Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ва Путин хариду фурӯши меваву сабзавотро баррасӣ карданд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари кориаш ба Маскав бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Дар ин мулоқот масоили тақвияти муносибатҳои Узбекистону Русия, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ баррасӣ шудааст.

"Баҳор, ба зудӣ - меваву сабзавоти Узбекистонро дарёфт хоҳем кард, мисли соли пешин. Ба шумо ҳам хуб аст, ба мо ҳам. Ин нархҳоро нигаҳ медорад, намегузорад, ки боло раванд", - гуфт президенти Русия.

"Мо имкон дорем, ки бозорҳои Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кунем", - гуфт Мирзиёев.

XS
SM
MD
LG