Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияи “Ҳаракат” навиштааст, Эрон ба таври пинҳонӣ барои сохтмони Роғун таҷҳизоту масолеҳи сохтмонӣ медиҳад.

Нашрияи “Ҳаракат”-и Узбакистон бо чопи матлабе Ҷумҳурии Исломиро ба он муттаҳам карда, ки барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун пинҳонӣ маҳсулоти сохтмонӣ ва таҷҳизот мефиристад. Ин нашрия гуфтааст, бархе аз ширкатҳо аз корхонаҳои Ҷопон мустақим ба Эрон таҷҳизот мефиристанд, ки он баъд аз гузашти чанд вақт бо асноду номи дигар ба Тоҷикистон интиқол меёбад.

"Ҳақиқат"-и Узбакистон бовар дорад, ин маҳсулоту таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғун истифода мешавад ва ҷониби Тоҷикистону Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд онро ошкор бикунанд. Ин матлаб рӯзи 29-уми августи соли ҷорӣ нашр шудааст. Бо ин ҳол, то кунун мақомоти расмии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ва ё рад накардаанд.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иқтидори 3600 мегават, дар сурати бунёд ёфтан бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд ва Тоҷикистонро, аз кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба фурӯшандаи бузурги он табдил хоҳад дод. Аммо сохтмони ин нерӯгоҳ ба мухолифати сахти кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистон дучор шуда ва муносиботи онро ба Тоҷикистон тираву тор кардааст.

Узбакистон борҳо эълон кардааст, ки дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ ҳазорҳо гектар замини кишташ ташналаб хоҳанд монд. Иддаое, ки мақомоти тоҷик ва донишмандони ин кишвар борҳо рад карда ва даъвои Тошкандро баҳонае беш надонистаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ташхиси фаннӣ ва муҳити зистиву иқтисодии тарҳи Роғун ба мушкил печидааст. Интизор меравад, натиҷаи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони ин Роғун дар як ё ду моҳи наздик маълум шавад. Дар моҳи июли соли ҷорӣ чанде аз бозрасонҳои Бонки Ҷаҳонӣ аз маҳалли сохтмони Роғун боздид анҷом доданд.

Як манбаъ аз мудирияти нерӯгоҳи Роғун ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гурӯҳи бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ тайи як ҳафта дар маҳалли сохтмон буда, аз ҳамаи иншоот ва ҷараёни иҷрои корҳо дар он ҷо ошно шуданд. Ин манбаъ мегӯяд, тӯли ин чанд рӯз онҳо аслан бо ҷараёни барқарорсозиҳо дар маҳалҳои сохтмон, инчунин бо объектҳои то имрӯз анҷомёфта ошно шуда ва ҳамзамон аз маҳалли сохтмон “аксу навор бардоштанд. Тақрибан тамоми маҳалли сохтмонро аксбардорӣ карданд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG