Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ов"-у "ич"-и русӣ боз ҷои худро мегиранд


Аксари хатмкунандагони мактабҳои миёнаи Кӯлоб ҳангоми гирифтани шиноснома, барчаспҳои тоҷикиии ному насабашонро дубора ба барчаспҳои русӣ иваз мекунанд.

Рустам Дониёров, як сокини Кӯлоб мегӯяд, бародараш имсол хатмкунанда ҳаст ва бояд барои гирифтани номаи камол шиноснома бигирад, вале маъмурони мизи шиносномадиҳӣ ба ӯ гуфтаанд, ки аз сари нав барои иваз кардани барчаспҳои исмаш ҳуҷҷат пешниҳод кунад. Ӯ мегӯяд, акнун маҷбур аст, ки пасвандҳои «зода»-и шаҳодатномаи бародарашро дубора ба «ов»-у «ич»-и русӣ иваз кунад.

«Намефаҳмам, ки ба кадом хотир чунин мекунанд ва кори моро мушкил мегардонанд. Мегӯянд, ки то номатро иваз накунӣ, аттестат намегирӣ. Худи президент ному насбашро тоҷикӣ кард ва ҳамаро ташвиқ карданд, ки ибрат гиред, вале дар ин ҷо аз сари нав номҳоро русӣ мекунанд. Барои тағийр додани ҳамин кор, хело ҳуҷҷатбозиву даводав кардан лозим аст. Ҳамаро бояд аз аввал фикр мекарданд.»

Аммо масъулини макотиби миёнаи шаҳру навоҳии Кӯлоб маҷбурӣ иваз кардани барчаспҳои тоҷикиро ба русӣ рад мекунанд. Муслима Ятимова, директории мактаби рақами 1-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан, то имрӯз 20-25 нафар синфҳои 11-и ин мактаб барчаспҳои тоҷикии ному насабашонро ихтиёрӣ ва ба хоҳиши худ ба русӣ иваз кардаанд.

Хонум Ятимова мегӯяд: «Бисёриашон меоянд, фақат кӯмак мепурсанд, ки бо кадом роҳ ному насабашонро иваз кунанд. Танҳо мо ба онҳо гувоҳнома медиҳем, ки ҳамин ҷавон бо чунин ному насаб дар мактаби мо таҳсил кардааст. Дигар онҳо аз вакилу дигар мақомот ҳуҷҷат бурда, худашон исмашонро тағийр медиҳанд. Онҳо худашон ба балоғат расидаанд ва ҳар коре, ки хоҳанд, дар доираи қонун анҷом медиҳанд. Ба кадом Донишгоҳ дохил мешаванд, номашонро иваз мекунанд, ихтиёри онҳост.»

Дар ҳамин ҳол, Наврӯзи Шовалӣ, хатмкунандаи яке аз мактабҳои Кӯлоб мегӯяд, ба онҳо фаҳмонида мешавад, ки пеш аз шиноснома гирифтан ному насабашонро дубора русӣ кунанд, то дар оянда ба мушкил дучор нашаванд. Ба гуфтаи ӯ, ба онҳо аз таҷрибаи дигар хатмкунандагон мисол меоранд, ки бо чунин ному насаб дар Донишгоҳҳои Русия дохил шуда натавонистаанд ва ё ҳангоми муҳоҷир шудан ихроҷ шудаанд. Ба ҳамин хотир онҳо розӣ мешаванд, то насабашон тағийр дода шавад.

Аммо мушоҳидаҳо нишон дод, ки ин мушкил хоси минтақаи Кӯлоб нест. Исмоил, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ӯ ҳам ба чунин мушкил дучор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин талабро на мактабу Шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, балки мизҳои шиносномадиҳӣ анҷом медиҳанд: «Ба мо гуфтанд, ки Шодмони Исмоилӣ нодуруст аст ва бояд аввал насаб биёяд ва ба дунболи он ному номи падарӣ. Ин талабро мизи шиносномадиҳӣ кард. Онҳо сабабашро чунин шарҳ доданд, ки дар оянда ба фарзандатон дар хориҷа мушкилӣ пеш наояд.»

Бад ин тартиб, аксари хатмкунандагон иваз кардани барчаспҳои насабашонро талаби мизҳои шиносномадиҳӣ медонанд, аммо масъулини мизҳои шиносномадиҳӣ ин гуфтаҳоро рад менамоянд.

Абдуғаффор Фаттоев, сардори мизи шиносномадиҳии шаҳри Кӯлоб ҳангоми сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки онҳо танҳо дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷати сокинон, барояшон шиноснома медиҳанд ва касеро барои иваз кардани ному насаб ташвиқ намекунанд: «Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон кард номашро. Чаро мо номҳоро иваз кунем, дар ҳоле, ки президенти мо номи тоҷикӣ дорад? Ҳар кас дар гирифтани ном ихтиёр дорад. Онҳо ба мо чӣ гунае, ки ҳуҷҷат пешниҳод кунанд, мо дар асоси ҳамон ҳуҷҷатҳо шиноснома медиҳем. Ин хел гапҳо асос надоранд.»

Ба гуфтаи сокинон, чунин мушкил дар ҳоле пеш омадааст, ки то анҷоми соли таҳсили 2012 як моҳ боқӣ мондааст ва хатмкунандагони макотиби миёна барои ворид шудан ба Донишгоҳу донишкадаҳо бояд шиноснома бигиранд.
XS
SM
MD
LG