Пайвандҳои дастрасӣ

Як манбаъи наздик ба Салим Абдувалиев аз Италия ба бахши узбакии радиои Озодӣ занг зад ва хабар дод, ки Салим Абдувалиев Узбакистонро тарк кардааст ва ҳоло дар Италия қарор дорад.

Ин занги телефонӣ дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки Абдувалиев вақтҳои ахир аз ҷониби додситонӣ ва Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон дар робита бо парвандаи Беҳзод Аҳмадов - раиси пешини “МТС-Узбекистан” мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Мақомоти додситониву амниятии Узбакистон тахмин мезананд, ки Абдувалиев ба Беҳзод Аҳмадов барои фирор кӯмак кардааст.
Абдувалиев ҳамзамон раиси Федератсияи гуштии Узбакистон аст. Дар посух ба занги телефонии радиои Озодӣ дар ин федератсия гуфтанд, ки Абдувалиев ба хориҷ сафар кардааст ва замони бозгашти вай маъум нест.

ЧАРО “САЛИМБОЙБАЧА”–РО ҲУКУМАТ “ЧАП” ГИРИФТ?

Камолдиддин Рабимов-таҳлилгари умури Узбакистон дар Фаронса мегӯяд, баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар аввалҳои солҳои 1990 дар Узбакистон раванди хусусӣ Камолиддин Рабимов

Камолиддин Рабимов

кардани корхонаҳо ва ташккули бахши хусусии моликият оғоз ёфт ва аз ҳамон оғоз Ғафур Раҳимов бо номи мустаори “Ғафурбойбача” ва сипас Салим Абдувалиев бо номи мустаори “Салимбойбача” пешдаст буданд.

Онҳо тавассути афроди худ дар ниҳодҳои интизомӣ содирот ва воридоти ҳамаи молҳои мавриди ниёзи аввалияи Узбакистонро ба назорати худ дароварданд ва бо ҳукумат наздик буданд. Онҳо дар тиҷорати минтақа ва доду гирифт дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ бо ҳимояти баъзе ниҳодҳо нуфузи худро ҷорӣ карда буданд. Бо такя ба баъзе арзёбиҳо, оқои Рабимов тахмин мезанад, ки дороии ҳар кадоме аз ин ду “олигарх” мумкин аст ба чандсад миллиард доллар бирасад.

Баъд аз сард шудани муносибати Ғафур Раҳимов бо Гулнора Каримова - духтари бузурги раиси ҷумҳури Узбакистон вай соли 2010 кишварро тарк кард ва то ҳол маҳали иқоматаш номаълум аст. Эҳтимол меравад, ки Ғафур дар Русия ва ё дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба сар барад. Дар Узбакистон одамони наздик ба вай ва ҳатто баъзе аз хешовандонаш боздошт ва ба зиндон андохта шудаанд.

Аммо Салимбойбача то охир талош кардааст, ки муносиботи хуби худро бо ҳукумат нигоҳ дорад. Бо вуҷуди ин, баъд аз бастани бузургтарин ширкати телефонии “МТС-Узбекистан” ва фирори Беҳзод Аҳмадов - раиси ин ширкат дар муносиботи хуби вай бо ҳукумат дар миёнаи соли 2012 рахна пайдо шуд. Ин ширкат бештар аз 10 миллион нафар муштарӣ дошт ва бештар аз 65 дарсади бозори телефонҳоро контрол мекард.

​Оқои Рабимов бо такя ба маълумоти манобеи огоҳ ба радиои Озодӣ гуфт, ки Беҳзод Аҳмадов қабл аз фирор бо Салим Абдувалиев мулоқот ва аз вай дархост кардааст, ки барои фирор ба вай кӯмак кунад. Салим барои кӯмак аз вай “маблағи ҳангуфт” низ гирифтааст. Он вақт Абдувалиев аз доманаи васеи моҷарои Аҳмадов огаҳӣ надошт.

Аз он вақт то ба ҳол мақомоти интизомии Узбакистон ба Адбувалиев ба ҳар роҳе фишор меоранд, то вай Аҳмадовро пайдо ва ба Узбакистон баргардонад. Масъалаи Беҳзод Аҳмадов ва “МТС-Узбекистан”-и вай ба масъалаи сиёсии миёни Узбакистон ва Русия мубаддал гаштааст ва то ҳол ба ҷое нарасидааст. Ба ин далел Салим Абдувалиев бидуни ихтиёр “гаравгон”-и чунин вазъи пешомада шуд, гарчӣ бо афроде дар ҳукумат “наздик” аст.

“САЛИМБОЙБАЧА”-РО ДАР ТОҶИКИСТОН МЕШИНОСАНД

“Салимбойбача"-ро дар баъзе аз доираҳои Тоҷикистон низ хуб мешиносанд. Вале аз сӯҳбат дар бораи вай худдорӣ мекунанд. Фақат ин нукта рӯшан аст, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 Додситонии кулли Тоҷикистон ба эҳтимоли даст доштани Салим Абдувалиев дар ин ҳодисаҳо вайро мавриди бозпурсӣ қарор додааст.

Солеҳҷон Ҷӯраев

Солеҳҷон Ҷӯраев

Солеҳҷон Ҷӯраев - собиқ додситони кулли Тоҷикистон ин нуктаро таъйид кард ва гуфт, ки гурӯҳе ташкил шуда буд ва Абдувалиевро бозпурсӣ кардаанд ва худи вай низ дар ин бозпурсӣ ширкат кардааст. Оқои Ҷӯраев мегӯяд, дар натиҷаи бозпурсӣ маълум шуд, ки Абдувалиев ба ин ҳодисаҳо рабте надоштааст.

Вале дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон Абдувалиев на ба таври мустақим, балки тавассути “ёрони хурдиаш” дар минтақа бо Ёқуб Салимов ва Ибод Бойматов-фармондеҳони пешини “Фронти Халқӣ” ва чанд нафари дигар “ҳамкорӣ” доштааст. Эҳтимол меравад, ки Абдувалиев дар таъйини Ибод Бойматов ба мақоми раиси ноҳияи Турсунзода нақш дошта бошад.

НАЗДИКИИ “САЛИМБОЙБАЧА” БО ШАХСИЯТҲОИ БОНУФУЗИ
ТОШКАНД


Абдувалиев бо Исмоил Ҷӯрабеков - мушовири пешини давлатии раиси ҷумҳур, бо Зокир Алматов - вазири пешини корҳои дохила ва бо хадамоти амниятӣ ҳамкории наздик дошт.

Алишер Азизхоҷаев-муовини пешини нахуствазири Узбакистон ва Салим Абдувалиев

Алишер Азизхоҷаев-муовини пешини нахуствазири Узбакистон ва Салим Абдувалиев

Ҷон Пурнелл - сафири пешини Амрико дар Узбакистон дар яке аз номаҳои дипломатии худ дар бораи Абдувалиев навишта буд, ки Абдувалиев дар хариду фурӯши курсиҳои раҳбарӣ дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ даст дошт. Вай ҳамчунин дар озмунҳои давлатӣ сармоягузорони билқувварро пайдо мекард ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои таъйид ба Гулнора Каримова мебурд.
Темур Тиллоев - шавҳари Лола Каримова, яъне духтари хурдии раиси ҷумҳури Узбакистон аз хешовандони Салим Абдувалиев аст ва вай то ҷое “қудо”-и Ислом Каримов низ ба шумор меравад.

Камолиддин Рабимов бо назардошти пешинаи қаввӣ ва наздикии Абдувалиев бо мақомот пешбинӣ мекунад, ки Абдувалиев муваққатан Узбакистонро тарк кардааст ва ба мақомоти Узбакистон ба қавле “аломат” додааст, ки муносибатро бо вай тағир диҳанд. Ба ҳамин далел мақомоти ин кишвар саъй хоҳанд кард, ки бо Абдуваалиев “забон” ёбанд ва вайро ба кишвар баргардонанд.

Аммо масъала ин аст, ки баъд аз бозгашт оё Абдувалиев паси панҷара нахоҳад рафт? Рабимов мегӯяд, ки чунин кор ба ҳукумати Узбакистон суд намеорад ва Ислом Каримов хуб медонанд, ки набояд ҳамаи “олигарх”-ҳоро ба зиндон андозанд ва ё “авторитет”-ҳо Узбакистонро тарк кунанд, зеро дар чунин ҳолат онҳо бар зидди ҳукмат ҷабҳа мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG