Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз нисфи аҳолии дунё шароити феълиро фурсати муносибе барои ҷустуҷӯи ҷои кор намедонанд.

Бар асоси як назарсанҷии соли гузашта дар 146 кишвари дунё анҷомдодаи Gallup, 57 дарсад нисбат ба шонси худ барои пайдо кардани ҷои кор нохушбин буда, танҳо сеяки пурсидашудагон дар ин масъала изҳори хушбинӣ кардаанд.


Дилпурии нисфи мардум

Бо ин ҳол, 48 фоиз, ё қариб нисфи мардум дар Тоҷикистон мутмаин будаанд, ки барои худ ҷои коре ҳатман пайдо хоҳанд кард. Ва танҳо 38 дарсад аз байни беш аз 1000 нафаре, ки дар назарсанҷии як сол пеши созмони Gallup дар Тоҷикистон пурсида шуданд, дар ин масъала чунин дилпур нестанд.

Як ҷомиашиноси тоҷик, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат доштааст, гуфт, авҷи сохтмону роҳсозӣ бозори корро дар кишвар назар ба солҳои қабл хеле зиндатар кард ва нафаре, ки дар воқеъ рағбати кор кардан дошта бошад, метавонад дар Тоҷикистон ҷои коре, албатта, на бо маоши хеле баланд, пайдо кунад. Кор дар идораҳои давлатии Тоҷикистон то ҳол асосан насиби афроди хосу ба истилоҳ “пуштдор” мешавад ва барои бақия фақат кор дар бозору сохтмон мемонад ё таксиронӣ, ки шумори зиёде дар моҳҳои истироҳат аз мардикории Русия дар ватан бо ҳамин шуғл андармонанд.

Баҳриддин, ки дар як нуқтаи мошиншӯӣ кор мекунад, мегӯяд, нафаре ки бихоҳад, дар худи Тоҷикистон ҳам ҷои кор пайдо мекунад, вале ба фарқ аз Русия, маоши инҷо ҳеҷ гоҳ дар даст ҷамъ намешавад: “Яктааш худи ман. Ҳар рӯз 50 сомонӣ меёбам, ба зиндагӣ мерасонад, вале ҷамъ намешавад. 2-3 рӯз ҷумъ мекунам, ки харҷе пеш меояд ва ҳамааш меравад. Бовар кунед, агар маоши хуб бошад, ҳама тайёр аст, ки 24 соат дар шабонарӯз ҳам кор кунад.”

Афсурдагии баъди буҳрони Аврупо

Аммо ба сурати умум, назарсанҷии Gallup ҳокист, ки мардум дар Тоҷикистон нисбат ба пайдо кардани ҷои кор аз кишварҳои зоҳиран серу пуртари дунё ва ҳатто аз Русия, ки як умеди асосии ҷои кори мардуми мост, хушбинтар будаанд. Бо ин ҳол, дар ҳеҷ куҷои дунё нисбат ба бозори кор чунин нохушбин нестанд, ки дар кишварҳои буҳронзадаи Аврупо. Дар Юнону Ирландия ва Испанияву Италия ва дар Сербистон аз 91 то 96 дарсади мардум гуфтаанд, ки дар шароити кунунӣ шонси зиёде барои пайдо кардани ҷои кор намебинанд. Аз байни кишварҳои шӯравии собиқ баландтарин мизони нохушбинӣ дар ин масъала - 87 дарсад – дар Молдова мушоҳида шудааст.

Як мояи чунин нохушбинии мардум дар Аврупо ва кишварҳои дигари пешрафта, албатта, буҳрони давомдори минтақаи еврост, ки хези башиддати сатҳи бекориро ба ҳамроҳ дорад.


Аммо мояи чунин дилпурии мардум дар Тоҷикистон чист? Нуруллоҳ Маҳмадуллоев, мудири Ожонси шуғли аҳолӣ, чунин таҳаввули мусбат дар зеҳни мардумро натиҷаи чанд сол боз дар меҳвари сиёсатҳои Душанбе қарор гирифтани масоили таъсиси ҷойҳои корӣ ва мубориза бо бекорӣ медонад: “Омили дигар муҳоҷират аст, ки машаққати зиёд дорад. 99 фоизи мардум на ба умеди давлати сарват, балки танҳо ба хотири пайдо кардани рӯзии хонавода ба муҳоҷират мераванд ва мехоҳанд, ки ҷои коре дар худи Тоҷикистон биёбанду аз ин азоби ғурбат бираҳанд. Ва ба ин ноил шуда истодаанд. Дар солҳои охир дар дохил ҷойҳои корӣ хеле зиёд шуд. Баъдан дастгирии соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки 70 фоизи ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамин бахши хусусӣ таъсис шаванд.”


Мардум ба худ ва ба Русия такя мекунад

Исфандиёр Халилӣ, шореҳи иқтисодии ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” мегӯяд, дар ҷомиаҳои пешрафтаи дунё мардум ба кумаки давлат такя мекунад ва чун буҳрон ин дасти ёриро барояш кӯтоҳ кард, сардаргум шудааст, ки ҳисоби зиндагиашро ҳоло аз куҷо биёбад? Дар Тоҷикистон вазъ комилан баръакс аст ва мардум ба бозуи худ такя карда, умедвори кумаке аз ҷониби давлатмардон нест.

Ин аст ки, меафзояд Исфандиёр Халилӣ, тоҷикҳо ба мушкили ҷои кор ин қадар бо дард нигоҳ намекунанд, ки мардуми нозпарварди Аврупо ё Амрико: ”Дар Тоҷикистон дастгирии иҷтимоии мардуми бекор хеле кам аст ва мардум кӯшиш мекунад, худаш коре пайдо кунаду худаш ба чизе ноил шавад. Албатта, дар кишвар ҷои кор ҳанӯз зиёд нест. Ҳама медонанд, ки на корхонаи дуруст дорему на дар зимистон - барқи кофӣ. Иқтисоди мо ҳам хеле заиф аст. Лекин мардум бештар ба худ такя мекунад, на ба давлат. Ва ҳамин такя ба худ кардан, ба фикри ман, сабаб шуда, ки мардум, бахусус ҷавонон, ҷои корашро мустақилона биёбад.”

Бино ба омори расмӣ, сатҳи расмии бекорӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 3,6 фоиз баровард шуда, 56 800 нафар худро расман ҳамчун бекор сабти ном кардаанд. Вале манобеъи дигар шумори воқеъии бекорон дар Тоҷикистонро бакарат бештар мегӯянд.

Дар кишвар феълан 2,1 миллион ҷои кор вуҷуд дошта, ба ҳисоби Ожонси шуғли аҳолӣ, ҳар сол то 100 000 ҷои кори нав ба он меафзояд. Ин ожонс як махзани миллии маълумот дар бораи ҷойҳои кории холиро дар сомонаи вижаи kor.tj низ гардон кардааст. Ин сомона дар соате ки мо дохилаш шудем, 7844 пешниҳоди ҷои кор дошт, ки аз 112 сомонӣ барои фаррошӣ то 1700 сомонӣ барои ронандаҳои экскаватору грейдер ва кафшергар дар ширкати роҳи оҳан маош пешниҳод мекард.

Аммо бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон ҳанӯз фарҳанге саросаритар аз андешаи мардикорӣ дар Русия нест. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, як мояи дилпурии мардум низ ҳамин аст, ки агар дар ватан ягон шуғле наёбанд, иқболи худро метавонанд дар Русия бисанҷанд, ки охирин қиблаи умеди ин мардуми ташнаи кор боқӣ мемонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG