Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Лондон даҳум шуд


Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик (Акс аз бойгонӣ)
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик (Акс аз бойгонӣ)

Гурзандози шинохтаи тоҷик бо натиҷаи 73 метру 80 сантиметр дар бозиҳои олимпии Лондон дар ҷои даҳум қарор гирифт.

Дар сабқати ниҳоии гурзандозон Дилшод Назарови 30-сола бо натиҷаи 73 метру 80 сантиметр дар бозиҳои олимпии Лондон ҷои даҳумро ишғол кард.

Бояд гуфт, рӯзи ҷумъа (3-юми август) ҳангоми қувваозмоии интихобӣ натиҷаи ин гуразндози тоҷик беҳтар буд. Ӯ гурзро ба масофаи 75 метру 91 сантиметр ҳаво дода, ҷои ҳаштумро ишғол карда, ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифта буд.

Дар миёни гурзандозон
Кристиан Парс аз Маҷористон ҷои аввал, Примоз Козмус аз Словения, ки қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2008-ум мебошад, ҷои дуюм ва Коҷӣ Мурофушии ҷопонӣ ҷои сеюмро ишғол карданд.

Имрӯз, 6-уми август, соати 14:45 баъд аз зуҳр ба вақти Лондон (шашу 45 дақиқа ба вақти Тоҷикистон) муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар қувваозмоии олимпии бокс то вазни 60 кило миёни занон бо варзишгари чинӣ Ченг Донг рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Аммо рӯзи якшанбе (5-уми август) гуштигири тарзи юнониву румӣ Ҳамиди Суриён барои Эрон аввалин медали тилои олимпӣ дар ин навъи варзишро овард. Ӯ дар сабқати ниҳоии вазни то 55 кило варзишгари озарӣ Равшан Байрамовро ноком кард. Суриён панҷ дафъа қаҳрамони олам шудааст, вале ин аввалин медалии тилоии ӯ дар бозиҳои олимпӣ мебошад. Зимнан, ин аввалин медали тилоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозиҳои олимпии Лондон буд.

Ҳамчунон дар рӯзи нуҳуми бозиҳои олимпии Лондон варзишгарони Беларус ба ин кишвар аввалин медали тилои бозиҳои олимпии Лондонро оварданд.

Дар сабқати ниҳоии тенниси майдонӣ дар байни ҷуфтҳои марду зан беларусиҳо Макс Мирний ва Виктория Азаренко соҳибони майдон варзишгарони Британия Эндӣ Марӣ ва Лора Робсонро шикаст дода, соҳиби медали тило шуданд. Ҷои ёдоварист, ки дирӯз Эндӣ Марӣ дар қуваозмоии ниҳоии миёни мардон теннисбози швейтсарӣ Роже Федерерро ноком карда, қаҳрамони олимпӣ шуда буд.

Дар мусобиқаи тенниси майдонӣ миёни ҷуфтҳои занона хоҳарон Венус ва Серена Вилямс ҷуфти варзишгарони Ҷумҳурии Чехро мағлуб намуданд. Ин хоҳарон барои аввалин бор дар таърихи теннис қаҳрамонони чоркаратаи бозиҳои олимпӣ шудаанд.
Усайн Болт бори дигар собит кард, ки касе дар масофаи 100 метр бо ӯ баробар шуда наметавонад. Болт ин масофаро дар 9,63 сония тай намуда, рекорди нави олимпӣ гузошт. Ҷои дуюмро ҳам варзишгар аз Ямайка Йоҳан Блейк ва ҷои сеюмро Ҷастин Гатлин аз ИМА ишғол карданд.

Дар миёни вазнабардорони вазнинтарин зани чинӣ Жоу Татяна Каширинаи Русияро шикаст дода, ҷои аввалро ишғол кард.

Дар дави марафонии миёни занон Тикӣ Геланаи эфиопӣ ҷои аввалро ишғол кард.

Олга Рипаковаи қазоқистонӣ дар сабқати ҷаҳиши секарата бо натиҷаи 14 метру 98 сантиметр пирӯзи бозиҳои олимпӣ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG