Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз буҳрони ғизо дар ҷаҳон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, наздик ба нисфи ғизое, ки айни ҳол дар ҷаҳон тавлид мегардад, зимни ҷамъоварӣ, интиқол ва коркард талаф меёбад.

Ин созмон бо нашри як гузориш ҳушдор медиҳад, ки дар сурати идомаи ин раванд, ояндаи наздик башарият ба камбуди ғизо дучор мегардад. Ба иттилои СММ, то соли 2075 теъдоди сокинони сайёраи Замин наздик ба 10 миллиард мерасад ва зарурати таъмини боз 3 миллиард инсони дигар бо ғизо пеш меояд.

Созмони Милали Муттаҳид аҳли башарро ба сарфакорӣ даъват мекунад, чун аз 4 миллиард тонна ғизое, ки ҳамасола дар сайёра тавлид мешавад, аз 30 то 50 дарсадаш зимни ҷамъоварӣ, интиқол ва коркард талаф меёбад. СММ мегӯяд мушкили ғизо дар оянда махсусан дар кишварҳои Осиё ва Африқо шиддат хоҳад ёфт, чун суръати афзоиши аҳолӣ дар ин қитъаҳо баланд аст.

СММ аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки тавассути сармоягузорӣ ба саноати ғизо ва бо истифодаи технологияи нав тавлидотро зиёд намуда, талафотро то ҳадди ақал расонанд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор медиҳад, ки агарр масъулини ҳукуматҳо ҳамакнун ба ҳалли мушкили ғизо напардозанд, дар оянда он метавонад мушкилоти бештари иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро ба бор орад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз нигоҳи амнияти ғизоӣ ба қатори кишварҳои осебпазир дохил мегардад ва талаботаш асосан аз ҳисоби воридот таъмин мешавад. Ба ҳисоби СММ ҳудуди 60 дарсади ғизои ҳаррӯзаи мардуми Тоҷикистонро маҳсулоти гандумӣ ташкил медиҳад, ки қариб 80 дарсади он аз Қазоқистон ворид мегардад.
XS
SM
MD
LG