Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ду моҳи наздик маълум хоҳад шуд.

Як ҳайати бозрасонҳои Бонки Ҷаҳонӣ иборат аз шаш нафар дирӯз (29-уми июл) маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғунро тарк карданд.

Як манбаъ аз мудирияти нерӯгоҳи Роғун ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ тайи як ҳафта дар маҳалли сохтмон буда, аз ҳамаи иншоот ва ҷараёни иҷрои корҳо дар он ҷо ошно шуданд. Ин манбаъ мегӯяд, тӯли ин чанд рӯз онҳо аслан бо ҷараёни барқарорсозиҳо дар маҳалҳои сохтмон, инчунин бо объектҳои то имрӯз анҷомёфта ошно шуда ва ҳамзамон аз маҳалли сохтмон “аксу навор бардоштанд. Тақрибан тамоми маҳалли сохтмонро аксбардорӣ карданд.”

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, онҳо рӯзи якшанбе ба пойтахт баргаштанд ва дар мулоқот бо мудири сохтмони Роғун гуфтаанд, ки гузориши худро дар зарфи ду моҳи оянда пешниҳод хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Вазорати энержӣ ва ва саноати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе масоили мавриди баҳси худро дар Идораи лоиҳаҳои иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ доранд.

Қабл аз сафари коршиносони ин бонк ба Тоҷикистон Ранҷит Ломак, масъули бахши энержии Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз замони боздиди ахири онҳо дар моҳи май то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти муайяне дар мавриди тарзу услуби таҳқиқоти нерӯгоҳ муваффақ шудааст ва аз ин рӯ, “мо имкони дарёфти гранти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин соҳаро тамдид намудем”.

"Вале ҳанӯз ҳам кори зиёде бояд иҷро шавад",-гуфта буд ин ниҳоди байналмилалии молӣ. Ҳафтаи оянда ҳайати фаннии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад, то бо ҳукумати ин кишвар як чорчӯби муроқибати кор дар нерӯгоҳ ва аз ҷумла тармиму ҳифзи иншоотро тартиб диҳад. Иҷрои ин амал заминаро барои идомаи таҳқиқот дар нерӯгоҳи Роғун таъмин мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG