Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайкали Пушкинро аз маркази Тошканд кӯчонданд


Муҷассамаи шоири рус Александр Пушкинро шаби гузашта аз маркази Тошканд, пойтахти Узбакистон кӯчонданд.

Мақомоти Тошканд, пойтахти Узбакистон шаби 11 август муҷассамаи шоири рус Александр Пушкинро хиёбони ба номи ин шоир дар маркази шаҳр кӯчонданд.

Хусан Эрматов, сухангӯи ҳокимият(шаҳрдорӣ)-и Тошканд гуфтааст, маъмурияти шаҳр ба ҳайси макони нави ҳайкали Пушкин яке аз майдонҳои дигар дар яке аз ноҳияи марказии пойтахти Узбакистонро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Эрматов, муҷассамаи Пушкин дар як чорроҳаи пурмошин ҷойгир шуда буд ва барои онҳое, ки ба зиёрати ин шоир меоянд, нороҳатиеҳоро эҷод мекард.

Вазорати хориҷаи Русия ҳам рӯзи 11 август гуфт, ки мақомоти Узбакистонро сафорати Русияро расман дар бораи нақшаи кӯчондани ҳайкали Пушкин дар ҷараён гузоштааст. Маскав мегӯяд, ин муҷассамаи маҳсули дасти ҳайкалтароши маъруф Михаил Аникушин “дар тӯли солиёни зиёд нақши носутурдании мероси шоири бузург ба фарҳанги Узбакистон ва дар амри таҳкими равобити фарҳангии Русияву Узбакистонро таҷассум мекард ва ҷамъ шудан дар пояи ин ҳайкал дар рӯзҳои муҳими марбут ба ҳаёту эҷодиёти ин шоир ба як анъана табдил ёфта буд.”

Вале акнун, тавре омадааст дар баёнияи вазорати хориҷа, ин ҳайкал дар чорчӯби бозсозии мемъории пойтахти Узбакистон бояд кӯчонда шавад. Маскав мегӯяд, худи ҷониби Русия ба ягон макони барои зиёрати сокинони шаҳр ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ муносибтар кӯчондани ин ҳайкалро пешниҳод кардааст.

Мақомоти Тошканд низ ба ин нукта таъкид мекунанд, ки кӯчондани ҳайкали Пушкин кадом ҳадафи сиёсӣ надорад ва дар чорчӯби нақшаи бозсозии пойтахт ва анҷом мешавад. Онҳо ваъда додаанд, ки барои муҷассамаи асосгузори адабиёти муосири рус ҳатман як макони муносиба пайдо хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин ба ин таъкид мекунанд, ки бо ташаббуси кӯчондани ҳайкали Пушкин ба шаҳрдории Тошканд Маркази фарҳанги Русия муроҷиат кардааст.

Аммо нақшаи кӯчондани ҳайкали Пушкин, ки ҳанӯз 31 сол қабл дар хиёбони Пушкини Тошканд гузошта шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои доғеро ба бор овардааст. Мухолифони пешниҳоди кӯчондани ҳайкали Пушкин мегӯянд, ҳадафи мақомот боз кардани роҳ барои васеътар кардани ба истилоҳ “роҳи президентӣ”, яъне масирест, ки раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҳар рӯз аз тариқи он ба Кохи раёсатҷумҳуриаш меравад. Бархеи дигар ттахмин мезананд, ки ба дунболи кӯчондани ҳайкал исми Пушкинро аз номи хиёбону истгоҳи метрое, ки дар наздикии ҳайкал буд, низ хоҳанд бардошт ва ин ҳатман боиси дилсардиҳои наве дар равобити Узбакистон бо Русия хоҳад шуд.

Ба ақидаи ин гурӯҳ, ба шахсиятҳое, мисли Пушкин, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд, бояд эҳтироми тамом гузошта шавад. Аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, ҳайкал як бут аст ва мухлисони Пушкин, агар дар воқеъ мухлисанд, бояд китобҳои ӯро бихонанд. Бархеи дигар низ бо истиқбол аз ин иқдом мегӯянд, ҳайкали Пушкин низ бахше аз сиёсатҳои Иттиҳоди Шӯравии вақт буд, ки ба ёди мардум даврони таҳти султаи Шӯравӣ қарор доштани Узбакистонро меорад ва бояд ин ҳайкалро аз Тошканд пурра бардоранд.

Шаҳрдорӣ аммо мегӯяд, ҳайкали Пушкин ғолибан дар буриши кӯчаҳои Шота Руставели ва Бобур дар назди корхонаи нассоҷии Тошканд макони нав пайдо хоҳад кард. Муовини аввали раиси Кумитаи давлатиии меъморӣ ва сохтмони Узбакистон Азамат Тӯхтаев ваъда додааст, ки дар атрофи ҳайкали Пушкин дар макони наваш то поёни ҳамин моҳи август ҳатто боғеро бунёд хоҳанд кард, ки “Боғи даврони Пушкин” ном хоҳад гирифт.

Мақомоти Узбакистон чандин сол боз сиёсати аз байн бурдани мероси даврони Шӯравӣ, аз ҷумла бардоштани ҳайкалҳои бозмонда аз он даврон ва табдили номи кӯчаву шаҳру ноҳияҳоро, ки низ бӯи Шӯравӣ мекунанд, пеш гирифтаанд. Ин маърака аз бардоштани ҳайкалҳо ва номи Ленин – асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ – ва дигар номҳову ҳайкалҳои марбут ба коммунизм оғоз ёфт ва дар Узбакистон ҳоло тақрибан ягон ҳайкали Ленин ё маконе ба номи ӯ намондааст.

Як сол пеш мақомоти Тошканд ноҳия ва истгоҳи метрои ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ - асосгузори адабиёти шӯравии узбакро ба Яшнобод иваз карданд. Ноҳия ва истгоҳи метрои ба номи генерал Собир Раҳимов низ дар чорчӯби ҳамин маъракаи мубориза бо мероси замони Шӯравӣ ду сол пеш ба Олмазор табдили ном кард.

Дар Тоҷикистон низ маъракаи табдили номҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ ва ҳайкалҳои он замон чандин сол боз идома дорад. Аммо ин маърака дар Тоҷикистон асосан бо ҳазфи номҳову ҳайкалҳои Ленин ва дигар номгузориҳои Шӯравӣ маҳдуд шудааст ва ба номҳову ҳайкалҳои шахсиятҳои фарҳангии рус, ки дар он айём дар Тоҷикистон макон пайдо кардаанд, намерасанд.

XS
SM
MD
LG