Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши "фастфуд"-ҳои ғарбӣ дар Хуҷанд муштариёни самбӯсаву мантуҳои сари роҳиро коҳиш надодаанд.

Ҳарчанд гамбургеру чизбургери "Фастфуд"-ҳои Хуҷанд дар як-ду соли охир миёни сокинон маъруфияте пайдо кардаанд, аммо ғизоҳои зудхӯри маҳаллӣ, ба мисли самбӯсаҳои “Лермонтов”-у “Мантуи Насиба” ҳам харидорони худро аз даст надодаанд.

Ҳамсабақон -- Ибодуллоҳу Орифҷон, ки дар "Фастфуд"-и маҳаллаи 19-уми Хуҷанд машғули истеъмоли ғизо буданд, изҳор доштанд, ки мунтазам ба ин ҷо барои ғизохӯрӣ меоянд. “Сари роҳ аст, таом тайёр ва бомазза. Вақти зиёд сарф намекунем. Нархаш ҳам арзон, як гамбургер ва қаҳваи се бар як, 5 сомонӣ меистад”,-мегӯяд Ибодуллоҳ.

Нарх дар “Фастфуд”- ҳои гуногуни Хуҷанд аз 4 то 8 сомонист ва тоҷикон ғизоҳои онро хушлаззат дарёфтаанд. Шумораи “фастфуд”-ҳо ҳам дар марказу канораҳои Хуҷанд рӯз ба рӯз афзун мешавад. Арзонӣ, хушмаззагӣ ва дастрасӣ, мизонҳои аслиии писандида шудани ин таомҳои хориҷӣ миёни сокинони Тоҷикистон дониста мешаванд.

Вале таомҳои зудхӯри ба истилоҳ амрикоиву ғарбӣ маззаву лаззати таомҳои сарироҳии миллии тоҷикиро аз коми сокинон набурдааст. Самбӯсаву мантуҳои гӯштиву кадугину алафӣ дар 12 моҳи сол барои суғдиён ғизоҳои зуду хушхӯр боқӣ мондаанд. Нархи онҳо ҳам аз “фастфуд” баланд нест. Самбӯсаву мантуҳои серхаридор миёни сокинони шимоли Тоҷикистон бо номи хосе машҳур аст. Масалан, аз бисёр сокинони Хуҷанд, ки пурсидед, “самбӯсахонаи Лермонтов дар куҷост?”, бехато роҳро нишон медиҳанд.

Пазандае, ки самбӯсаҳои гарму хушбӯи "Лермонтов"-ро аз танӯр берун меовард, ба суоли "Озодӣ", ки чаро самбӯсахона “Лермонтов” номгузорӣ шудааст, ҷавоб дод: “Чунки кӯчаи самбӯсахона пеш ба номи Лермонтов буд ва ба ҳамин ном машҳур шудем. Акнун номи кӯча ҳам ба Фирдавсӣ иваз шуду номи самбӯсахонаамон ҳам расман “Эҳсон” аст. Аммо дар забони ҳама ҳамон номи “самбӯсаи Лермонтов” часпида монд. Самбӯсаҳои мо аз гӯшти чорвои дастикуш, сабзавоташ - тозаи маҳаллӣ. Кафолати сифаташ - 100 фоиз.”

Самбӯсаҳои хурду калони “Эҳсон” 4 ва ва 8 сомонӣ арзиш доранд. Нархи як дона самбӯсаи “Амбарой”-и аз ҳама калону қимат дар Тоҷикистон дар канори бозори "Панҷшанбе" 12 сомонӣ аст. Аммо таъми он сирре дорад, ки танҳо соҳибаш - хонум Амбарой медонад ва теъдоди муштариёнаш чандин сол аст, зиёд мешавад.

Дар зимн, як вижагии рақобат байни таомҳои ба истилоҳ “фастфуди тоҷикӣ” дар Хуҷанд дар номҳои вижаи онҳо аст. Масалан, “мантуи Насиба” ё “самбӯсаи миллии 33”, яъне микроноҳияи 33. Вале ҳоло тақрибан дар тамоми гӯшаву канорҳои Хуҷанд намояндагиҳои худро боз кардааст. Ба фарқ аз фурӯшгоҳҳои сарироҳӣ, “самбӯсаи миллии 33” барои муштариёнаш толорҳои замонавию тоза, ҷавобгӯ ба талаботи муосири беҳдоштӣ фароҳам кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG