Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ростои рӯзи байналмилалии ҷавонон, ки ҳамасола 12-уми август таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон ба як шуғли маъруфи ҷавонон, яъне кори довталабона ё "волонтёрӣ" таваҷҷӯҳ зоҳир шуд.

Бо ташкили ҳамоиш ва намоишгоҳе таҳти унвони "кори довталабона зинаест барои расидан ба муваффақиятҳои касбӣ" Барномаи ихтиёриёни Созмони Милал дар якҷоягӣ бо дигар созмонҳои маҳалливу хориҷӣ аз донишҷӯёну ҷавонон даъват кард, то барои бозоргир шудану боло бурдани маҳорати худ ба фаъолияти ихтиёрӣ ё волонтёрӣ рӯ оранд.

Бекорӣ мушкили рақами яки ҷавонони тоҷик номида мешавад ва бино бар омори расмӣ танҳо дар соли 2011-ум беш аз 50 дарсади бекоронро дар Тоҷикистон ҷавонон ташкил медоданд. Ба гуфтаи Анна Белоусова, ҳамоҳангсози барномаи ихтиёриёни Созмони Милал, кори довталабона хатари бекориро коҳиш дода ба ҷавонон имкон медиҳад, то бо сатҳу сифати беҳтар аз курсиҳои донишомӯзӣ рост ба бозори меҳнат ворид шаванд. Аксаран, ба қавли ӯ, аз ҳамин ихтиёриён кормандони иҷтимоӣ, ҳуқуқшиносону муҳосибон ва роҳбарони хубе ба воя мерасанд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад бо вуҷуди ройгон будани ин навъи фаъолият, солҳои охир дар Тоҷикистон ҷавонони зиёде ба корҳои довталабона таваҷҷӯҳ кардаву чун волонтёр дар созмонҳои мухталиф, ба вижа дар созмонҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Шумори ихтиёриён имрӯз дар Тоҷикистон то 15 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Танҳо дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон наздик ба 10 ҳазор ихтиёриён ва ёрдамчиён ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамасола дар рафъи пайомади офатҳои табиӣ, расондани кӯмакҳои башарӣ, хадамоти беҳдоштию иҷтимоӣ саҳм мегиранд. Аммо дар маҷмӯъ ҳадафи аслии ҷавононе, ки ба кори довталабона машғул мешаванд, ҳам беҳтар кардани сатҳи забондонӣ ва малакаи касбиву ҷаҳонбинии худ аст.

Алла Белоусова, ҳамоҳангсози Барномаи ихтиёриёни Созмони Милал мегӯяд, "фаъолияти волонтёри аз қабл вуҷуд дошт, аммо дар гузашта он дар шакли ҳашар сурат мегирифт. Имрӯз дар хориҷа ин навъи фаъолият хеле роиҷ аст ва ҳамин ҳоло дар бозиҳои олимпии Лондон 70 ҳазор ихтиёриён ҷалб шудаанд. Дар Тоҷикистон ҳам тавре мушоҳида мешавад, солҳои охир фаъолияти ихтиёрӣ рушд мекунад, ҷавонони зиёде мехоҳанд, ки довталабона дар соҳаҳои мухталиф фаъолият кунанд. Вале боз ҳам бояд рӯйи ин масъала кор кард ва умед дорам, ки дар 20 соли оянда ин навъи фаъолият ҳам ба як ҷузъи фарҳанги тоҷикон табдил меёбад."

Гулҷаҳон Қулмаҳмадова, донишҷӯи 19-солаи тоҷик, чанд моҳ боз дар як созмони хориҷӣ кори довталабона мекунад. Ӯ дар рушди сайёҳӣ ва иқтисодиёт ва кормандони созмон кӯмак мерасонад. Соати кории ӯ ҳам мисли дигар кормандон аз субҳ то бегоҳ аст, аммо ба ҷуз аз роҳкиро ба ӯ дигар музде пардохт намешавад. Ҳадафи ӯ ҳам, мисли дигар ихтиёриён ҳоло на дарёфти маблағ аст. "Мақсади асосии ман ин гирифтани таҷриба аст. Дар оянда дарҳои зиёде ба рӯйи мо боз мешавад, чун оянда ин фаъолиятҳои волонтёрӣ дар ҳар соҳае, ки ба фаъолият шурӯъ накунем, ба инобат гирифта мешавад. Мо ҳадди ақал бояд то 4 соат ин ҷо кор кунем. Вале барои ман беҳтар аз ҳама ин аст, ки инҷо бо хориҷиҳо кор мекунем ва бо забони англисӣ муошират мекунем",-афзуд ӯ.

Аммо Ҳабиб Раҳмонов, ҷавони дигаре, ки худро намояндаи "Хадамоти ихтиёриён дар хориҷа" муаррифӣ кард, гуфт, чанд соли пеш бидуни ба даст овардани ҳеҷ маблағе дар чанд созмон, аз ҷумла маркази фарҳангии Бактрия (Бохтар) чун ихтиёрӣ кор кард. Маҳз ҳамин волонтёрӣ ба қавли ин мусоҳиби мо, дари муваффақиятҳоро ба рӯяш боз кард ва ӯ зина ба зина боло рафт. 2 сол дар хориҷ аз кившар таҳсил карду имрӯз дар ин созмони хориҷӣ бо маоши хубе зиндагии худу хонаводаашро пеш мебарад.

Бо вуҷуди суду имконоти хубе, ки метавонад як ҷавон аз фаъолияти ихтиёрӣ ба даст орад, боз ҳам дар шароити феълӣ на ҳама донишҷӯёни ҷавонони ба худ иҷозаи волонтёр будану бидуни ҳақмузд фаъолият карданро медиҳанд. Чун тавре худи донишҷӯён мегӯянд, бо он ёрдампӯлие, ки аз донишгоҳ ва он ҳам на ба ҳама дода мешавад, наметавон рӯзгори худро таъмин кард. Бино бар ин, онҳо маҷбуранд барои бароварда сохтани ниёзҳои хешу дарёфти маблағ, дар баробари таҳсил ҷое кор ё мардикорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG