Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони "ов" ва "вич" бештар шудаанд


Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон.
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон.

Додситони кулли Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо пасвандҳои русӣ нигаронӣ кардааст.

Додситони кулли Тоҷикистон гузориши солонаи худ доир ба натиҷаи санҷишҳову таҳдқиқотҳои мақомоти прокуратура дар соли 2013-ро ба нашр расонда, аз ҷумла дар мавриди бештар шудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба навишти насаби худ бо суффиксҳои “ов” ва “вич” изҳори нигаронӣ карда, инро тарбияи заъифи соҳаи маориф ва парвариши кишвар унвон кардааст.

Шерхон Салимзода ин гузориши худро дар саҳифаи нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба нашр расонида, мегӯяд, ки санҷиши қонунгузориҳо дар мақомоти маориф, адлия ва идоракунии ҳарбӣ нишон додааст, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ коҳиш ёфтааст.

Вай бо нигаронӣ зикр мекунад, ки солҳои охир раванди даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд. Ба унвони мисол, дар се соли охир дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат 177 нафар, Донишгоҳи омӯзгорӣ 113 ва Донишгоҳи давлатии тиббӣ 223 донишҷӯ аз тарзи миллии номгузорӣ, даст кашида, ба тарзи шӯравии номгузорӣ (суффиксҳои “ов” ва “вич”) гузаштаанд.

Вай мегӯяд, ки дар ҳамин муддати се сол гузашта дар ҳамин донишгоҳҳое, ки санҷида шуданд, танҳо 2 нафар тарзи миллии номгузориро интихоб намудаанд. Ҷаноби Салимзода меафзояд, ки чунин ҳолат дар дигар мактабҳои олии кишвар низ дида мешавад.

Аммо бархе хонаводаҳои тоҷик мегӯянд, ки танҳо пас аз ихроҷ шудани фарзандашон аз Русия, ба таври иҷборӣ ному насби миллиро ба шакли шӯравии «ов» ва «вич» табдил додаанд. Саёрабек Афзалов, як сокини Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки сарфи назар аз тарбияи милливу ватандӯстӣ, хонаводаи вай аз ҳисоби муҳоҷират рӯз мебарад аз ин рӯ насаби фарзандаш «Ҷамшед Афзалзода»-ро ба хотири ин, ки пас аз хатми мактаб назди бародараш ба Русия хоҳад рафт ва ба хотири пеш наёмадани мушкил дар шиносномааш, «Афзалов Ҷамшед Саёрабекович» хоҳад кард.

Ва мегӯяд, ки мисли ӯ даҳҳо ва садҳо нафар ҳастанд, ки пас аз ихроҷ шудан аз Русия, ночор насаби худро бо суффикси «ов» ва «вич» табдил мекунанд.

Тағйири ному насаб дар давраҳои пеш ба хонаводаҳои зиёиён рабт дошт. Вале маъракаи бозгашт ба номгузории тоҷикӣ ба даврони баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ рост меояд ва то ин замон аксари зодагони даврон истиқлолият дар ҳуҷҷатҳои шахсиашон номҳои тоҷикӣ доранд.

Дар рӯзи Наврӯзи соли 2007 раисҷумҳури Тоҷикистон ва бо пайравӣ аз ӯ, як идда вазирону мақомдорони Тоҷикистон низ аз пасвандҳои русии «ов»-у «ев» даст кашиданд. Аз ҷумла вазирони вақт Гул Шералӣ ва Ғулом Бобозода низ дар ин давра ному насаби худро тағйир дода буданд.
XS
SM
MD
LG