Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Юнусов ҳам дар Олимпиадаи Лондон шикаст хӯрд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар Олимпиадаи Лондон дар даври ҳаштякниҳоӣ шикаст хӯрд.

Бегоҳи имрӯз, якуми август Анвар Юнусови 25-сола дар сабқати бокс дар вазни то 56 килограмм дар даври ҳаштякниҳоӣ аз рақибаш Оскар Валдеси 21-сола (Мексика) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 7:13 (1:2, 4:7, 2:4) мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум шуд.

Вале коршиносон аз муштзани тоҷик, ки барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё мебошад, пирӯзиро чашмдор буданд.

Оскар Валдес дар даври чаҳоряниҳоӣ рӯзи 5-уми август бо Ҷоҳн Ҷои Невини 23-сола (Ирландия), ки дар 1/8 финал бар Қанат Абутолибови 29-сола (Қазоқистон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 15:10 ғолиб омад, қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, имрӯз, инчунин, Парвиз Собирови 31-сола дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 килограмм дар даври 1/16-ниҳоӣ аз ҳамсолаш Роберто Мелонии итолиёвӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Панҷ дақиқаи замони асосӣ ғолибро муайян накард. Се дақиқа замони изофӣ ё Golden Skore (имтиёзи тиллоӣ) таъйин шуд. Мелони дар замони изофӣ (2:14) vaza-ari гирифт ва ғолиб гашт. Умуман, дар ҷараёни ин сабқат Парвиз се shido (огоҳӣ) ва як yuko (имтиёз) ва рақибаш як shido ва як vaza-ari гирифтанд.
Мелони дар ҳаштякфинал бо Тиаго Камилои 30-сола (Бразилия), ки дар даври муқаддамотӣ бар Роман Гонтюки 28-сола (Украина) дар муддати 3 дақиқаю 1 сония ғалабаи соф (иппон) ба даст овард, қувва мезмояд.

Ба ин тартиб, аз 16 варзишгари Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Лондон дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ ширкат мекунанд, то ҳоло шаш нафар - Сергей Бабиков (тирандозӣ), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов (ҳарсе – бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (ҳарду - дзюдо) аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG