Пайвандҳои дастрасӣ

Тавилдара – Сангвор, Қумсангир – Ҷайҳун ва Ғончӣ Деваштич шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон номи даҳ шаҳру навоҳии кишвар ва обанбори Қайроққумро иваз карда, барои тасвиб ба Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии парлумони кишвар фиристодааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, номи даҳ шаҳру навоҳӣ ва обанбори Қайроққумро иваз карда, барои тасвиб ба Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии парлумон – фиристодааст.

Бар асоси ин пешниҳоди оқои Раҳмон, ки 1 феврал имзо шудааст, ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, Тавилдара ба Сангвор, Ҷиргатол ба Лахш, Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷилликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯрообод ба Шамсиддини Шоҳин, Қайроққум ба Гулистон, Чкалов ба Бӯстон ва Ғончӣ ба Деваштич иваз карда шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки инчунин номи обанбори Қайроққум ба обанбори "Баҳри Тоҷик" табдили ном кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ба шаҳр табдил додани ноҳияи Ҳисор дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 3-ҳазорсолагияш аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон садо дода, дар бораи табдили бархе аз номи шаҳру навоҳӣ пешниҳоди вакилони маҳаллӣ дастрас шудааст. Аммо номи Қайроққум дар ҳоле Гулистону Чкалов - Бӯстон шудааст, ки соли гузашта мақомот гуфта буданд, номи ин ду шаҳрро бар асоси талабу пешниҳоди табақаҳои гуногуни аҳолиаш ба Ориёкант ва Шоҳкант иваз мекунанд.

Ҳафтаи гузашта вакилони маҳаллии ноҳияи Тавилдара бо ирсоли як нома ба ҳукумати Тоҷикистон хостори иваз кардани номи ин ноҳия ба Сангвор шудаанд. Онҳо бовар доранд, ки Сангвор – номи ҳоло яке аз ҷамоатҳои Тавилдара – унвони қадимии ин ноҳия аст ва бояд ба худаш баргардонда шавад.

Қурбон Маҳмадов, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Тавилдара, рӯзи 1 феврал ба Озодӣ гуфт, номи Тавлидара ба ин ноҳия дар солҳои 30-юми қарни гузашта гузошта шуд ва аслан номи таърихиаш Сангвор аст. Ноҳияи Тавилдара дар минтақаи Рашт, дар 197-киломтерии пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст ва дар замони ҷанги дохилӣ яке аз минтақаҳои таҳти нуфузи фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик буд. Соли 2009 номи ин ноҳия баъди овозаи вуруди нерӯҳои Мулло Абдулло ба Тоҷикистон ва кушта шудани Мирзо Зиёев дубора дар сархатти расонаҳои дохилу хориҷ қарор гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод, аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимаи Суғдро гирифт. Ноҳияи Нов ба Спитамен, Пролетар ба Ҷаббор Расулов иваз шуда, Табошаҳр номи Истиқлолро гирифтааст. Ноҳияи Куйбишеви пешин ҳоло номи Абдураҳмони Ҷомиро дорад.

Аммо солҳои ахир бештар номҳои деҳаву шаҳракҳоро иваз мекунанд, ки аксарияташон решаҳои туркӣ доранд. Охири моҳи июли соли 2015 Маҷлиси миллии Тоҷикистон қарореро тасвиб кард, ки бар асоси онҳо номи 52 деҳа тағйир дода мешавад. Барои мисол, дар шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар наздикии пойтахти Тоҷикистон, рустои Гургхӯрда ба Чаманзор ва деҳаи Пӯстхӯр ба Шоҳрух тағйири ном мекунанд. Деҳаи Юмсуроқ низ бояд дар харитаҳо ислоҳ шавад ва ба ҷойи он номи Файзрезро нависанд.

Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳаллаҳо дар Тоҷикистон, тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Ин мухолифон мегӯянд, ки номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.

Гурӯҳи дигар мегӯяд, қарорҳои ҳукумат барои тағйири ном мисли он аст, ки хонаи вайронаеро берунашро тармим мекунанд ва дар дохилаш на об дорад, на барқ ва на шароите барои зиндагӣ. Ба гуфтаи мухолифон, ба ҷойи тағйири ному харҷи изофӣ барои таҳияи санадҳои наву ислоҳ кардани харитаҳо беҳтар аст, “Бунгакиён” бо ҳамон номаш монад, вале барои ҷавонони бекораш ҷойи кор муҳайё созанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, "ҳадаф аз тағйири номи шаҳру ноҳияҳо... тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирифтани хосияти маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ...аст."

Қабули қарорҳои шабеҳ ва табдили номҳои туркии маконҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар гузашта дар Узбакистони ҳамсоя ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шудааст. Бархе аз корбарони узбак дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо озурдагӣ навиштаанд, ки пас мақомоти Узбакистон низ бояд номҳои тоҷикиро ба узбакӣ иваз кунад. Яке аз онҳо навиштааст, ки исми Сиёҳбозори Самарқандро - ба Қарабозор, Шаҳрисабзро - ба Яшилшаҳар ва Деҳнавро ба Янгиқишлоқ иваз кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG