Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ноҳияи Ховалинг панҷ масҷид, аз ҷумла ду масҷиди ҷомеъро, ки ба гуфтаи мақомот худсарона сохта шуда ва санаду ҳуҷҷат надоштанд, ба оилаҳои бехона ва ниёзманд додаанд.

Панҷ масҷиди беҳуҷҷат дар минтақаи Ховалинги вилояти Хатлонро барои зисит ба оилаҳои бехона ва ниёзманд тақсим кардаанд.

Сайфиддин Саймавҷиддинов, як сокини камбизоати деҳаи Садбаргҳои ноҳияи Ховалинг, ки солҳо боз бо 4 фарзанд дар хонаи кӯчаки волидонаш зиндагӣ мекард, бо ин тасмими мақомот соҳиби хонаи истиқоматӣ шуд. Ҳоло масҷиди собиқ расман ҳамчун манзили зист бо номи Сайфиддин сабт шуда, сарпаноҳи ӯ ва чаҳор кӯдаки хурдсолаш шудааст.

Ин хушбахтии ғайриинтизор Сайфиддин Саймавҷиддинов ва хонаводаи ӯро, ки орзуи соҳиби хонаи алоҳида шуданро солҳо боз канор гузошта буданд, хушҳол кард. Ӯ мегӯяд, вазъи зиндагиаш хеле сангин аст ва ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки ин осонӣ соҳиби хона мешавад: «Вақте масҷидро чаппа карданӣ шуданд, мардум ҷамъ шуда гуфтанд, ки ба ҷои чаппа кардан ба як сокини камбизоат диҳанд. Баъдан ба ман ин хонаро ҳуҷҷат карда доданд. Ҳамсояҳо медонистанд, ки ман хона сохта наметавонам, аз ин рӯ, мардум розӣ шуд. Ҳоло ин масҷидро ман ду хона ва як долон карда, зиндагӣ дорам.

Дар баробари ин масҷид 7 сотих замини назди он низ насиби хонаводаи Саймавҷиддинов шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ ба ин хонавода кӯмак карданд ва аз толори масҷид барои онҳо ду ҳуҷраи алоҳида сохтанд.

Дар маҷмӯъ, дар Ховалинг бинои 5 масҷид, ки ба қавли мақомот «худсарона» сохта шуда ва қонунан сабти ном надоштанд, бо розигии сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ ба 10 хонаводаи бесарпаноҳ ва ниёзманд барои зист тақдим шуд. Аз ин масҷидҳо дуяш ҷомеъ ва сеи дигар панҷвақта будааст.

Ба ин тартиб хонаводаи камбизоати Ислом Шарифов, Сайдакбари Ҳикматулло, Сайфиддин Сайидмавҷиддинов, Сайфулло Ҳафизов ва Бобоҷон Қувватов бо қарори ҳукумат ва розигии мардум санадҳои хонаи навро дарёфт карданд.

Ҳукумати ноҳияи Ховалинг мегӯяд, табдили панҷ масҷид ба хонаи истиқоматӣ маънои мамониат ё ҷилавгирӣ аз ибодати мардумро надорад. Ба гуфтаи масъулин, ин масоҷид дар ҳоле бунёд ёфтааснд, ки дар рустоҳои ҳамсоя масҷиди қонунӣ вуҷуд дошт ва мардум солҳо дар он намоз мегузоштанд.

Нурулло Мирзоев

Нурулло Мирзоев

Аммо бо ин вуҷуд, Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ховалинг, рӯзи 21 январ дар нишасти хаабариаш гуфт, барои бунёди масҷид ҳар рӯз аз сӯи соҳибкорон аризаҳо ворид мешавад, вале ӯ ба ҳар соҳибкоре шарт мегузарад, то дар баробари сохтани масҷид, бояд як синфхона ё иншооти зарур барои ноҳия ҳам бисозад. Раиси ноҳияи гуфт, танҳо дар чунин ҳолат ба бунёди масҷид розигӣ медиҳанд, вале ба гуфтаи ӯ, баъди шунидани ин шарт шавқи соҳибкорон барои сохтани масҷид гум мешавад ва онҳо дигар ба сӯи бинои ҳукумат наздик намешавад.

«Ин панҷ масҷид ҳамчун ғайриқонунӣ сабт шуда буд. Мо бо имомхатибон ва сокинони деҳаи Шугнов маслиҳат кардем, онро ҳамчун хона ордер карда, ба сокинони камбизоати деҳаҳои дигар ҳадя кардем. Агар мо ин корро намекардем, ин масҷидҳо бе ин ҳам валангор мешуд. Аз ин рӯ ба ҷои чаппа кардан ба сокинони камбизоат додем. Аз чаппа кардан ин хуб буд, ки сокинони камбизоат соҳиби хона шуданд,» - гуфт Нурулло Мирзоев.

Як сол пеш чунин ҳолат дар ноҳияи Темурмалик ҳам мушоҳида шуда буд. Аммо дар он ноҳия панҷ масҷиди панҷвақтаи беҳуҷҷатро ба бунгоҳи тиббӣ ва китобхона табдил доданд. Ҳамин тавр мақомот гуфтаанд, ки ба зудӣ 3 масҷиди “бесоҳиб” дар ноҳияи Данғараро ба коргоҳи дӯзандагӣ, клуб ва китобхона табдил хоҳанд дод.

Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Кумитаи дин дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар минтақа 588 масҷид сохта шудааст, ки аз ин шумор 57-тои он ҷомеъ ва 140 масҷиди дигар ғайриқонунӣ фаъолият мекард, шаш масҷиди ин рӯйхат моли Ховалинг буд. Ӯ мегӯяд, қаблан панҷ масҷиди ҷомеъро дар шаҳру навоҳии Кӯлоб низ барои надоштани ҳуҷҷат ва нақзи қонуни Иттиҳодияҳои динӣ ҳушдор дар дода буданд. Аз ин миён ду масҷид фаъолияташро дар доираи қонун ба роҳ монд, вале имомхатибони се масҷид ҳушдорҳои пай дар пайи онҳоро ба эътибор нагирифтанд.

Ӯ гуфт, воқеан, то ҳол фаъолияти аксари масоҷид боиси нигаронист: «Масҷид низомномаи худро дорад, ки бояд дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам фаъолият кунад. Деҳае аз 100 хона зиётар дошта бошад, метавонад, сертификати замин гирифта, масҷид бунёд кунад. Ҳоло деҳае нест, ки соҳиби масҷид набошад, шояд ин сабаб шудааст, ки масҷидҳоро дар Ховалинг ба хона табдил додаанд.»

Дар ноҳияи Ховалинг 42 мактаб ва 52 масҷид фаъолият дорад. 6 масҷид аз ин шумор санади сабти ном надоштаст. Аксаран соҳибкорон ва афроди пулдор дар солҳои ахир дар зодгоҳҳои худ масҷид бунёд кардаанд ва аксари онҳо бар ин боваранд, ки дуои хайри намозгузорон ба кору тиҷорати онҳо баракати бештар хоҳад овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG