Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амирқул Азимов, додситони кулли собиқ ва дабири пешини Шӯрои амният хатари такрори ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистонро рад карда ва гуфт, ки мардум ба ҳеч гуна иғво дода нахоҳанд шуд.

Додситони кулли собиқ ва дабири пешини Шӯрои амният ҳарчанд Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон аз хатари терроризм эмин надонист, аммо гуфт, ки вазъ аз солҳои 90-ум ба куллӣ фарқ мекунад ва сокинон ба ҳаргуна иғво дода нахоҳанд шуд. Амирқул Азимов дар ин бора дар посух ба суоли Озодӣ, ки оё сокинон ва мақомот аз даргириҳои солҳои навадум сабақ гирифтаанд ва оё хатари такрори ин ҳодисаҳо вуҷуд надорад? рӯзи 28 январ дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, "мардум ва ҳукумат сабақ гирифтаанд. Мардум дигар фирефтаи таблиғи иғвогарон намешавад. Ҳукумат низ нерӯҳои мусаллаҳро пурқувват кардааст. Яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин надоштани артиш буд. Шукр, ҳоло артиши нерӯманд дорем, ки метавонад кишварро аз ҳар гуна таҳдидҳо ҳифозат кунад."

Амирқул Азимов дар ин суҳбаташ ба ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 низ дахл карда ва гуфт, ки сабақ нагирифтан аз ин ҳодисаҳо ба ҷанги шаҳрвандии панҷсола асос гузоштааст. Дар моҳи феврали 1990 дар пайи овозаҳо дар бораи вуруди садҳо тан аз гурезаҳои арманӣ ба Душанбе ва додани манзил ба онҳо ҳазорҳо тан аз сокинони Тоҷикистон дар назди бинои Кумитаи марказии ҳизби коммунист гирдиҳамоӣ карданд. Нерӯҳои давлатӣ ба манзури пароканда кардани тазоҳургарон аз силоҳ истифода карданд, ки дар натиҷа 25 нафар кушта ва 291 нафар захмӣ шуданд.

Қаҳҳор Маҳкамов

Қаҳҳор Маҳкамов

Ба дунболи он тазоҳургарон истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатулло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев - раҳбарони вақти давлати Тоҷикистонро тақозо карда ва ин афрод дар пайи фишори тазоҳургарон санади истефоъро имзо гузоштанд. Аммо пленуми фавқулодаи Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон истеъфоҳоро напазируфт.

Додситони кулли собиқи Тоҷикистон гуфт, “агар ин ҳодиса чӣ дар воситаҳои ахбори умум ва чи дар вохӯриҳо бо донишҷӯёну мактаббачаҳо, вохӯриҳо дар масҷидҳо аз ҷониби шахсиятҳои шинохта маънидоди дуруст карда мешуд, мардум хатогиҳоро фаҳмида, панд мегирифтанд. Афсӯс, ки ин тавр нашуд. Ин ҳодисаро маҳкум накарданд”.

Ба қавли Амирқул Азимов, идеяи таъсиси “давлати исломӣ” ҳанӯз рӯзи 9 феврали соли 1990 дар рӯзи ифтитоҳи масҷид дар деҳаи Арбоб Хотуни ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) садо дода, “муллоҳо бо паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар бораи вуруди гурезаҳои арман ба Душанбе мардумро ба бетартибиҳо даъват мекарданд.”

Раҳмон Набиев

Раҳмон Набиев

Инчунин, ӯ раҳбарони вақти ҳукумати Тоҷикистонро дар “беҷуръатӣ” муттаҳам кард, ки натавонистаанд дар марҳилаи аввал аз тазоҳуроту хунрезӣ ҷилавгирӣ кунанд. Амирқул Азимов аз иқдоми Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури пешини Тоҷикистон интиқод кард, ки пас аз маросими савгандёдкунӣ ба ин мақом садҳо нафар аз зиндониёнро, ки дар созмондиҳӣ ва ширкати фаъол дар ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 маҳкум шуда буданд, озод кард.

Ӯ гуфт, аз ҷумлаи нафарони озодшуда Исмат Ҳабибуллоев, ки бо номи “Исмати Авулӣ” маъруф буд ва аз созмондиҳандагони беназмиҳо дар феврали соли 1990 маҳсуб мешуд, дар моҳи сентябри соли 1992 президент Раҳмон Набиевро дар фурудгоҳи Душанбе гаравгон гирифта ва маҷбур ба истефоъ карда буд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон иллати аслии нооромиҳои солҳои навадум дар кишварро “адами эътимод миёни ҷомеа ва ҳукумат” донист ва гуфт, ки “мутаассифона, ин мушкил дар шароити феълии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад”. Ба қавли ӯ, “яъне, адами гуфтугӯ ё диалог миёни ҳукумат ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён метавонад боис ба сар задани ҳамагуна чолишҳо шавад.”

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, ҳукумат бояд ин чолишҳоро нодида нагирад, баръакс, решаҳои онро дар ҷомеа омӯхта ва барои ҳаллаш ҷиддӣ талош кунад.

Аммо ба бовари Маҳдии Собир, коршиноси масоили амниятӣ, ҷавонони Тоҷикистон, ки рӯзҳои фоҷиабори даҳаи 1990-ро надидаанд, бидуни андеша аз паёмадҳо ба аъмоли тундравӣ даст мезананд ё ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ мепайванданд. Ӯ бо ишора ба паёми президент Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони Тоҷикистон, ки дар он теъдоди шаҳрвандони тоҷик дар Сурия ва Ироқ ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда буд, гуфт, ин афрод метавонанд дар оянда ба амнияти кишвар таҳдид кунанд.

Дар зимн, дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" бо иштироки Амирқул Азимов, собиқ додситони кулл ва дабири пешини Шӯрои амният барои аввалин бор намояндагони аҳзоби мухолиф иштирок надоштанд. Дар маҳфилҳои қаблӣ Ҳикматулло Сайфуллозода, намояндаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, Раҳматилло Зоиров ва Шокирҷон Ҳакимов - намонядагони ҳизби сосиал-демократ аз ширкаткунандагони доимӣ маҳсуб шуда, дар ин ё он масъала низ фикру назарашонро мегуфтанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG