Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, дар Олимпиадаи Лондон дар гурӯҳи “А” ҷойи 7-умро касб кард.

Дилшод Назарови 30-сола имрӯз 3-юми август, дар сабқати интихобии гурзандозӣ рақобат кард. Дар ин сабқат 41 варзишгар дар ду гурӯҳ қувва озмуданд. Дилшод дар гурӯҳи “А”, ки аз 20 нафар иборат буд, бо натиҷаи 75 метру 91 сантиметр дар ҷойи 7-ум қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Коҷӣ Мурофишии ҷопонӣ бо натиҷаи 78 метру 48 сантиметр ғолиб шуд.

Дар сабқати гурзандозӣ дар Олимпиадаи Лондон, инчунин, Сӯҳроб Хоҷаеви 19-сола, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, мактаби миёни рақами 20-и шаҳри Душанберо хатм кардааст, аз номи Узбакистон ширкат дошт. Ӯ низ ба гурӯҳи “А” дохил буд ва бо натиҷаи 65,88 метр ҷойи охирин – 20-умро соҳиб шуд.
Ҳоло мусобиқа дар гурӯҳи “В” оғоз ёфт. Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа дар ҳарду гурӯҳ 12 нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниҳоӣ, ки рӯзи 5-уми август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Дилшод алъон ҳафтум аст.

Дилшод Назаров дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин дар сабқати интихобӣ бо натиҷаи 75 метру 34 сантиметр дар гурӯҳи “А” мақоми панҷумро касб карда, ба финал баромада буд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ӯ бо натиҷаи 76 м 54 см миёни 12 нафар беҳтаринҳо дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки рекорди ҷаҳонӣ дар гурзандозӣ 86 метру 74 сантиметр ва рекорди олимпӣ 84 метру 80 сантиметр мебошад.

Ёдовар мешаем, ки имрӯз, инчунин, Катерина Измайлова, шиновари Тоҷикистон, дар Олимпиадаи Лондон ноком шуд. Дар сабқати интихобӣ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 74 нафар дар 10 гурӯҳ рақобат карданд. Катерина Измайловаи 35-сола дар гурӯҳи худ миёни 8 нафар бо натиҷаи 31,27 сония мақоми панҷумро касб кард. Клашин Карин О'Рейлли аз кишвари Антигуа ва Барбуда бо натиҷаи 30,01 сония ғолиби гурӯҳ шуд.

Дар сабқати интихобӣ миёни 74 нафар Раноми Кромовидҷоҷо аз Нидерланд бо натиҷаи 24.51 сония дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҳамдиёраш Марлин Велдҳуис бо натиҷаи 24.57 дувум шуд. Франсеска Ҳалсалл (Бритониёи Кабир) бо натиҷаи 24.61 дар ҷойи севум қарор гирифт.

16 нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниманиҳоӣ, ки имшаб баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Барандагони медалҳои олимпӣ дар ин навъи шиноварӣ 4-уми август дар сабқати ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд. Рекорди ҷаҳонӣ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод 23,73 сония ва рекорди олимпӣ 24,06 сония мебошад.

Ёдовар мешавем, Катерина Измайлова дар Олимпиадаи Пекин дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар сабқати интихобӣ бо натиҷаи 32,09 сония дар зинаи охирин ҷойгир шуда буд.

Ба ин тартиб, ҳафт варзишгари Тоҷикистон – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев, Парвиз Собиров ва шиновар Катерина Измайлова аз Лондон бе медали олимпӣ бармегарданд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG