Пайвандҳои дастрасӣ

"Таъхир дар ташхис "Роғун"-ро ба мушкил рӯбарӯ мекунад"


Струан Стивенсон, вакили парлумони Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ҳар қадар таҳқиқи тарҳи «Роғун» аз сӯи БҶ ба дарозо кашад, хароҷоти молӣ ва талабот ба нерӯи инсонӣ бештар мегардад.

Ҷаноби Стивенсон, ки рӯзи пеш аз маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ дидан кард, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар ҳоли ҳозир корҳои асосии сохтмон дар ин иншоот қатъ шуда, зиёда аз 5 ҳазор мутахассис бекор мондаанд.

Ин аст, ки Струан Стивенсон мегӯяд, аз ин ҳам бештар тӯл кашидани натиҷагирии Бонки Ҷаҳонӣ, метавонад сабаби тарки Тоҷикистон кардани мутахассисон шавад ва бунёди нерӯгоҳро бо мушкил рӯ ба рӯ созад.

Ӯ аз ҷумла афзуд «мо қудрати суръат бахшидан барои корҳои таҳқиқоти Бонки ҷаҳониро надорем, вале метавонем ба онҳо вазъи мушкили бебарқиро дар зимистон бифаҳмонем. Агар рушод гӯем тарҳи Роғун гаронарзиш аст ва ҳар баҳои Бонки ҷаҳонӣ дар сохтмони баъдии ин иншоот бевосита таъсиргузор хоҳад буд. Масъала ҳатто сари он аст, ки бояд ин натиҷагирӣ ҳарчӣ зуддтар эълон шавад. Дар сурати ғайр 5 ҳазор мутахассиси бекормонда роҳ сӯи муҳоҷират мегиранд ва ин метавонад мушкили камбуди мутахассисонро барои идомаи сохтмон ба вуҷуд биорад. Барои мо хеле муҳим аст агар ду чархи нерӯгоҳ ба зудӣ ба кор оғоз намояд ва ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ мекард. Пас аз ин мешуд баҳогузорӣ кард, ки кори Роғун то куҷо ба кишварҳои поёноб таъсири худро мегузорад».

Барои муддате қатъ шудани сохтмони "Роғун" дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки бунёди ин иншоот барои ҷомеаи Тоҷикистон ба як шиори миллӣ табдил ёфтааст. Хабарҳои марбут ба «Роғун» шаҳрвандонро қатъи назар аз он, ки дар ватан ба сар мебаранд ё муҳоҷират, ба ташвиш меорад.

Ҷамолиддин Назифӣ, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, хабари қатъ шудани сохтмони «Роғун» боиси нороҳатии вай ва боз 50 нафар аз ҳамватаноанш шудааст: «Мавзӯъи сӯҳбати ҳамаи мо аксаран гирди сохтмони «Роғун» аст. Ва пас аз шунидани ин хабар ҳамаи мо рӯҳафтода шудем. Чун мо 50 нафар ҳамагӣ маълумоти олӣ дорем вале дар Русия чоҳ меканем. Орзӯи ҳамаи мо ин аст,ки "Роғун" сохта ва мо дар ватани худамон соҳиби ҷойи кор шавем. Вақте ки мо дар зимистон аз Русия ба Тоҷикистон меоем ва мехоҳем каме роҳат кунем, аз бебарқӣ ҳатто имкони телевизор тамошо карданро надорем. Ин бебарқӣ худ азоб аст. Сохтмони "Роғун" пеш аз ҳама барои фарзандони мо муҳим аст.»

Исмат, як ҳамсӯҳбати дигари мо низ амоми умедҳои худро ба сохтмони "Роғун" мебандад ва мегӯяд интизори он аст, ки новобаста ба ҳамагуна мушкилот "Роғун" сохта мешавад. Ӯ гуфт: «Як қадами пеш ин аллакай дастовард аст. Ҳамчун як Давлатмурод Ҷумъаев, ҷомеашиноси тоҷик

Давлатмурод Ҷумъаев, ҷомеашиноси тоҷик

шаҳрванди Тоҷикистон умеди ман аз Роғун хеле зиёд аст. Ман умедворам бунёди он як қатор мушкилот ҳалли худро меёбад . Аз ҷумла бебарқиро аз байн мебарад ва мушкилоти иқтисодиро ҳал мекунад.»

Ҷомешиносони тоҷик низ бар инанд, ки рӯҳияи мардуми Тоҷикистон ҳоло вобаста ба корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ тағйир меёбад. Давлатмурод Ҷумъаев, ҷомешиноси тоҷик мӯътақид аст, ки агар ҳукумати Тоҷикистон бори дигар ба харидории саҳмияҳои Роғун даъват кунад, мардум ҳатман ин даъватро хоҳанд пазируфт. Ҷаноби Ҷумъаев ҳамчунин гуфт: «Дар баъзе аз маъракаҳо ман ба мардуми оддӣ дар мавриди Роғун махсус суолҳои ба истилоҳ проваксионӣ медиҳам, мардум бо як ҳиссиёти ватанпарастӣ мегӯянд, ки ҳар гунае ки набошад мо бояд Роғунро бисозем. Ҳамаи онҳо эътироф мекунанд, ки мушкилот зиёд аст, аммо онҳо дигар роҳеро ба ҷузъ аз бунёди ин иншоот намебинанд.»

Дар ҳамин ҳол Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон аҳамияти ин масъаларо барои бақои ҳокимияти худ хеле хуб дарк мекунад. Вай афзуд: «То интихоботи оянда ин масъала мавзӯи аввал мешавад. Барои ҳамин мо бояд кӯшиш кунем, агар агрегати аввал ҳам ба кор надарояд, ҳадди аққал маҷрои рӯди Вахшро агар бигирем, ин ҳам як ҳисси Абдуғанӣ Маҳмадазимов

Абдуғанӣ Маҳмадазимов

масъулиятшиносии ҳукумат мешавад. »

Зимнан, мақомоти давлати Тоҷикистон умедворанд, ки коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ҳарчи зудтар ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи "Роғун"-ро анҷом бидиҳанд ва заминае барои идомаи корҳо дар ин иншооти азим гардад.

Дар ҳамин ҳол, қарор аст, рӯзи панҷшанбеи 19-уми июл гурӯҳи бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон баргардад ва аз маҳали сохтмони неругоҳи «Роғун” дидан кунад. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук навиштаанд, эҳтимолан Тоҷикистон даст ба сохтмони асосии Роғун задааст, ҳамон гуна ки ҳукумати Узбакистон аз ин ҳол эътироз кард ва Бонки Ҷаҳонӣ хостори қатъи сохтмони аслӣ гаштааст. Таътили яксолаи садҳо нафар аз коргарони "Роғун" аломати ин аст, ки Тоҷикистон мехоҳад, ба Бонки Ҷаҳонӣ паём диҳад, ки аз сохтмони асосӣ даст бардоштааст ва интизори натиҷаҳои гурӯҳи ташхис аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG