Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бебарқӣ - мушкили № 1- и чӯпону чорво дар Мурғоб


Ҷамъоварии терескен дар Мурғоб

Ҷамъоварии терескен дар Мурғоб

То ин авохир, агар чӯпоне дар Мурғоб бенишон мешуд, наздикони ӯ ва соҳибони молро чорае ба ҷуз аз интизорӣ боқӣ намемонд.

Вале акнун чӯпонҳо телефони ҳамроҳ доранд ва ширкатҳои мобилӣ робитаи доимии онҳоро бо мардум ва ҳамдигар таъмин мекунанд. Аммо вақте ки нерӯи батареяҳои телефон ба поён мерасаду дар ноҳия барқ нест, мушкил аз нав ба миён меафтад.

Ба гуфтаи сокини маркази ноҳия, Мурод Саодатқадамов, ҳоло мешавад ба дуртарин рустоҳо ва қутанҳои чӯпонӣ занг зад, вале мардум маҷбур аст, аз бебарқӣ бештари вақт дар торикӣ ба сар баранд. Вай афзуд, ки мардум фақат барои гарм намудани манзилҳои истиқоматӣ ва пухту пази ғизо маҷбуранд, ки ҳар моҳ бештар аз як ҳазор сомонӣ сарф кунанд:

«Пештар алоқа дар Мурғоб набуд, ҳоло ҳама ҷо алоқа аст, вале барқ нест. Фақат дар маркази ноҳия, баъди якрӯзӣ барқ медиҳанд, ки он ҳам фақат барои даргиронидани лампа асту халос. Як бастаи терескен дар як рӯз месӯзонем, сӣ сомонӣ, дар як моҳ қариб ҳазор сомонӣ мешавад.”

Мардуми ноҳияи Мурғоб хостори бунёди як нерӯгоҳанд, ки мушкили барқи онҳоро ҳал кунад. Ба гуфтаи раиси ноҳия, Чоошбай Мирзобаев, мутахассисони як ширкати олмонӣ ҷанбаҳои фаннии чунин тарҳро омӯхтанд ва интизор меравад, ки аз баҳори соли оянда сохтмони нерӯгоҳ оғоз шавад. Ин нерӯгоҳ бо иқтидори аз 2,5 то 3 ҳазор киловат-соат метавонад, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишини минтақаро бо барқ таъмин кунад.

Вале айни ҳол ба гуфтаи раиси ноҳия бинобар фарсуда шудани таҷҳизот ва камобӣ, ягона нерӯгоҳи хурди барқии мавҷуда, чаҳор маротиба камтар аз иқтидораш барқ медиҳад: “Ин нерӯгоҳ соли соли 1964 сохта шуда, фарсуда шудааст, айни ҳамагӣ 175 киловат барқ истеҳсол мекунад.”

Мақомоти ноҳияи Мурғобро бештар аз ҳама паёмадҳои экологии бӯҳрони энергетикӣ нигарон сохтааст. Зеро бинобар эҳтиёҷи шадид ба сӯзишворӣ, сокинон маҷбуранд, ки тезкан-ягона намуди паҳншудаи алафи бисёрсолаи минтақаро решакан кунанд ва ҳамасола даҳҳо гектар замини чарогоҳ ба биёбон табдил мешавад.

Биноан, талош мешавад, сокинони ноҳия бо ангишт таъмин бошанд. Ин мавод аз водии Олойи вилояти Ӯши Қирғизистон ба Мурғоб ворид мегардад. Ва ҳарчанд дар ҷумҳурии ҳамҷавор содироти ангишт маҳдуд шудаст, вале ин муқаррарот ба муносибатҳои тиҷоратии Олой ва Мурғоб таъсир надоштааст.

Ҳукумати ноҳия интизор дорад, ки бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар Мурғоб на фақат мушкили иҷтимоии мардумро ҳал хоҳад кард, балки ба пешрафти иқтисодии минтақа низ такон хоҳад бахшид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG