Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳи Роғун ошкортар шуд


Намояндаи масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи арзёбиҳои нерӯгоҳи Роғун шарҳи наве нашр кард.

Сароҷ Ҷҳа - мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, арзёбии фанниву иқтисодӣ ва таъсири зистмуҳитии нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо кӯмаки ҳамин бонк сурат мегирад, маънии онро надорад, ин нерӯгоҳ сохта мешавад. Гузашта аз ин ёрмандӣ дар анҷоми арзёбиҳо ба маънии он нест, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар оянда барои бунёди нерӯгоҳи Роғун кӯмак кунад.

Дар мусоҳибаи Сароҷ Ҷҳа, ки дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ нашр шудааст, омадааст, қабл аз қабули қарор дар бораи бунёди нерӯгоҳи Роғун, бояд омилҳои гуногун, ба мисли созишномаҳои байналмилалӣ ва сармоягузорӣ ба инобат гирифта шавад.

Мусоҳибаи мазкур дар робита ба ҳукми иҷро гирифтани созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ чоп шудааст, ки бар асоси он ин бонк дар коҳиши талафоти нерӯи барқ дар кишвар кӯмак мекунад. Яке аз бахшҳои созишнома маблағгузории арзёбиҳои фанниву иқтисодӣ ва таъсироти муҳитизистии Роғун аст, ки ба раҳбарии консорсиумҳои байналмилалии Coyne & Bellier ва Poyry анҷом мешавад.

Сароҷ Ҷҳа, мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷараёни ҳарду таҳқиқотро печида хонда ва гуфтааст, дар сурати бунёд нерӯгоҳи Роғун бузургтарин садд дар ҷаҳон хоҳад шуд. Ба қавли ӯ “Аз замони оғози сохтмони Роғун, тағйироти чашмгире дар арсаи тавлиди нерӯи барқи обӣ ва таҳқиқи иқлим сурат гирифтааст ва аз ин рӯ Тоҷикистон бояд дар арзёбиву таҳқиқи сарбанди Роғун ба донишҳои муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ такя кунад. “
Ба қавли намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, ин ниҳод ба арзёбиву таҳқиқи ҳамаҷонибаи тарҳи Роғун мусоидат мекунад, зеро “таҳқиқи мустақил, мӯътабари тамоми ҷанбаҳои Роғун барои бақои он, эминии аҳолӣ ва таъсири эҳтимолии он ба манотиқи поёноб аҳамияти ҳаётӣ дорад.” Ба гуфтаи ӯ ин арзёбиҳои шаффоф бояд барои ҷомеаи байналмилал ҳам дастрас бошад ва машваратҳои чандҷониба дар бораи он сурат бигирад.

Ба гуфтаи Сароҷ Ҷҳа қарор аст, арзёбиҳои фанниву иқтисодии Роғун соли 2013 такмил шавад. Қарор буд, арзёбиҳо соли равон анҷом ёбад, аммо Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ба далели нигарониҳои бонк аз шева ва тарзи арзёбӣ ва расидагӣ накардани ҳукумати Тоҷикистон ба ин нигарониҳо ба таъхир афтод. Мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳеҷ аҳду ваъдае барои бунёди нерӯгоҳи барқии обии Роғун надодааст ва ҳадафаш танҳо “рӯи миз гузоштани тамоми фактҳо барои баррасӣ аст.”

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро масъалаи “ҳаёту мамоти” кишвар хондааст, дар сурати бунёд бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро аз як кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил хоҳад дод. Аммо аз замони шурӯъи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Ӯзбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд.

Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Ӯзбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаъоҳо асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.

Ҳамчунин Рӯзи 31 август Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки сармоягузории Барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро идома дода, бо ин ҳадаф ба кишвар 18 миллион доллари иловагӣ медиҳад. Ин иқдоми бонк имкон фароҳам меорад, ки кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи беҳбуди назорати молӣ, ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ва рушди дарозмуддати соҳаи энергетика давом кунад. Иҷрои Барномаи коҳиши талафоти энергия дар Тоҷикистон аз соли 2005-ум шурӯъ шудааст.

Ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ иброз дошта буд, ки барои татбиқи Барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон 18 миллион доллари иловагӣ тахсис дода, маблағи умумии онро то ба 38 миллион доллар хоҳад расонд. Ҳамчунон ҳукумати Швейтсария ба хотири иҷрои ин лоиҳа 8 миллион долар ба ҳайси грант тақдим мекунад. Барномаи коҳиши талафоти нерӯ дар Тоҷикистон бояд беҳбуди ҳисоби истифодаи нерӯ ва пулғундорӣ вазъи молии соҳаи мазкурро тақвият бахшад.

Иҷрои барнома имкон медиҳад, ки муштариён пули энергияи воқеан истифодашударо пардохт намоянд. Ин лоиҳа ҳамчунон истифодаи беҳтари нерӯ дар фасли зимистон ва тармиму таъмири нерӯгоҳи барқ оби Норакро дар мадди назар дорад.
XS
SM
MD
LG