Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷаҳонии кор гуфт, дар кишварҳои узви G20 то соли 2012 теъдоди бузурги мардум бекор мемонанд.

Бино ба омори ҷадиди ин созмон, ҳудуди 20 миллион ҷойи корие, ки аз замони бӯҳрони иқтисодии соли 2008 пайдо шуда буданд, то он замон таҷдид нахоҳанд шуд. Тоҷикистон узви G20, бистгонаи пешрафтатарини кишварҳои ҷаҳон нест, аммо аз 700 ҳазор то 1 миллион шаҳрвандаш дар яке аз кишварҳои бузургтарини ин гурӯҳ - Русия муҳоҷирати корӣ доранд.



Олга Богданова, аз масъулони бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони ҷаҳонии кор дар Маскав гуфт, бӯҳрон тамоми қишрҳои фаъол дар истеҳсолотро дарбар мегирад, аммо вазъи муҳоҷирин бадтар хоҳад буд.

Олга Богданова
"Агар дар кулл ба таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии кор назар афканем, бешак, муҳоҷирони меҳнатӣ дар марҳалаи бӯҳрон ба вазъи аз ҳама осебпазиртарин мувоҷеҳ мешаванд. Дар навбати аввал, корҳо дар он бахшҳои истеҳсолот, ба шумули сохтмон, ки тибқи анъана аз меҳнати муҳоҷирин зиёд истифода мекунанд, қатъ мешаванд. Муҳоҷирон маҷбур мешаванд ба ватан баргарданд. Бешак, таъсири бӯҳрон ба муҳоҷирин дар қатори дигарон мерасад",-афзуд ӯ.

Созмони ҷаҳонии кор дар ҳамдастӣ бо Созмони рушд ва ҳамкории иқтисодӣ як гузориши муфассали таҳлилиеро бар пояи нишасти охирини вазоратҳои шуғли кишварҳои узви G20 омода кардааст. Дар ин гузориш омадааст, ки агар солона сатҳи афзоиши шуғл дар фазои кишварҳои бистгона 1,3 дарсад бошад, то соли 2015 солона 21 миллион нафар бо шуғл таъмин хоҳанд шуд.

Аммо гузоришгарон изҳори нигаронӣ кардаанд, ки сатҳи воқеии афзоиши шуғл 0,8 дарсадро ташкил мекунад ва аллакай соли 2012 ба 40 миллион ҷойи корӣ зарурат пайдо мешавад. Гузашта аз ин, гузориш сатҳи афзоиши шуғлро дар Русия баробар ба сифр нишон медиҳад.

Анвар Бобоев
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон кадом як нигарониеро дар ин пешбиниҳои созмонҳои байнулмилалӣ намебинанд. Анвар Бобоев, муовини сарвари Департаменти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷиикистон мегӯяд, ин таҳлилҳо бояд баррасӣ шаванд: "Зеро дар як ҷаласа дар Аврупо гуфта буданд, ки ин қора ба ҳудуди 20 миллион нерӯи корӣ эҳтиёҷ дорад ва инро ба раванди пиршавии аҳолӣ марбут дониста буданд. Ба қарибӣ аз Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Санкт-Петербург омада буданд, ки сари қонунӣ кардани муҳоҷирати корӣ музокира кунанд. Русия ба нерӯи корӣ беш аз ҳарвақта ниёз дорад."

Бар пояи гузориши созмонҳои байнулмилалӣ, коҳиши шуғл дар кишварҳои узви G20 бар асари мавҷи нави бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ бояд ба миён ояд. Аммо коршиносон мегӯянд, бӯҳрони гузаштаро Русия бидуни мушкили ҷиддӣ паси сар кард. Аммо бино ба маълумоти расмӣ, солҳои бӯҳронии 2008-2009 маблағи интиқолии муҳоҷирини меҳнатии тоҷик то 30 дарсад коҳиш ёфт ва имсол бар пояи таҳлилҳои қаблӣ бояд то 7 дарсад афзоиш ёфта, соли оянда ба ҳадди солҳои то бӯҳрон, яъне 2 миллиарду 600 миллион доллар расад.

Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов, сарвари маркази захираҳои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Душанбе мегӯяд, мақомоти Русия тайи солҳои ахир боре ҳам дар бораи коҳиш додани квота ё рондани муҳоҷирин аз кишварашон тасмим нагирифтаанд ва ин ба он маъност, ки ин кишвар ба нерӯи корӣ зарурат дорад: "Бӯҳрон аз ҳоло маълум аст, ки бештар ба Аврупо таъсир мекунад, ҳамон кишварҳое, ки дар минтақаи евро ва ҳам минтақаи доллар ҳастанд. Ба Русия таъсири чандон нахоҳад дошт, ба муҳоҷирини мо ҳам."

Аммо Анвар Бобоев, муовини сарвари Департаменти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷиикистон мегӯяд, роҳи асосии раҳоӣ аз хатароти коҳиши шуғл дар кишвар ҳамоно ҷалби сокинон ба истеҳсолоти дохилӣ, бахусус соҳаи кишоварзӣ аст, ки ба даҳҳо ҳазор нерӯ ниёз дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG