Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Санкт-Петербург 60% кам шудааст


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъди моҳи апрел шумори корҷӯён аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон 60% ва аз Узбекистон 40% кам шудааст.

Дар ин бора дар сӯҳбат бо РБК як коршиноси умури муҳоҷират ва мудири замимаи интернетии «Мигрант Сервис» Андрей Кладов хабар додааст. Ӯ гуфтааст, бахусус соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сохтмон бо камбуди корҷӯён рӯбарӯ шудаанд.

Рӯзи 9 май дар як мусоҳибааш бо РБК Кладов гуфт: “Афзоиши камбуди нирӯи корӣ дар Санкт-Петербург тақрибан дар ҳама соҳаҳое мушоҳида мешавад, ки он ҷо одатан муҳоҷирон кор мекунанд. Кладов, ки бо такя ба нишондодҳои замимаи интернетии худ сӯҳбат кардааст, гуфт, коргарон аз Тоҷикистон ва Узбекистонро бештар барои ҷалб ба кори кассир ё муҳосиб, курйер, мушовир ва кор дар анбор ҷустуҷӯ мекунанд.

РБК мегӯяд, якбора кам шудани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба даъвати ВКХ Тоҷикистон рабт дорад, ки аз шаҳрвандони ин кишвар хост муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Фишору азияти дастаҷамъии муҳоҷирон дар сарҳаду фурудгоҳҳои Русия баъди ҳамла ба “Крокус” боиси ҳарос ва ҳам дилсардии муҳоҷирони корӣ аз сафар ба Русия шудааст.

РБК мегӯяд, коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградро дар аввали соли ҷорӣ сарраёсати умури дохилии Санкт-Петербург ҳам хабар дода гуфт, ки дар як соли гузашта 12 ҳазор нафарро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG