Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавлиҳо об зада, рӯфта, ба қабули коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ омода


Ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии имкони азсаргирии экпертизаи нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон бармегардад.

Ин сафар рӯзҳои наздик сурат гирифта, дар ҷараёни он имкони азсаргирии экпертизаи фанниву иқтисодӣ ва таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун баррасӣ мешавад. Масъулони бонк бовар доранд, ки ҳайат бо ҳукумати Тоҷикистон ба мувофиқат хоҳад расид. Аз ин ҷост, шӯрои мудирон мӯҳлати истифодаи гранти ин таҳқиқотро тамдид кардааст.

Ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, дар Душанбе имкони азсаргирии экпертизаи нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кунад. Рӯзи панҷшанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ Ранҷит Ломак, масъули бахши энергетикаи Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз Вашингтон гуфт:


Аз замони боздиди ахири мо дар моҳи май то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти муайяне дар мавриди тарзу услуби таҳқиқоти нерӯгоҳ муваффақ шудааст ва аз ин рӯ, мо имкони дарёфти гранти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин соҳаро тамдид намудем. Вале кори зиёде бояд иҷро шавад. Ҳафтаи оянда ҳайати фаннии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад, то бо ҳукумати ин кишвар як чорчӯби муроқибати кор дар нерӯгоҳ ва аз ҷумла тармиму ҳифзи иншоотро тартиб диҳад. Иҷрои ин амал заминаро барои идомаи таҳқиқот дар нерӯгоҳи Роғун таъмин мекунад”.

Ба назар мерасад, ки Тоҷикистон ҳам ба пешвози ҳайати бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ омода асту интизор дорад, ки экпертизаи байналмилалии фанниву иқтисодӣ ва иҷтимоиву зистмуҳитии нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз сар гирифта мешавад.

Моҳи маи соли равон дар Душанбе ноиб-президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уеру гуфта буд, ки марҳилаи феълиии сармоягузории экпертизаи лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун 30-уми июни соли 2012-ум ба охир мерасад. Ҳамчунон ӯ афзуд, ки Шӯрои Мудирони Бонк сармоягузории иловагии экпертизаи Роғунро тасдиқ кардааст, вале барои татбиқи ин созиш ҳукумати Тоҷикистон бояд дар шакли қобили қабул ба суолҳои мавҷуда оиди ҷараён ва тарзи таҳқиқот посух диҳад.

Касе аз ходимони бонк дар бораи муҳтавои ин суолҳо тафсилоте надодааст. Вале дар пайи ин изҳороти масъули Бонк Шӯрои нозирони нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва вазири энергетика ва саноати ин ҷумҳурӣ Гул Шералӣ таъкид кард, ки аз сабаби пешниҳод нашудани хулосаи
Гул Шералӣ
Гул Шералӣ
экспертҳои байналмилалӣ дар мавриди асоснокии фанниву иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоиву экологии нерӯгоҳи Роғун барқарорсозии дарғот ва тағйири маҷрои рӯди Вахш дар соли 2012-ум ба таъхир гузошта мешавад.


Аслан Тоҷикистон 27 декабри соли 1987 бунёди дарғот ё ба қавли русӣ “перемичка”-и нерӯгоҳро шурӯъ намуда, маҷрои Вахшро тағйир дода буд. Вале баъд дар солҳои муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон сохтмон амалан беназорат буду 9-уми майи соли 1993 сели шадид пояи ин дарғотро аз байн бурд ва рӯди Вахш ба маҷрои худ баргашт.


Чор сол пеш бо эҳёи сохтмони Роғун ҷумҳурӣ аз нав барномаи тағйири маҷрои Вахш ва бунёди дарғотро оғоз намуд. Вале зоҳиран бо сабабҳои мухталиф ва аз ҷумла ихтилофи сарсахтонаи Ӯзбакистон ба сохтмони Роғун тағйири маҷро чанд дафъа ба таъхир афтод ва баҳори соли 2011-ум ҳукумати Тоҷикистон бо машварати Бонки Ҷаҳонӣ мувофиқат кард, ки бо сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ экпертизаи фанниву иқтисодии Роғунро ширкати фаронсавии Coyne & Bellier ва таҳқиқи таъсири иҷтимоиву зистмуҳитии Роғунро ширкати швейтсарии Poyry доир намуда, натиҷаи онро моҳи марти соли 2012-ум эълон кунад.


Вале дар моҳи феврали соли равон, яъне тахминан як моҳ пеш аз вақти муқарраршуда, яке аз масъулони ширкати Poyry Роберт Свален, ки сарварии ҳайати коршиносони Роғунро бар дӯш дорад, тақозо кард, ки мӯҳлати экпертизаи Роғун тамдид ёбад.


Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки мушкили Роғун на фанниву иқтисодӣ ва на иҷтимоиву зистмуҳитӣ, балки сиёсӣ мебошад ва таъхири экспертиза ҳам бо ҳадафи рафъи ҳамин ихтилофи сиёсӣ рабт дорад.


Собиқ раҳбари сохтмони нерӯгоҳи Роғун Нурулло Шулашов дар як нишасти байналмилалӣ дар Алмаато гуфта буд, ки Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад, ки баландии сарбанди нерӯгоҳи роғун на 335 метри тибқи нақшаи ибтидоӣ, балки 180 метр бошад, тавре баъзе кишварҳои ҳамсоя мехоҳанд. Шулашов коршиносони Бонки Ҷаҳониро масъули таъхири экпертизаи Роғун номида гуфт:


На фақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари олам вақте масъалаҳои ҳалношудаи сиёсӣ зоҳир мешаванд, Бонки Ҷаҳонӣ истифода мешавад. Онҳо зарур ояд, то 20 сол ҳам кори Роғунро кашол медиҳанд. Мо фурсатро аз даст додем. Ҳар қадаре, ки беморӣ идома меёбаду дахолати ҷарроҳ ба таъхир гузошта мешавад, ҳолати мариз бадтар мешавад".


Дар ҳамин ҳол аввалин раиси сохтмони нерӯгоҳи Роғун Николай Савченков, ки то соли 1992 раҳбарии онро бар дӯш дошт, мегӯяд, воқеан барои оғози эҳёи дарғот омодагии бештар ва дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ зарур аст ва чанд моҳ вазъро тағйир намедиҳад. Ба қавли Савченков муҳим ин аст, ки сарбанди нерӯгоҳ тибқи нақшаи ибтидоӣ ба 335 метр баробар бошад:


Ба фикри ман дуруст аст, ки ҷумҳурӣ пофишорӣ дорад, ки сарбанди
Савченков ба он раиси Кумитаи сохтмони Шӯрои олии ССР Б.Елтсин сарбанди ояндаи Роғунро нишон медиҳад
Савченков ба он раиси Кумитаи сохтмони Шӯрои олии ССР Б.Елтсин сарбанди ояндаи Роғунро нишон медиҳад
нерӯгоҳ 335 метр бошад.Сарбанд бояд аз хок бошад. Мо метавонем нерӯгоҳи Норакро мисол орем, ки ҳамин гуна баланд асту мушкиле эҷод накардааст. Ёдатон бошад, ширкати “РусАл” ҳам вақте ба сохтмони Роғун омада буд, пешниҳод мекард, ки сарбанд кӯтоҳтар шаваду на аз хок, балки аз бетон сохта шавад. Хуллас, ин гуна баҳсҳо воқеан сохтмонро ба таъхир гузоштанд."


Сарфи назар аз таъхири марбут бо чуну чароҳои экспертизаи Роғун ва баландии сарбанд як воқеиятро ҳама қабул кардаанд, ки Роғун барои ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон бо шадидтарин камбуди барқ мувоҷеҳ мешавад, хеле бештар аз як нерӯгоҳ аст ва он ба ҳар қимате такмил хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG