Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дараи Ромит – паноҳгоҳи охирини фармондеҳони саркаш?


Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ-Ҳалим исми дараи Ромитро дар сархати ахбори доғ аз Тоҷикистон қарор дод. Чаро гурӯҳҳои саркаш маҳз дар ҳамин дара паноҳ меҷӯянд?

Амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, ё Ҳоҷӣ - Ҳалим, ки аз 4 сентябр дар дараи Ромит идома дорад, бори дигар исми ин дараи воқеъ дар ҳамагӣ 55-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанберо вирди забонҳо кард.

Рӯзи 4 сентябр дар ду ҳамлаи мусаллаҳона ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат вадар як даргирии дигар бо нирӯҳои ОМОН дар Душанбе 9 тан аз нирӯҳои давлатӣ ва 8 тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Ҳамлагарон дар пай бо теъдоди зиёди силоҳу муҳимот ба дараи Ромит фирор карданд. Тайи 5 рӯзи амалиёти зидди ин гурӯҳ, ки мақомот Абдуҳалим Назарзодаро раҳбараш меноманд, ба ҳисоби мақомот, ҳудуди 60 нафар дастгир ва дастикам 18 тан аз ҳамлагарон кушта шудаанд.

Размандагони собиқи ҳам мухолифин ва ҳам Фронти халқӣ – ду тарафи даргири ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-уми Тоҷикистон дараи Ромитро як минтақаи аз нигоҳи стратегӣ барои пешбурди ҷангҳои чирикӣ нодир меноманд ва ба ин далел мегӯянд, амалиёти таъқиби афроди Ҳоҷӣ-Ҳалим дар кӯҳҳои душворгузари Ромит метавонад хеле тӯл бикашад.

Аммо чаро гурӯҳҳои саркаш дар Ромит паноҳ меҷӯянд?

Дараи Ромит дар 16 200 гектар замине, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1959, дар “Мамнӯъгоҳи давлатии табиии Ромит” муттаҳид карда шудаанд, доман густурда, аз саргаҳи дара то поёнаш тақрибан 50 километр тӯл дорад. Ин дара дар самти шарқ ба Обигарм ва аз тариқи дараи Канаск ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, дар ғарб аз тариқи Роҳатӣ ва Теппаи Самарқандӣ ба дараи Варзоб ва он тараф то марзи Регар бо Узбакистон ва дар самти шимол ба навоҳии Айниву Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ дорад.

Centralnaya Street, Romit, Tajikistan
Centralnaya Street, Romit, Tajikistan

Ансор, як узви собиқи Фронти халқӣ, ки дар амалиёти зимистон ва баҳори соли 1993 дар дараи Ромит ширкат кардааст, мегӯяд, шароити Ромит барои ҷангҳои чирикӣ мусоид аст: “Роҳҳои зиёди Ромит барои ақибнишинӣ, ё ба истилоҳи русӣ, “пути отхода”, ин минтақаро аз нигоҳи стратегӣ ҷаззоб мегардонад. Гурӯҳҳои силоҳбадасти саркаш, агар ночор монданд, метавонанд аз тарафи шимол ба самти кӯҳистони Мастчоҳ ва аз тарафи шарқ ба водии Рашт фирор кунанд ва сипас ба Афғонистон гузаранд. Таъқиби онҳо дар кӯҳистони Ромит мушкил аст, чунки посгоҳ гузоштан дар тамоми роҳҳои ин кӯҳҳои касногузар аслан имкон надорад. Аз ин роҳҳо метавон бо хару асп гузашт, вале на бо техника.”

Ансор аз амалиёти зимистони соли 1993 дар дараи Ромит низ ёд кард ва гуфт, нирӯҳои Фронти халқӣ баъди ба осонӣ гирифтани Душанбе маҳз дар инҷо ба муқовимати сахт дучор шуданд ва пешравиашон қатъ шуд: “Аслан пеш рафта намешуд, чунки ду-се нафари онҳо дар болои як кӯҳ камин мегирифт ва мо дигар аз 2-3 километр наздиктар рафта наметавонистем. Талафоти зиёд дод Фронти халқӣ дар Ромит. Даҳҳо нафар ҷон бохтанд. Полковник Файзулло Абдуллоев (фармондеҳи вақти Горди миллӣ ва бародари вазири вақти фарҳанг Бобохон Маҳмадов) низ дар Ромит ҳангоми ҳамла ба яке аз камингоҳҳои мухолифин кушта шуд. Мо ҷасадҳои Абдуллоеву сарбозони дигарамонро фақат баъди якуним моҳ тавонистем аз зери барф бигирем, чунки ҳатто имкони пеш рафтану ҷамъ овардани ҷасадҳо набуд.”

Дараи Ромит
Дараи Ромит

Файз, як размандаи собиқи мухолифин мегӯяд, дараи Ромит тақрибан ҳамсони дараи Панҷшери Афғонистон аст ва мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар инҷо аз таҷрибаи ҷангҳои чирикии муҷоҳидини афғон истифода мебурданд: “Як нафар болои кӯҳ камин мегирифт ва пеши роҳи як отряди калони тарафи муқобилро мебаст. Ҳамчунин роҳҳоро метарконданд ва бо снайпер намегузоштанд, ки бо экскаватор роҳро тоза кунанд. Бо ҳамин ҳаракати нирӯҳои давлатӣ барои чанд рӯз манъ мешуд.”

Ансор мегӯяд, танҳо бо гузашти чанд моҳ ва об шудани барфҳо ва он ҳам дар пайи истифодаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ барои бомбборони сангарҳои мухолифин ба нирӯҳои давлатӣ муяссар шуд, ки дараи Ромитро “тоза” кунанд: “Вале мо фақат қисматҳои водии ин дараро тавонистем зери назорат бигирем. Нирӯҳои асосии мухолифин ба сӯи водии Рашт ақиб нишастанд, вале гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо то поёни ҷанг, яъне то соли 1997 дар кӯҳҳои Ромит монданд ва пайваста ба посгоҳҳои нирӯҳои ҳукуматӣ шабехун мезаданд.”

Вале Файз бо такя ба таҷрибаи ҷангҳои соли 1993 дар дараи Ромит мегӯяд, истифодаи ҳавопаймоҳову чархболҳо дар шароити кӯҳистони Ромит зиёд муассир нест: “Ҳавопаймоҳо бомб меандохтанд, вале размандаҳо худро пушти сангҳо мегирифтанд ва эмин мемонданд. Дар тӯли ду моҳи муқовимат дар Ромит аз нирӯҳои мухолифин ҳамагӣ ду нафар кушта шуд. Яке ба сардӣ тоб оварда натавонист ва барои пайдо кардани ягони либоси гарм поён фаромад ва зери бомбборон монд. Нафари дуюм ҳангоми ҷамъоварии ғаниматҳо дар майдони ҷанг кушта шуд. Тиру силоҳи мо асосан аз ҳисоби ҳамин ғаниматҳо буд. Хӯрокро аз амборҳои лагерҳову осоишгоҳҳои Ромит ба даст меовардем ва аз рамаҳое, ки дар ин фасли сол аз чарогоҳҳои тобистона ба чарогоҳҳои зимистона мегузаранд.”

Зимнан, амборҳои хоҷагии баталйони собиқи 25-ум, ки Ҳоҷӣ-Ҳалим фармондеҳаш буд, низ дар мавзеи Мағоби дараи Ромит ҷойгир шуда буд.

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

Як манбаъ, ки дар амалиёт алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ширкат дорад, низ рӯзи 9 сентябр ба Озодӣ гуфт, “ҳудуди эҳтимолии пинҳоншавии Абдуҳалим Назарзода аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон то ноҳияи Ҷиргатол дар шарқи кишвар зери муҳосира аст, аммо то ҳоло нишоне аз ӯ пайдо накардаанд.” Афроди боздоштшудаи Ҳоҷӣ-Ҳалим, ба гуфтаи ин манбаъ, зимни бозпурсиҳо иқрор кардаанд, ки охирин бор генерали фирориро дар рӯзи аввали фирорашон – 4 сентябр - дидаанд ва гӯё ӯ бо 6 тан аз афроди мӯътамадаш, бо шумули сарҳанг Ҷунайдуллоҳ Умаров аз бақия ҷудо шудааст. Вале аз Айнӣ то Ҷиргатол қариб 400 километр фосила аст ва бо гузашти 5 рӯз ҳанӯз маълум нест, ки Абдуҳалим Назарзода мушаххасан куҷост?

Дар гузашта низ гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин чандин бор ба ҳамин дараи Ромит паноҳ бурдаанд. Дар поёни соли 1992, дар пайи аз даст додани шаҳрҳои Душанбе ва Кофарниҳон (Ваҳдати кунунӣ) аксари нирӯҳои мухолифини вақт маҳз дар Ромит сангар гирифтанд. Баъди чанд моҳи муқовимат нирӯҳои асосии онҳо ба раҳбарии Ризвон Содиров аз Ромит ба самти Рашт ақиб нишастанд, вале гурӯҳи Нозим Юсуфов, ки асосан ҷангиёни зодаи минтақаи Кофарниҳонро муттаҳид мекард, то поёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, яъне то соли 1997 дар Ромит монд. Нозим Юсуфов соли 1999, баъди хатми ҷангҳо дар як муноқишаи дохилӣ байни худи размандагони мухолифин дар Ромит кушта шуд.

Аҳли хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, бо шумули зану фарзандони Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз ҳамин роҳи дараи Ромит тарки кишвар карданд ва падари ӯ - Эшони Тӯраҷон - чанд соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ, то замони ба Қазоқистон рафтанаш, низ дар Ромит паноҳ бурда буд.

Исми Ромит бори дигар соли 2000-ум, замоне дар забони расонаҳо афтод, ки Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, яке аз фармондеҳони саркаши мухолифин, баъди шикасти нирӯҳояш дар дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод муддате дар Ромит паноҳ бурд ва бо ҷангиёни боқимондааш аз ҳаминҷо ба Афғонистон рафт.

Дар соли 2001, вақте нирӯҳои ҳукуматӣ гурӯҳи силоҳбадасти ду фармондеҳи дигари саркаш – Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон-Гитлер, ва Мансур Муаккаловро дар минтақаи Теппаи Самарқандӣ, дар канораҳои шарқии Душанбе, шикаст доданд, онҳо низ ба дараи Ромит фирор карданд. Вале ҳамагӣ баъди чанд рӯз ҳарду дар як амалиёт дар Ромит кушта шуданд ва ин исён, ба фарқ аз мавридҳои қаблӣ, зуд фурӯ нишонда шуд.

Дар солҳои охир номи дараи Ромит бештар бо сохтмони осоишгоҳҳои навбанав ва дар соли 2014 бо хабари ба ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited супурдани 100 дарсади саҳмияҳои кони тилои Покрӯд, ки низ дар ҳамин дара ҷойгир шудааст, дар забонҳо буд. Вале ба дараи Ромит фирор кардани муовини ҳамакнун собиқи вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бо тарафдорони мусаллаҳаш исми ин минтақаро дигарбора дар сархати ахбори доғ аз Тоҷикистон қарор додааст.

XS
SM
MD
LG