Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Салимбойбача" масҷид сохта натавонист


Салим Абдувалиев, мулаққаб ба “Салимбойбача”
Салим Абдувалиев, мулаққаб ба “Салимбойбача”

Мақомоти Узбакистон ба Салим Абдувалиев, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Салимбойбача” машҳур аст, иҷозат надодаанд, то як масҷиди сӯхтаро дар Тошканд бо пули худаш аз нав бисозад.

Салим Абдувалиев, мулаққаб ба "Салимбойбача", як шахсияти маъруф дар олами ҷиноии Узбакистон ва Осиёи Марказӣ, то ҳол натавонистааст барои аз нав сохтани масҷиди "Ҷӯрабек" дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд иҷозати мақомотро ба даст биорад.

Ин масҷид моҳи апрели соли 2015 бар асари расиши ноқилҳо дучори сӯхтор шуда, дар натиҷаи ин офат, 90 дарсади бинояш ба коми оташ рафт. Мақомоти Кумитаи дини Узбакистон дар пайи он сӯхтор гуфта буданд, ки масҷиди "Ҷӯрабек"-ро дар моҳҳои наздик пурра аз нав хоҳанд сохт.

Моҳи май, як моҳ баъд аз сӯхтор сомонаи маҳаллии uzmetronom.com хабар дод, ки масъулияти азнавсозии масҷиди сӯхтаро Салим Абдувалиев бар ӯҳда гирифтааст. Ҳамин сомона ахиран навишт, ки Салим Абдувалиев ба мақсади бузургтар кардани саҳни масҷиди “Ҷӯрабек” се ҳавлии атрофи онро бо нархи аз қимати бозор хеле баландтар – 150-ҳазордолларӣ харидорӣ кардааст. Бино ба гузориши ин нашрия, "бинои нави масҷид назар ба бинои қаблиаш хеле баландтару бузургтар ва тақрибан ҳамсони масҷиди “Минор”, ки бо ташаббуси раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов сохта шудааст, хоҳад шуд."

Аммо раҳбари бахши масоҷид дар Кумитаи дини Узбакистон Муҳаммадбобур Юлдошев дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала ҳанӯз ҳал нашудааст, балки дар дасти баррасӣ қарор дорад: "Масъала омӯхта шуда истодааст. Нақшае таҳия хоҳад шуд, ки азнавсозии масҷид бар асоси ҳамон нақша ба роҳ андохта хоҳад шуд. Азнавсозии масҷид асосан аз тариқи ҳашар, бо кӯшиши худи намозгузорони масҷид анҷом хоҳад шуд."

Ин мақоми Кумитаи дини Узбакистон хабари бо пули Салимбойбача анҷом шудани азнавсозии масҷиди “Ҷӯрабек”-ро тасдиқ ё рад накард.

Майдони холӣ дар макони бинои собиқи масҷиди "Ҷӯрабек"
Майдони холӣ дар макони бинои собиқи масҷиди "Ҷӯрабек"

Хабарнигори маҳаллӣ Абдураҳмон Ташанов, ки бо дархости Радиои Озодӣ аз маҳалли масҷиди “Ҷӯрабек” дидан кард, мегӯяд, дар инҷо ягон навъ корҳои сохтмониро мушоҳида накардааст: "Дар ҷойи сохтмони масҷид ҳатто як фоизи корҳо ҳам анҷом нашудааст. Ҳатто пойдевори биноро ҳанӯз нарехтаанд. Танҳо як майдони холист. Ҳатто пойдевори масҷиди сӯхта ҳам нест. Ҳамаро ба замин баробар кардаанд."

Ду тан аз намозгузорони масҷиди “Ҷӯрабек” низ дар сӯҳбатҳои алоҳида бо Озодӣ гуфтанд, ки тайи як соли охир Салим Абдувалиев дастикам се бор ба ҳукумат муроҷиат кардааст, то ба ӯ аз ҳисоби худаш барқарор кардани ин масҷидро иҷозат диҳанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, ӯ то ҳол чунин иҷозатро ба даст оварда натавонистааст.

Сурат Икромов, коршиноси умури Узбакистон дар Тошканд, мегӯяд, ки "Салимбойбача" мехоҳад бо иҷрои ин кор дар миёни мардум эътибори худро чун шахси хайрхоҳ боло бибарад. "Аз қадим ҳар касе, ки масҷид сохтааст, он масҷид бо номи вай боқӣ мондааст. Ин корро одамони сарватманд мекунанд ва барои он пули вай сарф мешавад. Барои ҳамин мардум мегӯянд, масҷиди фалонӣ. Дар ислом ин кори савоб аст, боз ҳам агар масҷид дар сӯхтор нобуд шуда бошад. Вале барои чӣ ба мақомот ин кор писанд нест, ман ҷавоб гуфта наметавонам," -- афзуд ӯ.

Салим Абдувалиев, мулаққаб ба “Салимбойбача”, дар баробари Ғафур Раҳимов, мулаққаб ба “Ғафурбойбача” ва Олимҷон Тӯхтаохунов, мулаққаб ба "Тайванчик" аз машҳуртарин намояндагони олами ҷиноии Узбакистон номбар мешаванд.

Дар солҳои охир Салимбойбача ба яке аз соҳибкорони пурнуфуз дар асари тиҷорати Узбакистон табдил ёфта, ҳамзамон бо дасти хайру саховатмандӣ ва ихтисоси маблағҳои бузург барои барномаҳои хайрия маъруф шудааст.

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, Салимбойбача сарпарасти як идда аз ситораҳои ҳунари Узбакистону Русия низ ҳаст.

Кобзон дар тӯйи набераи Салим-бойбача
Кобзон дар тӯйи набераи Салим-бойбача

Дар соли 2014 дар тӯйи арӯсии Малика Абдувалиева – набераи Салимбойбача дар тӯйхонаи мӯҳташаме бо номи "Гранд Осиё" дар Тошканд ситораҳои шоубизнеси Русия, аз ҷумла Иосиф Кобзон ва Николай Басков ва овозхонҳои саршиноси Узбакистон Фаррух Зокиров¸ Наргис Зокирова¸ Юлдуз Усмонова ва Севара Назархон ҳунарнамоӣ карданд. Соқӣ ва барандаи тӯй – яке аз раҳбарони Шабакаи аввали телевизиони Русия Валдис Пелш будааст.

XS
SM
MD
LG