Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо гуфт, мунтазири натиҷаи ташхиси тарҳи Роғун аст, ки аз тарафи гурӯҳи бозрасони БҶ анҷом мешавад.

Кетрин Аштон-раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамзамон муовини раиси Комиссияи Аврупо иброз доштааст, ки кӯшишҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар кафолати таҳқиқи мустақили фаннии лоиҳаи такмили нерӯгоҳи барқу оби (НБО) Роғунро дастгирӣ намуда, интизори натиҷаи он аст.

Дар баёнияе, ки рӯзи 31-уми август дафтари матбуотии Эштон нашр кард, омадааст, ки масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз таҳқиқоти иловагии Бонки Ҷаҳонӣ дар масъалаи роҳҳои алтернативии таъмини энергетикии минтақа (бо нафту газ) низ пуштибонӣ мекунад.

Ба қавли Эштон ин таҳқиқот бояд дар танзими муколамаи созанда дар байни тамоми кишварҳои манфиатдор оиди ин лоиҳа ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаву истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ҳамчун заминае хидмат кунад. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари поёнобро ба чунин муколамаи пойдор бар шаҳодатҳо ва таҳкими механизмҳои истифодаи обу энергияи минтақа даъват мекунад.

Хонум Эштон бар ин назар аст, ки ҳар гуна лоиҳаи бузурги инфрасохторӣ бояд фақат дар сурате татбиқ шавад, ки пажӯҳишҳои мустақили байналмилалии қобили Кетрин Аштон

Кетрин Аштон

эътимод аз он пуштибонӣ кунанду таъсири эҳтимолии он арзёбӣ шуда бошад. Бар илова, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо таъкид кардааст, ки дар ин гуна лоиҳаҳо манфиати тамоми ҷонибҳо бояд мадди назар гирифта шуда ва роҳҳои ҳалли дарозмуддати қобили қабули ҳамаи ҷонибҳо ҷустуҷӯ шавад.

Ҷои ёдоварист, ки рӯзи ҷумъа ҳамчунон Бонки Ҷаҳонӣ эълон карда буд, ки сармоягузории барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистонро идома дода, бо ин ҳадаф 18 миллион доллари иловагӣ тахсис медиҳад. Ин иқдоми бонк имкон фароҳам меорад, ки кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи беҳбуди назорати молӣ, беҳбуди пулғундорӣ ва рушди дарозмуддати соҳаи нерӯи барқ ва гази табиӣ давом кунад. Иҷрои барномаи коҳиши талафоти энергия дар Тоҷикистон соли 2005-ум шурӯъ шудааст.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ дар моҳи феврал иброз дошт, ки барои татбиқи барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон 18 миллион доллари иловагӣ тахсис дода, маблағи умумии онро то ба 38 миллион доллар хоҳад расонд.

Ҳамчунон ҳукумати Швейтсария ба хотири иҷрои ин лоиҳа 8 миллион долар ба ҳайси грант тақдим мекунад. Барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистон бояд беҳбуди ҳисоби истифодаи нерӯ ва пулғундорӣ вазъи молии соҳаи мазкурро тақвият бахшад. Иҷрои барнома имкон медиҳад, ки муштариён пули энержии воқеан истифодашударо пардохт намоянд. Ин лоиҳа ҳамчунон истифодаи беҳтари нерӯ дар фасли зимистон ва тармиму таъмири нерӯгоҳи барқ оби Норакро мадди назар дорад.

Дар соли 2010-ум бо назардошти мухолифатҳои шадиди Узбакистони ҳамсоя, Тоҷикистон экспертизаи фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғунро раҳандозӣ намуд, ки ташкилу таъмини молии онро Бонки Ҷаҳонӣ бар дӯш гирифтааст. Қаблан пешбинӣ мешуд, ки гурӯҳи бозрасон то моҳи сентябри соли 2013-ум ташхиси Роғунро ба охир мерасонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG