Пайвандҳои дастрасӣ

Бекории ҷавонон - бузургтарин чолиши замони муосир


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Буҳрони ҷаҳонии молӣ ба сурати номутаносиб ба насли нави коргарон, ки акнун ба шуғлҳои бесубот ва маоши ночиз рӯ ба рӯ шудаанд, зарба задааст.

Сокини шаҳри Душанбе Акмал Дилдорбеков 23 сол дорад ва ду сол пеш яке аз донишгоҳи Тоҷикистонро хатм кард. Аз замони хатми донишгоҳ то ҳол Акмал ва ҳамкурсҳои дигараш ҷойи кор пайдо накарданд. Акмал мегӯяд, танҳо роҳе, ки барои ӯ боқӣ мондааст, бесаробон гузоштани волидон ва пайвастан ба артиши бисёрмиллионаи ҷавонони Осиёи Марказӣ аст, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд.

“Ман як одами бекорам, вақтамро асосан дар хона мегузаронам. Аз рӯи ихтисос барномасози компютерам. Ман барои дарёфти ҷойи кор ба ҳар идораву ширкат, бонку ширкатҳои хусусӣ, ки ба програмисти компютер ниёз доранд, муроҷиат кардам. Ҳоло ҳам дар ҷустуҷӯи ҷойи кор ҳастам. Агар чизе пайдо нашуд, маҷбурам ба Маскав равам ва муҳоҷири корӣ шавам.”

Акмал Дилдорбеков яке аз миллионҳо ҷавони бекор аст, ки дар ҷараёни бӯҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ ва паёмадҳои он, умедро ба ояндаи беҳтар аз даст додаанд. Акнун дар бисёр мавридҳо коргарони ҷавонро, ки давраи фаъолияти меҳнатии онҳо ба буҳронҳои иқтисодӣ мувофиқ омадааст, “насли гумшуда” меноманд.

Барои намуна Тоҷикистон беш аз миллион муҳоҷири корӣ дорад, ки бахши аслии онҳо дар Русия кор мекунанд. Аммо дар ҳоле, ки аксари ин ҷавонҳо маълумоти олӣ ва касбҳои замонавӣ доранд, умдатан ба корҳои сиёҳ машғуланд, ки имрӯз ҳасту фардо не.

Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Кор, беш аз 74 миллион ҷавони аз 15 то 24 сола дар саросари ҷаҳон ҷойи кор надорад. Чаҳор миллион нафар аз оғози бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар соли 2007, ба ин артиш ҳамроҳ шудаанд. Аз ин шумор шаш милион аз ҷустуҷӯҳои бенатиҷа хаста шуда, дигар ҷойи кор намекобад. Бекории ҷавонони коргар ба сифати бозори меҳнат дар ҷаҳон бетаъсир намондааст. Мутахассиси Созмони Ҷаҳонии кор дар Банкок Метю Когнас ба Радио Озодӣ гуфт, ки коргарони ҷавон дар маҳдудият ба сар мебаранд ва теъдоди бекорон аз ҳисоби ҷавонҳо се баробар бештар аз бузургсолон аст. “Ҷавонҳо ҳамон гурӯҳҳоеянд, ки аз ҳама бештар табъиз мешаванд. Дар шароити афзоиши буҳрони иқтисодӣ, аз байни довталабони кор онҳоро аз ҳама охир интихоб мекунанд. Ва дар ҳолати бӯҳрони иқтисодӣ, аввал ҷавонҳо ихтисор мешаванд.”

Бекориии шадид дар Испания ва Юнон ҷараён дорад ва дар ин ду кишвар нисфи хатмкардаҳои макотиби олӣ ҷойи кор намеёбанд. Дурнамои бозори кор дар қораи Осиё ва Уқёнуси Ором низ хира ба назар мерасад. Дар Тайван ва Филиппин миёни ҷавонон аз шаш як нафар ҷойи кор надорад. Дар Индонезия аз панҷ як нафар беҷойи кор аст. Вазъияти бадтарин дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ҳукмфармост. Дар ин ду минтақа аз чаҳор нафар яке ҳатман ҷойи кор надорад.

Бекории ҷавонон бештар хоси кишварҳои осиёӣ ва аврупоист.

Бекории ҷавонон бештар хоси кишварҳои осиёӣ ва аврупоист.

Ба гуфтаи Метю Конгас, мутахассиси Созмони Ҷаҳонии кор, бекорӣ ба бузургтарин чолиши замони муосир табдил шудааст: “Ҷавонон интихоби дигар надоранд, магар, ки дар шароити бекорӣ, ҳар кори пешомадаро хушомад бигӯянд. Корҳое , ки наметавонанд онҳоро аз фақру бебизоати наҷот диҳанд.“

Мутахасcисони бозор ва раҳбарони ширкатҳо бо ишора ба ин воқеъият, ки ҳамасола 40 миллион нерӯи ҷавон ба бозори меҳнат ворид мешавад, мегӯянд, ҷаҳон дар рӯи бомбаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нишастааст.

Нерӯи харҷнашудаи ҷавонон дар кишварҳое, ки аҳолиашон пир шудааст, аҳамияти бузург дорад. Зеро дар ҷое ки ҷавонҳои коргар каманд, молиёт низ ба хазинаи иҷтимоӣ камтар ворид мешавад. Аз сӯи дигар, онҳое, ки муддати тӯлонӣ бекор буданд, камтар ба кор истихдом мешаванд ва дар тамоми фаъолияти кории худ пули зиёд ба даст намеоранд.

Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд гуфтааст, бекории тӯлонӣ бо фақру бебизоатӣ, маризӣ ҳамроҳ буда, ба оилаи шахси бекор, махсусан ба таҳсили бачаҳои онҳо таъсири ҷиддӣ мегузорад. Яъне фарзандони ин оилаҳо низ аз ояндаи беҳтар маҳрум мешаванд. Соли гузашта мавҷи норозигии ҷавонҳо дар Ховари Миёна ва Аврупои ҷанубӣ собит кард, ки дилсардиву нобоварӣ дар байни ҷавонон метавонад танишҳои иҷтимоиро доман занад.

Мутахассиси Созмони Ҷаҳонии кор Метю Конгас мегӯяд, ҳоло ба назар мерасад, ки сиёсатмадорон аз ин тамоюлҳо пайғоми дуруст гирифтаанд: “Масъалаи ба ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон аз тарафи ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба ин андоза пураҳамият набуд, ки ҳоло ҳаст.”

Метю Конгас меафзояд, “теъдоди зиёде аз кишварҳо барномаҳои стратегиро дар робита ба фаъолиятҳои ҷавонон тарҳрезӣ кардаанд.”

Созмони Ҷаҳонии Кор ва Ташкилотҳои дигар аз ҳукуматҳо даъват карданд, ки барои эҷоди ҷойи кор ва таҳсили ҷавонон, сиёсатҳои ҳадафмандонаро пеш бубаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG