Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии варзишгарони тоҷик дар Лондон аз дидгоҳи коршиносон


Сабқати муштзани тоҷик Анвар Юнусов (аз рост) ва Оскар Валдез Фиерро (чап), рӯзи 1 август

Сабқати муштзани тоҷик Анвар Юнусов (аз рост) ва Оскар Валдез Фиерро (чап), рӯзи 1 август

Аз 16 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон намояндагӣ мекунанд, то ҳоло шаш нафарашон аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот Сергей Бабиков дар сабқати тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр бо 562 имтиёз дар мақоми 44-ум қарор гирифт.

Сайидраҳмон Раҳмонов, коршиноси соҳа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин варзишгари пуртаҷриба барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кард. Вай дар Олимпиадаи Афина соли 2004-ум бо 582 имтиёз мақоми 10-умро касб карда буд. Дар Олимпиадаи Пекин бошад, бо 574 имтиёз дар ҷойи 31-ум қарор дошт. Вале ин дафъа натиҷааш боз ҳам пасттар шуд.

Рости гап, мо аз Сергей Бабиков натиҷаи баландро интизор набудем. Зеро ки синнаш ба ҷойе расидааст. Дар воқеъ, ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳама калонсол – 44-сола мебошад. Хуб мебуд, ки ба ин навъи олимпии варзиш ҷавонон ҳарчи бештар ҷалб мешуданд. Мусобиқот дар риштаи тирандозӣ дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар зиёдтар баргузор мешуд ва аз миёни ҷавонон беҳтаринҳо ба дастаи мунтахаб дохил карда мешуданд.”



Дар сабқати бокс дар нахустин қувваозмоии худ Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило, Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило ва Анвар Юнусов дар вазни то 56 кило аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.


Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи бокс, мегӯяд, мо аз муштзани ҷавони тоҷик Собирҷон Назаров, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кард, натиҷаи баландро чашмдор набудем. Ва аммо аз ду муштзани моҳир – Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, ки барои бори дувум дар Бозиҳои олимпӣ ширкат доштанд, мо медалҳои олимпиро интизор будем.


Расул Боқиев (аз чап) бар дзюдочии фаронсавӣ Уго Легран (аз рост) пирӯз шуд, вале натавонист ба медали олимпӣ комёб шавад

Расул Боқиев (аз чап) бар дзюдочии фаронсавӣ Уго Легран (аз рост) пирӯз шуд, вале натавонист ба медали олимпӣ комёб шавад

Вале, мегӯяд ҷаноби Фатҳуллоев, “ҳарду моро ноумед карданд. Ҷаҳон Қурбонов, ки аз вазни 91 кило ба 81 кило гузаштааст, вазнашро кам карда, шояд қуввааш сусттар шудааст. Ӯ ба мисли пешин ҳунари хуб нишон надод. Барои Ҷаҳон ҷамъомади таълимиву тамринӣ ташкил нашуд. Вай дар шаҳри Хуҷанд ба Олимпиада омодагӣ дид, ки шароиташ чандон хуб набуд.

Анвар Юнусов бошад, дар Маскав, баъдан дар Лондон ба Бозиҳои тайёрӣ дида буд. Ҳеҷ гумон надоштем, ки ӯ дар қувваозмоии аввали худ аз рақиби ҷавонаш мағлуб мешавад. Ҳарчанд метавонист ғалаба кунад. Вале хуб ҳунарнамоӣ накард. Мо акнун аз Мавзуна Чориева дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кило ҷоизаи олимпиро интизорем”.


Паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кило дар даврҳои муқаддамотӣ бар ду рақибаш аз Бритониёи Кабир ва Узбакистон ғалабаи соф ба даст овард, вале дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Рики Накаяи ҷопонӣ, сипас барои нишони биринҷӣ аз Уго Легранди фаронсавӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Абдурозиқ Олимов, мураббии варзидаи гуштӣ, иллати нокомии Расулро дар Олимпиадаи Лондон чунин шарҳ дод: “Расул Боқиев, ки дар ду қувваозмоӣ бо иппон ғалаба кард, моро хеле шод намуд. Гумон доштем, ки ӯ ба нимфинал мебарояд, вале дар ду қувваозмоии баъдӣ дуборӣ шидо (огоҳӣ) гирифт ва рақибонаш бо баҳогузории юко ғолиб шуданд.

Одатан вақте ки қувваозмоии паҳлавонон баробар мегузарад, доварон бештар мувофиқи салоҳдиди худ ба яке огоҳӣ медиҳанд, ки мағлуб шавад. Расул мебоист

Тоҷикистониҳо ба муваффақияти варзишгарони дигар, аз ҷумла Мавзуна Чориева умеди зиёд доранд

Тоҷикистониҳо ба муваффақияти варзишгарони дигар, аз ҷумла Мавзуна Чориева умеди зиёд доранд

дар ин мавридҳо ягон усулро ба кор мебурд ва ё фаъолтар мешуд. Ноҳаққии доварон боиси бохти паҳлавони тоҷик шуд. Инчунин бояд гуфт, ки марги падараш ба Расул таъсир гузоштааст ва ӯ чанд муддат тамрин накарда буд. Мо аз ин паҳлавон дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар оянда натиҷаҳои баландро чашмдорем.”

Паҳлавони дигари тоҷик Парвиз Собиров дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило дар даври муқаддамотӣ аз рақиби итолиёвиаш шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.


Ҷаноби Олимов мегӯяд, “Парвиз Собиров ҳам гуштигири пуртаҷриба аст. Ман шоҳиди он будам, ки ӯ дар ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ фаъолона иштирок мекард ва ба Олимпиадаи Лондон хуб омодагӣ медид. Мо бовар доштем, ки ӯ дар даври муқаддамотӣ пирӯз мешавад. Вале афсӯс, ки ноком шуд. Ба фикри ман ӯ ҳам бояд ба мисли Расул Боқиев бештар дар кишварҳои дигар тамрин мекард ва дар мусобиқоти мухталиф ширкат меварзид ва дар қувваозмоӣ бо зӯртарин гуштигирон маҳораташро боз ҳам баланд мекард. Мо аз гуштигирони тарзи озод Юсуф Абдусаломов ва Зелимхон Юсуфов натиҷаҳои хубро умедворем.”

Боз 10 варзишгари тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, бокс, шиноварӣ, таеквондо ва гуштии озод рақобат хоҳанд кард. Коршиносон аз муштзан Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар вазни то 60 кило, гурзандоз Дилшод Назаров, ки барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад ва паҳлавонон Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило, натиҷаҳои баландро чашмдоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG