Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони охирини гуштигирони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ


Варзишгарони тоҷик дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаҳои гуштии юнонию румӣ ва гуштии озод, ки 9-уми май дар Туркия шуруъ шуд, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса мубориза мебаранд.

Дар ин мусобиқаи ниҳоии интихобӣ, ки то рӯзи 12-уми май дар шаҳри Истамбул идома меёбад, дар ҳар вазн финалистон ба Олимпиадаи Порис-2024 мустақиман роҳхат мегиранд, ҷоизадорони биринҷӣ бошанд, бо ҳам дар плей-офф барои дарёфти роҳхат талош хоҳанд кард.

Мусобиқа дар риштаи гуштии юнонию румӣ 10-уми май ба поён мерасад, рақобатҳо миёни занон 10-11-уми май, сабқати гуштии озод 11-12-уми май сурат мегирад.

Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW), дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Истамбул варзишгароне ширкат доранд, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон ва чаҳор мусобиқаи пешини интихобӣ натавонистанд ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат бигиранд. Дар ҳамаи вазнҳо 54 варзишгар рақобат мекунад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мебоист панҷ варзишгар намояндагӣ мекард, вале ба ду паҳлавони тоҷик – Асламҷон Азизов (60 кг) ва Фирӯз Мирзораҷабов (67 кг) – ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ виза ё раводид ба Туркия дода нашуд.

Бинобар ин, се варзишгари легионер - Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Виктор Рассадин (74 кг) – ҳарду дар риштаи гуштии озод ва Эдуард Бабеношев (130 кг) – дар намуди гуштии юнонию румӣ, ки шаҳрвандии Русия ва Тоҷикистонро доранд, барои роҳхат ба Олипиадаи Порис-2024 талош мекунанд.

Бояд тазаккур дод, то ҳоло ягон намояндаи Тоҷикистон дар риштаҳои гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат нагирифтааст.

Зимнан, дар намуди гуштии озод паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни 84 кило сазовори медали нуқра гашта буд.

Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло чаҳор роҳхат гирифтаанд, ки сетоаш ба риштаи бокс ва яктоаш ба таеквондо марбут аст.

Соли гузашта дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.

Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.

Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки рӯзҳои 15-16-уми март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид.

Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад. Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили варзишгарони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз шуа, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

XS
SM
MD
LG