Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъракаи "гарм"-и номивазкунии мансабдорон дар Хатлон


Бинои Ҳукумати вилояти Хатлон.

Бинои Ҳукумати вилояти Хатлон.

Маъракаи густардаи иваз кардани насабҳо аз русӣ ба тоҷикӣ ва раҳо шудан аз пасвандҳои “ов”,“вич”,”ова” ва “овна” аз пойтахт ба маҳалҳо кӯчид ва акнун мақомдорҳои маҳаллӣ низ бо тақлид аз мансабдорони марказ осемавор ном иваз мекунанд.

Ба гузориши Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 85 мансабдори сатҳи вилоят ва шаҳру навоҳӣ аз пасвандҳои русӣ даст кашида, ба пасвандҳои “зода”, “ён”ва “пур” бартарӣ додаанд. Саодат Сироҷова, сардори Идораи сабти ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки худи ӯ низ дар марҳалаи даст кашидан аз пасванди “ова” аз насабаш аст ва хоҳишмандони даст кашидан аз шеваҳои русии исмҳои хонаводагӣ рӯ ба афзоиш овардаанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадов, номи пешини раиси вилоят аст. Аммо ӯ баъд аз раҳо шудан аз пасванди “ов” акнун Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муаррифӣ мешавад. Бо ҳамин тартиб масъулони дигар идораҳои давлатии вилояти Хатлон низ насабҳои худро тоҷикӣ кардаанд. Аз ҷумла Азизӣ Муҳаббат Абдуқаҳорзода, раиси додгоҳи Хатлон дар гузашта Муҳаббат Азизова буд ва Сироҷиддин Нурмуҳаммад, додситони вилояти Хатлон низ дар гузашта Сироҷиддин Нуров муаррифӣ мешуд.

Ҷамшед Сангов, сардори раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд вақт аст, ки сари интихоби дурусти насаб фикр мекунад ва ба ин далел то ҷое аз ин маърака қафо мондааст. Ҷаноби Сангов мегӯяд: “Ният дорам, ки ҳамин моҳ ба насаби тоҷикӣ гузарем. Чун мо тоҷик ҳастем ва бояд тоҷикӣ кунем. Қариб бештари мақомот ба ҳамин чиз гузаштааст ва ҷомеа ҳаминро талаб мекунад. Ман барои Худам Гулаҳмади Ҷамшедро интихоб кардам.”

Дар баробари масъулони мақомоти қудратии вилоят, тибқи омори расмӣ 90 дар сад аз раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар табдили насабҳояшон тарки пасвандҳои рӯсӣ кардаанд ва раҳбарияти раёсат ва идораҳои вилоятӣ низ дар ин “маърака” фаъоланд. Зарина Давлатова, сардори Оҷонсии омор дар вилояти Хатлон дар бораи “маърака –и густардаи табдили насабҳо мегӯяд, мегӯяд, “ҳама роҳбариятро супориш додаанд, ки бояд “зода” шавед, ки мо ҳам ҷонибдор ҳастем ва дастгирӣ менамоем.”

Аммо Амиршои Хатлонӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ки барои даст кашидан аз пасвандҳои русӣ дар насаб ҳеҷ дастуре нашудааст ва ин аз ҳисси ватандӯстии худи маснабдорону мардуми вилоят дарак медиҳад: “Ягон ҷои воҳима ё шубҳа нест, чун ин раванд аз Ҷаноби олӣ оғоз шуд, ки ба асли хеш баргаштем ва дубора эҳё мешавем ва ин раванд ҳоло дар вилоят идома дорад. То кунун 30 дар сад аз роҳбарияти болоии вилоят ба насаби тоҷикӣ гузаштаанд ва ҳоло тарки пасвандҳои русӣ идома дорад.”

Бибигули Собир, сардори Идораи сабти асноди шаҳрвандӣ дар ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки ҳоло аз раиси ноҳия то кормандони пулис ва додгоҳу додситонӣ дар ин минтақа ҳамагӣ барои дасткашидан аз пасвандҳои русӣ ариза пешниҳод кардаанд.

Тарки пасванди рӯсӣ аз насаб аз призидент Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 шурӯъ шуд ва баъдан вазирон ва ҳатто аз хонаводаи президент, ки аз кабинаи ҳукумат ҳастанд, тарки пасванди русӣ карданд. Русия, ки дар оғоз иваз шудани исми раиси ҷуҳмури Тоҷикистонро ҳамчун иқдоми канораҷӯӣ аз Маскав талаққӣ мекард, акнун ба талафузи исми тоҷикии президенти Тоҷикистон одат кардаанд.

Аз дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти хатлон хабар мерасад, ки дар қадами аввал раисони ноҳия ин ибтикорро ба даст гирфта ва насабҳои худро тоҷикӣ кардаанд ва ба зердастонашон низ фармудаанд, то ин супоришро иҷро кунанд.

Ба ин тартиб тарки пасвандҳои “ов”, “ова”,”овна”ва “вич” аз насабҳо дар Хатлон бо он ки дер шурӯъ шуд, вале ба назар мерасад, ки ин маърака “гарм” аст ва то ҷое ба як пойгаи миёни мансабдорони шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон табдил шудааст. Аммо ин маърака то ҳол дар кишвар саросарӣ нашудааст ва аксари шаҳрвандони маъмулӣ шакли русии исмҳои хонаводагии худро ҳифз кардаанд. Шояд ба ду хотир, аввалан, ки барои иваз кардани ном пул надиҳанд ва дувум сафарашон ба Русия осон бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG