Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекорӣ, муҳоҷират ва таҳсил – тасвири умумии рӯзгори ҷавонони тоҷик


Ҳудуди 60 дар сади ҷавонони аз синни 14- то 30 сола дар Тоҷикистон бидуни шуғл ё бекор дониста шуданд.

Ҷаъфар Раҷабов ҳамагӣ 23 сол дорад. Аммо дар Тоҷикистон ӯро дӯстдорони мусиқӣ алакай хуб мешиносанд. Маҳсули ду соли заҳмати пурмашаққат, ӯро яке аз дичейҳои маъруфи кишвар гардонид. Тахаллуси «Мовшен», яъне «Ҳаракат»-ро ӯ бесабаб интихоб накардааст. Ин аст, ки ӯ бекор нишаста наметавонад ва бекориро барои худ зиндагӣ накардан медонад.

Вай пас аз хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон фаъолияти худро дар яке аз ширкатҳои мобилии кишвар ба ҳайси муҳандиси хадамоти барномавӣ идома дод. Аммо бақияи вақти худро бошад ба мусиқӣ бахшид.

Ҷаъфар на танҳо мусиқии муосир эҷод мекунад, балки барои мухлисон боз шоу-шабнишиниҳо низ доир месозад. Вай мегӯяд, «аввал дар вақтҳои холигӣ ман бисёр мусиқӣ гӯш мекардам. Мусиқӣ дар стили «транс-прогреси». Баъдан дар ман хоҳиши эҷод кардани мусиқи пайдо шуд ва ман аз пасаш шудам. Эҷод кардам, онро ба радиоҳо пешниҳод кардам. Дар тамоми ҷаҳон дийджейҳо шоу-барномаҳои худро доранд. Ман лоиҳа таъсис додам, онро ба радиои "Ватан" пешкаш намудам. Ҳоло барномаи худро дорам ва ҳар ҳафта трекҳои беҳтаринро ба ҳам мепайвандам».

Аммо ҷавононе мисли Ҷаъфар дар Тоҷикистон ангуштшуморанд. Бар асоси пажӯҳише, ки ахиран Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон анҷом дод, ҳудуди 60 дар сад ҷавонони аз синни 14- то 30 сола дар кишвар бидуни шуғл ё бекор дониста шуданд.

Ин пажӯҳиш собит кардааст, ки тахминан 5 - 6 соати ин теъдод аз ҷавонон бе самар мегузарад.
Қиёмиддин Миралиев
Қиёмиддин Миралиев
Қиёмиддин Миралиев, сардори шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, ки феълан дар ҷумҳурӣ наздики 70 марказ барои ҷавонон вуҷуд дорад. Аммо Қиёмиддин Миралиев бар ин бовар аст, ки ин марказҳо барои фаро гирифтани тамоми ҷавонон нокофианд, «яке аз мушкилотҳои мубрами ҳаёти ҷавонон, воқеан ҳам бекорӣ аст. Одатан ҷавонони сину соли аз 14 то 30 сола бештар ба фарогирӣ ба шуғлҳои гуногун ниёз доранд. Имрӯз мо кор бурда истодаем барои ҳарчи бештар гардонидани теъдоди марказҳои ҷавононе, ки дар он ҷо аслан ба забономӯзӣ, ба омӯзиши малакаҳои компютер, ба омӯзиши малакаҳои касбӣ аз қабили дӯзандагӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ ва амсоли инҳо метавон машғул шуд».

Дар ҳамин ҳол, Камолиддин Бобоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, бо он ки лоиҳаҳои зиёде барои рушди ҷавонон амалӣ мешавад, аммо бештари онҳо дар қоғаз мемонанд. Чун ба эътиқоди ин коршинос, ин тарҳҳо дар амал муассир нестанд.
Бобоев, сабаби номувафаққии ин гуна лоиҳаҳоро дар набудани ғоя ё идеяи миллии лоиҳаҳо нисбати ҷавонон унвон мекунад. Ба ин далел Бобоев пешниҳод дорад, ки барномаҳое, ки минбаъд тарҳрезӣ мешаванд, дар меҳвари он наврасон қарор гиранд.

Ӯ мегӯяд, «чун ҷавони тоҷик вақте ба ҳаёти мустақилона қадам мениҳад, тарки ватан мекунад ва муҳоҷиратро ихтиёр мекунад. Аммо онҳое, ки дар кишвар мемонанд, ҷойгоҳеро пайдо кардаанд».

Муборак Тоҳирова 15 сол дорад дар синфи нуҳум таҳсил мекунад. Субҳ ба мактаб меравад, пас аз он бо нигоҳубинии хоҳар ва бародаронаш, ки 5 нафаранд, машғул мешавад. Бинобар ин ҳарчанд ба омӯзиши забони англисӣ шавқ дошта бошад ҳам, вақташ намерасад. Ӯ мегӯяд, боре ҳам ба ягон маркази ҷавонӣ ё фарҳангиву фароғатӣ нарафтааст. Пас аз хатми мактаб бошад хоҳиши омӯзгор шуданро дорад: «Аз мактаб, ки омадам кори хонаро мекунам. Бегоҳ, ки шуд берун баромада бо ҳамсолони худ бозӣ мекунам. Шаб дарс тайёр мекунам, баъд телевизор тамошо мекунам. Тамом, бо ҳамин рӯзам мегузарад».

Дар ҳамин ҳол «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» 30 маркази маърифативу фарҳангӣ фаро гирифтааст. Аммо бо назардошти фароҳам набудани шароит дар ин марказҳо, фаъолияти сетои он қатъ карда шуд, қисми дигарашон пурра фаъолият карда наметавонанд. Аз ин миқдор 8-тои он дар пойтахти кишвар ҷойгир шудааст. Дар нимсолаи аввал марказҳои шаҳрӣ хамагӣ 350 нафар ҷавононро бо омӯзиши забони инглисӣ, русӣ ва давраҳо ё курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ва кандакорӣ фаро гирифтанд.

Дар ин марказҳо 150 нафар ҷавонони ихтиёрӣ (волонтер) низ фаъолият мекунанд. Онҳо барои ташкил кардани аксия, озмун ва чорабиниҳои фарҳангӣ кӯмак мерасонанд.

Зубайдулло Маҳмадуллоев, директори «Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон» мегӯяд, «дар тавозуни Кумитаи ҷавонон нестанд биноҳое, ки барои таъсис додани марказҳо мусоидат кунанд. Биноҳое, ки мо истифода мебарем дар тобеияти сохторҳои маҳаллӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қарор доранд. Он марказҳое ки баста шуданд, асосан сабабаш он буд, ки мо бо соҳибмулкон ба мувофиқа нарасидем. Ин марказҳо субъект ё объекти маблағ ба даст овардан нестанд. Инҳо истеъмолкунандаи маблағ ҳастанд, аммо мусоидаткунандаи фарҳангу солимии миллатанд. Хуб мешуд агар барои марказҳо шароит фароҳам меоварданд. Ҷойгоҳи махсус ҷудо мекарданд. Ва мо дар давоми сол 100 ҳазор неву 200 ҳазор ҷавонро фаро мегирифтем. Мо дар давоми 6 моҳ ба ҷойи 300 нафар, ҳазор нафарро омӯзиш медодем».

Устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ, Сафаралӣ Шарифов бошад, бар он ақида аст, ки аксари ҷавонон худ барои рушди инсониашон кӯшиш намекунанд: «Дар шаҳр ҷавонон бештар фаъоланд. Чун ин ҷо шароит каме хубтар аст ва марказҳои гуногун барои онҳо дастраст гардидааст. Аз рӯи мушоҳидаҳои ман, қисми ҷавонон дар вақти холигии худ ба марказҳои интернетӣ мераванд, ба омӯзиши забонҳо машғул ҳастанд ё ба тамошои филм мераванд ва ҳатто ҷойҳои махсус барои сайругашт низ ҳаст, ки ба он ҷойҳо мераванд. Аммо дар деҳот ва баъзе ноҳияҳо ҷавонон вақти холигии худро бе самар истифода мебаранд. Чун дар онҷо марказҳои маърифатӣ ва фароғатӣ кам аст ё умуман нест».

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон «Барномаи таъсис ва ташаккул додани шабакаҳои маркази чавонон»-ро рӯи даст гирифтааст, ки ҳадафи он ширкати фаъоли ҷавонон дар ҷомеа унвон мешавад.

Аммо то чӣ андоза барномаи мазкур метавонад ба ҳаёти ҷавонон созгор бошад ва дар амал ба таври муассир иҷро шавад, касе кафолате дода натавонад.

Бинобар ин соҳибназарон мегӯянд, дар шароити имрӯза маҳз ҷавононе бурд хоҳанд кард, ки барои рушди инсонии хеш талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG