Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳи номҳои хонаводагӣ


Иттилоъи бештар ин ҷост

Мо, донишҷӯён, дар Қирғизистон мехонем! Мо ҳаматарафа розӣ ҳастем, ки пасвандҳои -ов -евро гиранд.Зеро мо тоҷик ҳастем!!!

Улуғбек, шаҳри Бишкек
---------------------------------------
Ассалом мардуми азизи Тоҷик!

Ба фикри ман, авввал бояд ном ба даст овард ва сонӣ нон мо ҳам ном ва ҳам нон аз даст додаем. Аввал ном ба даст биёрем чунки мо ном надорем ва қудрати ба даст худкифоиро ба мо намедиҳанд. Ҷаноби Олӣ доранд бо эҳсосоти мардум бозӣ мекунанд ,ман хело истикбол мекунам аз ин фарҳанге ки дер боз аз мо дуздидаанд.

Мо мардуми Тоҷик дер ё зуд ба ҳаққи худамон мерасем, иншоаллоҳ, поени шаби сиёҳ сафед аст!

Бо эҳтиром
Тоҷикписар
---------------------------------------
Ин иқдоми хуб аст аст тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Лекин инро бояд ҳар як фарзанди тоҷик худаш барои хештан интихоб кунад. Шахсан ман пасванди ов-ро ҳафт сол пеш аз насабам гирифтам. Барои ман ин пасванд ҳеч вакт маъқул набуд, зеро ман форсинажод ҳастам.
Ин иқдом бояд аз тарафи вазири фарҳанг шуруъ мешуд, зеро ин корҳо бар дӯши вазир монда шудааст.

Раисиҷумҳур, ба фикрам, вазифаҳои мухталиф дорад ва вақт барои ин корҳо надорад. Мо ҳама вақт мегӯем, ки мо дар фазои демократӣ зиндагӣ мекунем вале афсӯс ҷаноби олӣ мехоҳад, ки қудрати яккаҳумрониро дар Тоҷикистони азизи ман ривоҷ диҳад.

Бо эҳтиром
Даврони Бепрезидент
---------------------------------------
Агар мо барқ доштем метавонистем гуфтаҳои раиси чумҳурро бишнавем.

Mixa.
--------------------------------------
Ба бархе аз бародарон ҳамфикр ҳастам, ки ин кори раиси ҷумҳур танҳо машғул доштани мардум аст. Агар кори шахсӣ мебуд, бояд бе сарусадо анҷом мешуд. Президент бояд аз паси корҳои иқтисодӣ бошад. Бо номро иваз кардан шикам сер намешавад. Мардум акнун ба ҳоле афтодаанд, ки бештар аз иваз кардани номҳо гап мезананд, то аз вазъи рӯзгори худ.

Бо салом
Дипломат
-------------------------------------
Мӯҳтарам президент корро пеш бареду халқро бо кор таъмин кунед. Дар Русия тоҷик мурда истодаасту Шумо бо ном иваз кардан овора.

Дубай
-------------------------------------
Албатта, иқдоми президент як қадам ба сӯи фарҳангу маданияти мо, тоҷикон аст. Ман 100% тарафдори онам, ки тоҷикон на танҳо номи худро аз пасвандҳо нолозим пок созем, балки бо тағйир солшуморӣ, тақвим ва номи моҳҳо рӯ ба асли худ оварем.

Ин ҷо бародари хуб, Б.Мусофир ду қадам ба қаво рафтанро таблиғ дорад, ки иштибоҳи бузург аст. Ҳафтод сол ба хоҳишу зораи мо нигоҳ накарда, моро дар ҳолате гузоштанд, ки то ҳол ба худ наомадаем. Барои ҳамиин биёед, дар байни ин кӯҳҳои боғурур ва сарбаафлоккашидаи Тоҷикистони азиз, мо, тоҷикон ҳам боғуруру сарбаланд бошему фарҳангу маданияти хешро пос дорем.

Далер
--------------------------------------
Дуруд!
Аз ҳар сӯе ба раванди сиёсии Тоҷикистон нигарем, натиҷа мегирем, ки дер ё зуд ин чораҳо бояд анҷом шаванд, Ва ин раванд дар таърихи миллат ба хубӣ ёд хоҳад шуд.

Бо эҳтиром,
Фарҳод
----------------------------------------
Тоҷики фақиру, ҳақиру бенаво, ба худ оед, илтимос ва фирефтаи ҳар ҳилаи навбатии "раиси ҷумҳури ҷавонмарди худ" нашавед. Ин як ҳилаи навбатист, то мардумро овора созад, асосан муҳоҷиронро, то таъхири шиноснома намоянд ва ба буҷети бюрократҳо ва ришвахорон пул даромад кунанд. Раиси ҷумҳур дар як иллюзияи шоҳаншоҳӣ, шахссолорӣ ва фиръавнӣ зимндагӣ мекунад, бинобар ин ҳар чизеро ки барояш маъқул аст, аз толори порлумон баланд мегӯяд. Вой бар ҳоли зиёиёни тоҷик, ба ибораи маъмули "равшанфикрон" онҳо ҳам тарафдори раисашон ҳастанд. Худи ҷаноби президент мегӯяд, ки бисёр фикр кард, то ба номи падараш ӯро ном баранд. Вале суоле ба миён меояд, ки оё номи падараш Раҳмон аст ё Шариф? Ва оё ёд надорад, ки чӣ тавр ӯро аз Имомалӣ то Эмомалӣ тағйир карданд. Ё худ ба англисӣ бо талаффузи русӣ Рахмонов меноманд, на Раҳмонов. Бигзор ҳар чӣ хоҳад кардан гирад, "миллати тоҷик дӯстдори ӯ ҳаст, то даме ки корд ба устухон нарасад ва косаи сабри мӯҳтоҷону қашшоқон лабрез нашавад, то замоне ки мардум аз Русия ва дигар ҷоҳо ба Тоҷикистон наояд, Раҳмонов ҳокимият меронад. Вой бар ҳоли мову шумо гурезаҳо. "Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист, ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист."

Олимп
--------------------------------------
Замоне ки парвандаи Раҳмонов ва зердастонашу наздиконашро дар додгоҳи одилона баррасӣ хоҳад кард ва ҷазои муносиб хоҳанд дод, барои куштани номуси мардум ва сирқати моликияти халқию давлатӣ ва он вақт -ов доштану надоштани номаш аҳамият нахоҳад дошт. Халқи тоҷикам як хислати хоси худашро аз даст намедиҳад, ки хушомадгӯиву мансабпарастист. Шарт мекунам, фардо ки Раҳмонов аз мансаб барканор шуд, лаганбардорони вай якумин шуда номи бо -ов ё бе -ов-и ӯро ба хок яксон мекунанд. Ва ин оқибати ҳар як золим ва диктатор ҳаст ва хоҳад буд. Ва номус ҳарчанд порчае аз ном дорад, на танҳо дар ном аст, балки дар амали низ.

Сабз
--------------------------------------
Ба номи Худо.

Ман аз ҷаноби Эмомалии Раҳмон самимона ташаккур мекунам ба ин иқдоми ҷавонмардона, ки тамоми чаҳон аз ин кори хайри Эмомалии Раҳмон тақдиру ташаккур мекунад. Мо талабаҳое, ки дар хориҷи кишвар дарс мехонем баъд аз ахбори шабона, ки пахш шуд, субҳи зуд ба донишгоҳ рафтем, донишҷуёни кишварҳои гуногуни ҷаҳон вақте бо тоҷикон вомехурданд, аз ҷаноби Раҳмон тақдир мекарданд, ки хеле иқдоми ҷолиберо ва он ҳам аланӣ анҷом додааст. Мутаассифона, касоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд боз мегуянд, ки ин кори призидент нест ин сухан комилан иштибоҳ аст. Бародарон, то кай аз бадиҳо бигуем як бор аз хубиҳо ҳам бигуем. Як бор ба Қуръон бингарем ҳамааш аз ҳаромҳо нагуфтааст аз ҳалолҳо ҳам гуфтааст. Баъзеҳо мегуянд мо се моҳ пеш номҳоямонро иваз кардем ном ивазкардани шумо бо ном изваз кардани Эмомали Раҳмон фарқ дорад. Шумо ном иваз мекунед ғайр аз худат дигар касе намефаҳмад, аммо Эмомалии Рамон ном иваз мекунад дар ҷаҳон сарусадош баланд мешавад.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
--------------------------------------
Ман ҳамчун як донишҷӯ мехостам арз кунам, ки эълони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тағйир номи хонаводагӣ як амри хеле бамаврид аст, чаро ки ман гумон мекунам, пасвандҳои "ов", "ев" шоистаи номи халқи тоҷик нестанд. Хуб, агар бошанд, пас чаро гузаштагони мо ин гуна исмҳо надоштанд?

Иқдоми Эмомалии Раҳмон як руҷӯъе ба сӯйи аслу асолат аст ва маъзарат мехоҳам, нигарониву ҳангома бардоштани хабарнигорон беҳуда аст. Ин амри Президент нишони эҳтирому қадрдонии гузаштагон аст, на як худситоӣ.

Ташаккур.
Фирдавси Аъзам,
Бостон, Иёлоти Муттаҳида

--------------------------------------
Чанд нуктаро мехоҳам матраҳ кунам:

1. Бархе мегӯянд, ки Э. Раҳмон бояд ба фикри иқтисод бошад, на ба фикри номивазкунӣ. Ин иштибоҳ аст, бисёре аз мо ки тафаккури шуравиро бо худ овардаем, ҳанӯз ҳам гумон мекунем, ки бояд раҳбари давлат моро хӯронаду пӯшонад, ин афсона кайҳо ба сар шуд. Имрӯз конунҳое хастанд, ки шароит барои андӯхтани сарват ва дороиро фароҳам кардаанд, ҳар шаҳрванд бояд худаш ба андешаи андӯхтани маблағ ва ба изофаи ин кӯмак ба кишвари худ бошад. Нуқс дар мардуми мост, ки тавон ва зарфияти пешрафтро надоранд. Як эронӣ ҳамин чанд рӯз пеш дар шахри Беверли Ҳилзи Омрико шаҳрдор шуд, чаро тоҷикони Русия наметавонанд, шовинистони русро ба чолиш кашанд ва вазъи мавҷуд дар Русияро ба суди худ тағйир бидиҳанд?

2. Ин ки расонаҳои русӣ аз Эмомалии Раҳмон барои табдили номаш интиқод мекунанд, як афкори иртичоъии худро нишон медиҳанд, онҳо зери нуфузи эҳсосоти истеъморгарон ҳастанд, Русия ҳамчунон аз ин гуна эҳсосот даст накашидааст ва равобити Путин бо кишварҳои дигари Шӯравии собиқ як равобити комилан истеъморгарона аст. Ин тарзи бархӯрд дар Русияро бояд аз роҳи қонун ва ақл ба чолиш кашид, имрӯз тоҷик дар Русия монанди "ниггер" дар сад соли пеш дар Омрико аст, вале сиёҳпӯстон тавонистанд, ин вазъро тағйир бидиҳанд ва ҳеч мақоми урупоӣ ва омрикоӣ имрӯз наметавонад, дар бораи онҳо суханони нажодпарастона гӯяд, зеро ҳамон лаҳза аз мақоми худ барканор ва дар ҷомеъа расво хоҳад шуд. Афкори умумии Русияро низ бояд ба тағйир намуд. Танҳо тоҷиконро лозим аст аз афкори дарвешона ва тасаввуфӣ ва дунёбезории худ даст бишкашанд ва аз андешае зиндагисоз ва ҷаҳонгир ва воқеънигарро пайравӣ кунанд.

3. Дар мавриди "занги охир" ва "дандонҳои тило", дарвоқеъ касе ин чизҳоро мамнӯъ накардааст, боз ҳам ҳамин расонаҳои дурӯғнигори русӣ ҳама ҷо навишта ва таблиғ кардаанд, ки Раҳмон пасвандхои русӣ ва занги охир ва дандони тилоро мамнӯъ кард, ин дурӯғ аст, ман чунин фармонеро нахондаам. Инҳо назароти шахсии президент аст ва назари шахсии вай, албатта, ҳанӯз қонун нест. Ончи оқои Раҳмон гуфт, дар мавриди хамин чизхо дарвоқеъ дуруст аст, ҳар чиз бояд назм ва тартиб дошта бошад. Дар мавриди туйҳои пурдабдаба ҳам ки ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам муллоҳо батакрор мегӯянд, иштибоҳ аст, мардумро ба теотр баред, синемоҳоро боз кунед, худашон аз туйҳои пурдабдаба даст мекашанд, туйи пурхарҷу пурдабдаба навъе ҷуброни гуруснагии фарҳангӣ ва ҳунарист! Ҳар гоҳ мардум худро аз ин лиҳоз сер кунад, дигар ба ингуна туйҳо ниёз нахоҳад дошт.
Бо арҷ,
Фаромарз
--------------------------------------
Салом ба кормандони радиои Озодӣ!
Иқдоми ҷаноби раиси ҷумҳур бисёр ҳам хуб, локин чуноне ки баъзеҳо зикр карданд, раиси ҷумҳур бояд сатҳӣ набошад, мушкилоти мардумро ҳал кунад ва ин корҳо ҳоло ба дарди мардуми гурусна намехӯрад ва касе ҳам барояш ташаккур намегӯяд, илло касоне ки кӯр-кӯрона аз ӯ дифоъ мекуунанд. Умед дорем, ки раиси ҷумҳур ин навиштаҳоро хонаду аз пайи беҳбуди кишвар гардад.

Бо эҳтиром
Ғамхори Миллат
--------------------------------------
Дар таърихи 18-июл, дар Майдони баҳси "Озодӣ" ба муносибати Рӯзи забон (Забони мо дар чи ҳол аст?) ман ин сатрҳоро навишта будам:

"- Президент Раҳмонов бо як фармон раванди форсӣ (тоҷикӣ) кардани номҳои хосро осон кунад, нахуст бояд мақомҳои давлатӣ номҳо ва насабҳои худро форсӣ кунанд ва пасвандҳои -ов ва -ев, -ович ва -евичро аз номҳо ҳазф кунанд. Аввал оқои Раҳмонов худ ба унвони намуна ин корро кунад, беҳтар аст;"

Мумкин аст оқои Раҳмон ин навиштаҳоро хонда ва ё аслан нахонда ва нохудогоҳ тасмими худ дар мавриди табдили номашро гирифтааст, вале дар ҳар сурат иқдоми ӯ ба ин кор мавриди сипос ва эҳтиром аст.

Дарвоқеъ мақомҳои давлатӣ, ки худро фарзанди меҳани худ медонанд, бояд ба табдили номи худ аз президент Раҳмон пайравӣ кунанд. Табдили ном шояд барои як фарди нодор вақт ва маблағ мехоҳад, вале барои мансабдорон чандон душвор нахоҳад буд. Аз ин рӯ мансабдорон аввал бояд худ ба ин кори нек иқдом кунанд ва мардумро аз паси худ бубаранд.

Умедворам, раиси ҷумҳурӣ пешниҳодҳои дигар дар мавриди тағйири солшуморӣ ва тақвим ва номи моҳҳо ва истилоҳоти сиёсию идориро низ, чунончи дар навиштаи инҷониб дар ин Майдони бахс дар 18-июл ба иҷро бирасонад ва бо ин кор гоме қавӣ дар таҳкими ҳувияти ин кишвар бардорад.

Бо арҷ,
Фаромарз
--------------------------------------
Худоро шукр мекунам, ки имрӯз Э. Раҳмон худро шинохтааст, ки ӯ тоҷик аст ва ин корро бояд атрофиёни Э. Раҳмон ва ҳамаи тоҷикистониҳое ки ватан ва миллати худро дӯст медоранд, пайравӣ карда, ному насаби худро тоҷикӣ кунанд. Бадбахтона, тоҷикеро дар хориҷ аз ватан дидам, ки худро рус муаррифӣ мекард. Тоҷик буд, аммо забони тоҷикиро намедонист ва ба русӣ ҳарф мезад.

Кова
--------------------------------------
Равобити Русия бо Тоҷикистон худ бе ин ҳам ахиран рӯ ба сардӣ ниҳодааст. Аз шурӯъи хуруҷи марзбонони Русия аз Тоҷикистон то кашолкориҳо дар сохтмони Роғун ва ғайра. Ин махсусан баъд аз сафари ахир ҷаноби Путин ба минтақа афзоиш ёфт. Ҳоло шоҳиди ронда шудани муҳоҷирони тоҷик аз бозорҳои русия ҳастем...

Бо вуҷуди он ки ман аз эҳёи номгузории тоҷикӣ комилан пуштибонӣ мекунам, бояд дастикам ду иқдом гирифта шавад. Бояд 2 қадам ақиб рафт, аввал узрхоҳӣ ва ба дигар самт бурдани гуфтаҳои раиси ҷумҳур. Дуввум, зора ва хоҳиш барои ҳамкориҳои дуҷониба.

Бо эҳтиром
Б. Мусофир
--------------------------------------
Аввалан, коре ки ҷаноби Раҳмон кард, аслан вазифаи вазири фарҳанг аст, на вазифаи ӯ. Сониян, дуруст аст, ки ин як пешрафти фарҳангист, вале зоҳирӣ, зеро дар ботин ҷомеа ҳамон "Аҳмади порина" хоҳад буд. Масалан, номи Муҳаммадро имрӯз касе, махсусан ҷавонон Муҳаммад намегӯянд, балки Муха мегӯянд. Рустамро Рустик, Гулбаҳорро Гуля, Дилнозаро Диля ва ғайра. Шояд аввал рӯҳу равонҳо бояд миллӣ шавад. Он гоҳ номҳо худ ба худ иваз хоҳад шуд.

Мусофирбачаи Ҳақиқатгӯ
--------------------------------------
Ман Ашӯрмуҳаммад Назарзода, бо мушкилиҳои зиёд ва шунидани таҳқирҳо аз хонумҳои рус, ки кори аснодам ба дасти онҳо буд, бо ҷамъ кардани шумори зиёди аснод, дар соли 1991 номи худро ба гунае кардам, ки дар боло хондед. Чанд бор наздик ба он будам, ки аз мақсадам баргардам, вале бо мадади худованд ин корро кардам. Он вақт ҷаноби Раҳмон ё директори совхоз буд ё парторг.

Гуфтаниям, ки ман аз ҷону дил тарафдори номиҳои худамон, локин ҳама корро мешавад, бе доду фарёд анҷом дод. Он вақтҳо раҳбарон бе он ки эълон кунанд, ба он хонумҳои рус дастури махфӣ медоданд, ки номҳоро иваз накунед. Оқибаташ ин мешавад, ки одамонро аз рӯи номашон баҳо медиҳанд, агар хуб ҳам бошию номат "ов" дошта бошад, пас ё оппозитсия ҳастӣ ё руспараст.

Ашӯр Назарзода
---------------------------------------
1) Бале, мехоҳам. Ман тоҷикам ва бояд аз он чи ки бобои Рӯдакӣ (на Рудакиев) истифода кард, истифода бубарам. Ин ҷо мебинам "олимҳо" хеле зиёданд, аммо назари Рӯдакиву Бӯалии Сино, Фирдавсиву Хайёму Айнӣ бароям авлотар аст.
2) Фикр мекунам, ин натиҷаи кори як доираи кӯчак дар дохил ва нисбатан васеъ дар хориҷи кишвар аст.
3) Идомаи воқеъа -- ҳеч чиз. Раҳмонов ки Раҳмон шуд, дигарон ҳатман дигар мешаванд.

Пушёнӣ
--------------------------------------
Пурсиши ман ин аст, ки магар раиси ҷумҳури мӯҳтарами мо кори дигаре надорад, ки ба чунин чизакҳо машғул мешавад. Аз рӯи Қонуни забони давлатӣ ҳар шаҳрванд метавонад, номи худро дигар кунад. Рав, дигар кун ва сипас эълон бидеҳ, ки кардӣ. Магар ин ва манъ кардани ҷашнҳои "Занги охир" ё манъ кардани дандонҳои тилло ва расондани кӯдакон ба мактаб бо мошин, инҳо вазифаҳои президенти мамлакатанд? Гӯё ҳамаи корҳои дигар тамом шудаанду фақат ҳамин чизҳо мондаанд. Оё мо метавонем ба боварӣ бигӯем, ки ҷаноби Раҳмон ҳамчун президент вазифаҳои худро ба хубӣ медонад ва иҷро мекунад?

Самандар аз шаҳри Душанбе
---------------------------------------

Банда кайҳо номи худро ба сурати миллӣ баргардонаам. Аммо роҷеъ ба сарудсадоҳо ба як нукта бояд таваҷҷӯҳ кард, ки Раҳмон мебоист пеш аз ин эълон бо мардуми худ машварат мекард ва пуштибонии мардумро ба даст меовард.

Алиҷон, шаҳри Душанбе
---------------------------------------
Ин як бозгашт ба асли худ аст. Шинохтани решаҳои худ, дӯст доштани забону фарҳанг ва таърихи миллати худ. Ба сарусадоҳо бояд эътибор надод ва баракс бештар воҳиду якпорча шуд, зеро хасм аз иттиҳоди миллат хафв дорад.

Бо эҳтиром
Аминҷон
---------------------------------------
Дар бораи ивази фамилияи худ аз шакли славянӣ ба шакли аслии тоҷикӣ гуфтаниам, ки ин иқдоми президент як мардонагӣ мебошад. Бояд гуфт, "сарусадоҳоро" дар расонаҳои хабарии Русия ба сар овардаасту халос. Ҳамаи ин "сарусадоҳо" аз шовинстхои рус буда, нишонаи коҳиши таъсири русҳо дар минтақа мебошад. Ин ҷо ҳеч идомаи ғайримуқаррариро интизор шудан лозим нест - баъд аз чанд муддат шовинистҳо хаста шуда, даст мекашанд.

Куркин
--------------------------------------
Албатта, мехоҳам бисёртар мехоҳам, ҳатто ман 3-4 моҳ пеш насаби худро иваз намуда будам. Саломат бошед=

Ҷовидон
---------------------------------------
Агар Эмомали Раҳмон(ов) насабашро иваз кард, аз руи қонун, оё ӯ акнун дигар одам нест? Мо на Раҳмон, балки Раҳмоновро интихоб кардаем, чаро ӯ ба истеъфо намеравад, зеро ӯ дигар одам аст. Ман тарафдори гум кардани пасвандхои русӣ дар насабҳои тоҷикӣ мебошам.

Тоҷики озод
---------------------------------------
Дуруд бар "Озодиён" ва озодагон!
Ман ҳануз 10 сол пеш номи хонаводагиямонро тоҷикӣ гардонда будам ва дар ин кор ягон гуна рафтори русбадбинона намебинам. Аз Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорам ки бо дигар кардани номаш парда аз чеҳраи бадбинону бадандешони мо барафканд.

Пас аз он суханронии наврӯзӣ ки раисамон Эмомалӣ Раҳмон гашт, расонаҳои Русия рӯзе нест ки яке ба ришханду дигару бо сарзаниши девонавор моро накӯҳишу сарзаниш накунад. Ин расонаҳо чунин вонамуд мекунанд ки гӯё ки тоҷикон даст ба қатли оми русҳо зада бошанд, на ин ки номҳои хонаводагии худро аз пасвандҳои номсози русӣ пок мекунанд. Навиштори бархе аз расонаҳои Русия таҳқири ошкоро ва бепардаи мардум ва кишвари тоҷикон аст ва онҳоро бояд ба додгоҳ кашид.

Надонистам ки расонаҳои русӣ ба ному нишони тоҷикон чи кор доранд? Мо тоҷикем ва худро тоҷикона меномем. Русҳо суннати номгузории худро доранд ки дар замони шӯравӣ бар дӯши мо ҳам бор карда буданд. Он замон расму суннати моро нодида гирифтанд ва ҳамаро "русониданд". Оё русҳо боре аз мо пурсидаанд ки ному нишонашонро чигуна нависанд? Пас мо чаро аз онҳо пурсем ки Раҳмон бошем ё Раҳмонов?

Бо камоли эҳтиром
Умед Ҷайҳонӣ аз Маскав
--------------------------------------
Ин корро як иқдоми хуб мешуморам ва орзу дорам, ки ин кори раиси ҷумҳур амалӣ гардад ва ин кор бояд ҳатмӣ бошад барои шаҳрвандони Тоҷикистон, на ихтиёрӣ.

Бо эҳтиром
Сарбандӣ
--------------------------------------
Эмомалии Раҳмон ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад, ному насаби худро ба тоҷикӣ гардонад. Бояд гуфт, ки ин маънои онро надорад, ки ҳама маҷбуранд аз ӯ пайравӣ кунанд. Аммо инро баъзе аз вазирону раисони хушомадгӯи тоҷик ба ҷои салла калларо гирифта, ба мардум мефаҳмонанд, ки гӯё ин амри маҷбурист.

Бояд гуфт, ки идораҳои сабти аҳволи шаҳрвандӣ ва шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ чӣ қадар аз ин иқдом метавонанд, даромад гиранд. Ҳангоми як шиноснома гирифтан мардум аз ҷонашон сер мешаванд. Соатҳову рӯзҳои дароз паси дари идораҳо интизор мешаванд. Агар ин иқдом мачбурӣ бошад, медонед, ки чи қадар ба мардуми оддӣ ҷабр мешавад? Ҳеч гоҳ идораҳои марбута ба шумо "Хуш омадӣ, ҳамватани тоҷикам" намегуянд. Пул дошта бошӣ, мархамат.

Ман танҳо Худо мегуям. Дигар ба ҳукумати Тоҷикистон ва идораҳои он эътимод ва эътиқод надорам. Шабуруз аз Худованд талаб дорам, ки мо тоҷикони бесаробонро дар паноҳаш нигоҳ дорад. Бебарқӣ ва зимистони имсола дар Тоҷикистон ба мо боз як бори дигар нишон дод, ки мо ба гайр аз Худо дигар касе надорем. Ваъдаҳои бисёри ҷаноби президент ба дили ҳама зад. Дар баъзе ҷойҳо аз мардуме, ки аз бебарқӣ ба дод омадаанд, савганди Эмомалии Раҳмонро ба ёд оварда шӯхиомез мегӯянд "Қасам ба шири сафеди модарам, ки тоҷиконро аз бебарқӣ мекушам".

Сангин,
Маскав

--------------------------------------
Аз тасмими хуб бояд пуштибонӣ кард ва ғайримантиқӣ ба ҳар чиз набояд хӯрда гирифт. То имрӯз ки чуни тасмим гирифта нашуда буд, ҳамин мунаққидон доду фарёд мекарданд, ки бояд пасвандҳои русӣ ҳазф шавад. Ҳоло ки чунин тасмим гирифта шудааст, аз он ки бо шахси Раиси Ҷумҳур мухолифанд, онро зери тоиёнаи танқид мегиранд, Ба рағми танқидҳо, ин тасмими бошуҷоатона дар таърихи миллат ба хубӣ ёд хоҳад шуд.

Вафо Шукӯҳманд
--------------------------------------
Раисиҷумҳур кӯшиш дорад, мардум ва ниҳодҳои давлатиро ба масъалаҳои дуввумдараҷа саргардон кунаду таваҷҷӯҳро аз мушкилиҳои аслии кишвар канор барад. Нахуст -- нон, барқ, оби ошомиданӣ ва умуман зиндагии шоистаро ба халқ таъмин куну баъд хоҳӣ даст ба чунин иқдоми таблиғотӣ бизан. Эътибори кишварро дар арсаи банйалмилал ва эҳтироми ҳуқуқҳои шаҳрвандонатро дар дохил ва берун аз мамлакат таъмин бикуну баъд хоҳ фалак бичархӣ, хоҳ ҳофизӣ бикунӣ.

Сарчашм
--------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG