Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Ислом Каримовро дар Самарқанд ба хок супурданд


Ибодулло Каримов, бародари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримовро рӯзи 25 декабр дар Самарқанд ба хок супурданд.

Ҷанозаи Ибодулло Каримов, бародари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 25 декабр дар қабристони назди маҷтамаи таърихии "Шоҳи зинда"-и шаҳри Самарқанд ба хок супурда шуд. Ибодулло Каримов, ки 91 сол дошт, шаби 24 декабр вафот кард.

Ислом Каримов дар маросими дафни бародараш ширкат кард ва ба гуфтаи шоҳидон, ба ин далел, ин маросим таҳти чораҳои шадиди амниятӣ доир шуд. Шоҳидон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳаллаи Наврӯзии шаҳри Самарқанд, ки Ибодулло Каримов онҷо зиндагӣ мекард, ва ҳамин тавр, тамоми роҳ аз ин маҳалла бо оромгоҳи "Шоҳи зинда" пур аз маъмурони амниятӣ ва милиса буд ва равуои мардум ва нақлиётро дар ин ҷодаҳо барои чанд соат маҳдуд карданд.

“Шоҳи зинда” як оромгоҳи таърихист, ки дар наздикии овори шаҳри бостонии Афросиёб ҷойгир шуда, манзили охирати амирону амирзодагон ва ашрофзода ба шумор меравад. Маъруфтарин мазор дар ин оромгоҳ гӯри Қусом Ибн Аббос аст, ки бино ба ривоятҳо, гӯё бародарзодаи Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) мебошад.

Ибни Аббосро мардуми маҳаллӣ “Шоҳи зинда” ном мебаранд ва исми оромгоҳ низ аз ҳамин ривоятҳо гирифта шудааст. Ибни Аббос аз нахустин мубаллиғони дини Ислом дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва бо шарофати ӯ оромгоҳи “Шоҳи зинда” як макони зиёрати мардум боқӣ мемонад.

Ислом Каримов соли 2009 барои ширкат дар маросими дафни додараш Хуршед ба Самарқанд омада буд ва ҳудуди 20 дақиқа дар ин маросим, ки таҳти табдирҳои шадиди амниятӣ гузашт, ширкат кард. Хуршед Каримов дар синни 61 баъд аз бемории шадид аз дунё рафт ва ӯро низ дар қабристони назди маҷтамаи "Шоҳи зинда" ба хок супурданд.

Гуфта мешавад, Хуршед ҳанӯз дар овони тифлӣ аз бом афтида, зарб хӯрд ва кӯзапушт буд. Ӯ дар кӯчаи 8 марти шаҳри Самарқанд, дар пушти масҷиди Бибихонум зиндагӣ мекард. Маматқул Мухторов, як ҳомии ҳуқуқи маҳаллӣ баъди даргузашти Хуршед Каримов ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, падару модари Каримов низ дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекарданд: “Падари Каримов соли 1967 ва модараш соли 1982 вафот карданд. Хуршедро дар соли 1995 барои кадом қарордоди бонкӣ ба ҷавобгарӣ кашиданд ва милиса ӯро бурд. Аммо баъде ки гуфтанд, ин бародари Ислом Каримов аст, аз Хуршед узр пурсиданд ва зуд ҷавобаш доданд. Аз он замон ӯ ягонҷо кор намекард.”

Ислом Каримов 4 бародар ва як хоҳар дорад, вале Ибодулло охирин бародари ӯст, ки инак, вай ҳам аз дунё рафт. Ибодулло Каримов дар Донишкадаи савдои Самарқанд дарс мегуфт ва ҳамсараш табиб буд. Ба гуфтаи Маматқул Мухторов, Ислом Каримов гоҳо пинҳо ба аёдати бародараш меомад: “Бародари Каримов зиндагии хуб дошт. Ӯ дар ҷои манзиле, ки аз волидонаш монда буд, хонаи наву зебое сохт. Ҳар вақт ки Каримов ба ҳокимони Самарқанд занг мезад, онҳо бародари ӯро бо тамоми чизи лозим таъмин мекарданд.”

Ҳомии ҳуқуқи узбак Толиб Ёқубов, ки ҳоло дар Фаронса ба сар мебарад, мегӯяд, Ислом Каримов ҳеҷ гоҳ бо аҳли хонаводааш равобити гарму наздик надошт: “Равобити онҳо хуб набуд. Вақте падари ӯ Абдуғанӣ Каримов даргузашт, Ислом Каримов дар маросими дафнаш ширкат ҳам надошт. Вақте модараш вафот кард, ӯ танҳо барои як муддати кӯтоҳ омаду зуд ба Тошканд баргашт. Вақте бародараш аз дунё рафт, Ислом Каримов дар маросими дафни вай ҳамагӣ чанд дақиқа ҳузур дошт.”

Бисёриҳо бародари дигари калонии Ислом Каримов – Арслон Каримовро ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ӯ бисёр инсони одил буд. Толиб Ёқубов мегӯяд: “Арслон Каримов дар ноҳияи Ҷиззах раиси додгоҳ буд. Дар соли 1969 кори худи ман ҳам ба ӯ афтида буд ва ӯ мурофиаро хеле бо инсофу адолат пеш бурд. Ӯ соли 1989 дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд.”

Ҷамшед Каримов - бародарзодаи Ислом Каримов
Ҷамшед Каримов - бародарзодаи Ислом Каримов

Дар Узбакистон писари Арслон Каримов – Ҷамшед низ бо фаъолияти хабарнигориаш маъруф буд. Ҷамшед Каримов дар бораи фасод ва қонуншиканиҳо дар ҳокимияти вилояти Ҷиззах чандин мақолаи интиқодӣ навишта, дар Интернет нашр кард. Мақомоти маҳалӣ ба ӯ мансабҳои хубе пешниҳод карда, хоҳиш мекарданд, ки ба низоми сохтаи амакаш эҳтиром гузорад. Вале Ҷамшед Каримов даст аз навиштани матлабҳои танқидӣ набардошт. Дар соли 2006 ӯро маҷбуран ба беморхонаи маризони рӯҳӣ хобонданд. Баъди панҷ сол хабарҳое нашр шуд, ки ӯро аз бемористони амрози равонии Самарқанд ҷавоб додаанд, вале Ҷамшед Каримов баъди ин ба даҳон қуфли хомӯшӣ зад ва дигар аз худ дарак надод.

Ислом Каримови 77-сола аз соли 1989, инак 26 сол боз бо панҷаҳои оҳанин риштаи раҳбарии Узбакистон, пурнуфустарин кишвари Осиёи Марказиро дар даст дорад. Ислом Каримов ду духтар дорад. Духтари калонии ӯ Гулнора Каримоваи 43-сола, як замон вориси эҳтимолии тахти падараш рақам зада мешуд, инак ду сол боз, дар пайи дар робита ба чанд моҷарои чандмиллиондолларии фасоду ришва расонаӣ шудани номаш дар Тошканд дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Духтари дувуми ӯ Лола Тилоева-Каримоваи 37-сола намояндаи доимии Узбакистон дар ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ мебошад. Ӯ ба фарқ аз Гулнора Каримова кӯшиш мекунад, зиёд дар мазҳари ом зоҳир нашавад, вале ҳафтае пеш матбуоти Амрико дар бораи ба духтари дувуми президенти Узбакистон рабт доштани дастикам 4 ҳавлии пуршукӯҳ дар Лос-Анҷелес хабар дод.

XS
SM
MD
LG