Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, мизони баланди бекорӣ дар байни ҷавонон камаш то 2016 тақрибан бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, ҳар ҷавони ҳаштум дар ҷаҳон бекор аст. Бино ба гузориши нави ин созмон, ки рӯзи 22 май таҳти унвони “Тамоюлҳои ҷаҳонии бекорӣ дар байни ҷавонон-2012” нашр шуд, мизони бекорӣ дар байни ҷавонон дубора ба сатҳи соли 2009, ки нуқтаи авҷи буҳрони молӣ буд, наздик шудааст.

75 миллион ҷавони бекор

Гузориш мегӯяд, имсол тақрибан 75 миллион, ё 12,7 дарсади ҷавонони аз 15- то 24-сола ҷои кор надоранд. Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, ин рақам дар Аврупои шарқӣ ва кишварҳои шӯравии собиқ боз ҳам болотар буда, 17,6 фоиз, ё ҳар як ҷавони шашум дар ин қаламрав бекор будааст.

Созмони ҷаҳонии кор мегӯяд, мизони баланди бекорӣ дар байни ҷавонон дастикам то соли 2016 тақрибан бетағйир боқӣ хоҳад монд ва ин метавонад як “насли гумшуда” ва норозӣ аз сиёсати давлатҳоро ба майдон биорад ва мояи бесуботӣ ва эътирозҳои иҷтимоӣ шавад. Бино бар ин гузориш, боло рафтани шохиси бесуботии иҷтимоӣ метавонад дар 45 кишвар аз 118 кишвари таҳқиқшуда бар таҳдиди беназмиҳо биафзояд. Вазъ бахусус дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ хатарнок унвон мешавад. Ва он ҳам дар ҳоле ки як нирӯи пешбари инқилобҳои “Баҳори Араб” дар ин паҳно маҳз ҷавонон буданд ва як омили асосие, ки онҳоро ба майдон овард, ҳамин бекорӣ.

Гузориш мегӯяд, бахши аъзами он ҷавононе ҳам, ки ҷои кор доранд, машғули кори сиёҳу муваққат ваё каммаҳсуланд, ки хеле камтар аз орзуи онҳост ва имкони “сабзидан” ва касби ҷои кори доиму пурмаҳсултар ва бо маоши баландтарро ба ҷавонон намедиҳад.

Ҳоли боз ҳам зортари ҷавонони тоҷик

Олга Богданова

Олга Богданова

Олга Богданова, сухангӯи дафтари Созмони ҷаҳонии кор дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи бекории ҷавонон дар кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус дар ҷомиаҳои суннатан серфарзанди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боз ҳам доғтар аст: “Ба ҳисоби Созмони ҷаҳонии кор, хатари аз ҷои кор маҳрум шудани ҷавонон назар ба калонсолон 2-3 маротиба бештар аст. Мушкили дигаре ки ба бекорӣ дар зодгоҳи онҳо робитаи зич дорад, муҳоҷират аст ва то 1 миллион ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон кор мекунанд. Мушкилоти кору зиндагии онҳо ва маҷбур ба бозгашт ба ватан шудани онҳо ба иллати буҳрон, таъмини онҳо бо ҷои кор дар ватан ё бозомӯзии онҳо низ аз масоили доғи ин паҳност.”

Ҷамшед Қуддусов, як коршиноси бозори кори Тоҷикистон мегӯяд, мизони бекорӣ дар байни ҷавонони тоҷик назар ба ақшори дигари аҳолӣ хеле баландтар аст ва он ҳам бо вуҷуде ки таҳқиқотҳои анҷомшуда дар Тоҷикистон афроди машғули корҳои мавсимӣ ва ҳам муҳоҷирони кориро ҳамчун бекор эътироф намекунанд: “Бар асоси охирин таҳқиқоти қувваи корӣ, ки соли 2009 анҷом шудааст, агар сатҳи умумии бекорӣ 11,5 фоиз бошад, ин нишондод дар байни ҷавонони 15- 19-сола ва дар байни ҷавонони 20-24- сола 17 фоиз аст. Яъне сатҳи бекории ҷавонон аз сатҳи миёна дар Тоҷикистон 1,5 маротиба бештар буда, беш аз 50 фоизи афроди ҳамчун бекор сабтиномшуда низ ҷавонон мебошанд.”

Ярмаркаҳои ҷои кор

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, сайёҳат ва варзиши Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод маҳз ба хотири рафъи бекорӣ дар байни ҷавонон биржаҳои махсус ташкил додааст, ки қаблан ҳар моҳ ва феълан ҳар ҳафта дар шаҳру навоҳии мухталиф бонавбат бозори фурӯши ҷойҳои корро созмон медиҳанд.

Оқои Неъматов мегӯяд, 30-40 дарсади корафтодагон дар ин ярмаркаҳо ҷои коре барои худ меёбанд, вале ӯ ҳам эътироф мекунад, ки ҷойҳои кори пешниҳодӣ на ҳамеша ҷавобгӯи хостҳои дили ҷавонони корҷӯст: “Дар ҳеҷ куҷо нест, ки якбора тамоми имконотро барои як ҷавон фаро биоранд. Ӯ бояд аз коре оғоз кунад ва пешниҳодҳои мо дар оғози кор ба ҷавонон кумак мерасонад. Вале ҷавонони имрӯза хеле огоҳанду бисёр муқоиса мекунанд ва мехоҳанд, ки зуд кори хубу маоши хуб биёбанд. Аммо талабҳои ҷавонон хеле баланд аст ва ин ҳамаро наметавон бо имконоти имрӯзаи ҳам буҷавиву ҳам иқтисодии Тоҷикистон бароварда сохт.”

Фарҳанги роиҷи муҳоҷирпарварӣ

Ба гуфтаи Маликшоҳ Неъматов, Кумитаи ҷавонон, ҳамин тавр, дар таъмини муҳоҷирони тоҷик бо ҷои кор дар Русия низ кумак мекунад. Аммо коршиноси тоҷик Ҷамшед Қуддусов мегӯяд, чунин бархӯрд бархоста аз фарҳанги Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон.

муҳоҷирпарварист, ки дар Тоҷикистон, чӣ дар байни мардум ва чӣ дар зеҳни мақомот ғолиб шудааст.

Ӯ меафзояд, дар Душанбе ҳамчунон умед ба бозори кори Русия мебанданд ва то ҳол дар кишвар як сиёсати ҳисобшудаи давлатӣ барои рафъи бекорӣ дар байни ҷавонон таҳия нашудааст: “Мо ягон барнома ё сиёсати маҳз таъмини шуғли ҷавононро надорем. Барномаҳои махсуси ҷавонон ё тарбиявист, ё барои рушди варзиш. Ин масъала бояд ҳалл шавад. Ҳоло танҳо роҳи коҳиши шиддати иҷтимоии марбут ба бекории ҷавонон маҳз муҳоҷирати корист. Мардуми бекор ба хориҷ меравад ва аз ин рӯ дар дохил он қадар мушкили зиёд ба назар намерасад.”

Таҳқиқоти нави Маркази таҳлилии “Шарқ”, ки рӯзи сешанбе дар як анҷумани масоили муҳоҷират дар Душанбе эълон шуд, ҳокист, ки синни миёнаи муҳоҷирони кории тоҷик торафт ҷавонтар шуда, беш аз нисфи артиши якмиллионнафарии мардикорони тоҷик дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби ҷавонони навхату аксар муҷаррад будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG