафдорони ӯ дар пайи нокомии ин ошӯбҳо айбдор мекунад.

Аъзои ҳайъати мухолифин дар музокироти сулҳи Тоҷикистон дар хотироти худ менависанд, ки Каримов хеле мехост, то тарафдорони Абдуллоҷонов низ ба ҳайси нирӯи сеюм ба ин музокирот ҷалб шаванд. Аммо Русия ин иддаоро напазируфт ва созиши сулҳи тоҷикон моҳи июни соли 1997 танҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ба имзо расид. Баъди канор зада шудани Тошканд аз раванди музокироти сулҳ, саркӯби ин се исёни Худойбердиев, аз мақомҳои баланд барканор шудани афроде, чун раиси собиқи вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов, ки “дасти Тошканд” номида мешуд, фишангҳои таъсири мустақими Каримов ва ҳукумати ӯ ба равандҳои сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон хеле коҳиш ёфт, вале таъсираш аз берун ба таҳаввулоти Тоҷикистон то имрӯз мушоҳида мешавад.

Узбакистон дар соли 2000 ба ин далел ки гӯё ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон аз қаламрави Тоҷикистон ба хокаш ҳамла мекунанд, марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ ва бо ин кишвар низоми раводид ҷорӣ кард. Ҳукумати Каримов ҳамин тавр, дар соли 2009 аз шабакаи умумии нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд, ки боиси шадидтар шудани лимити барқ дар Тоҷикистон гардид. Бар илова, Тошканд содироти газро ҳам ба Тоҷикистон қатъ карда, соли 2012 роҳи Тирмиз – Амӯзанг – танҳои масири роҳи оҳан ба вилояти Хатлонро барчид ва мухолифи шадиди азми Душанбе барои оғози сохтмони нирӯгоҳи Роғун аст.

Бисёри нозирони умур равобити пуртаниши Душанбеву Тошканд дар 20 соли охирро ба бад будани муносиботи шахсии ду раҳбари аввали Узбакистону Тоҷикистон рабт медиҳанд. Муҳаммад Солиҳ мегӯяд, ба беҳбуди равобити Тошканд бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Узбакистон дар аҳди Ислом Каримов умеди чандоне надорад. Таҳлилгарон бо ишора ба синни Каримов мегӯянд, Узбакистон дар як марҳалаи гузариш қарор дорад, ки ин метавонад қартаҳои сиёсиро нафақат дар танҳо ин кишвар, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ куллан тағйир диҳад. Аммо Муҳаммад Солиҳ мегӯяд, “суол ин аст, ки ба ҷои Каримов кӣ меояд? Нафаре ки дар воқеъ барои ислоҳи мероси манфии ӯ талош хоҳад кард? Ваё боз як Каримови дигари мисли ӯ?”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG