Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишварро тасдиқ кард.

Даври 11-ум
16-уми июн, шанбе.
Оғози бозиҳо - соати 17.30

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор). Варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон). Ёваронаш: Раҳмон Муртазоев (Душанбе), Алишер Қараев (Шаҳринав). Довари эҳтиётӣ: Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров). Нозири бозӣ: Мӯъминҷон Ҳамидов (Хуҷанд).

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

17-уми июн, якшанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.30

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода. Сардовар: Рустам Холов (Душанбе). Ёваронаш: Дилшод Назипов, Ҳабибулло Нарзуллоев (ҳарду – Ҳисор). Довари эҳтиётӣ: Парвиз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Алишер Қараев (Шаҳринав). Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Қурбонхӯҷа Раҳимхоҷаев (Хуҷанд).

Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 11-уми мусобиқаи Лигаи олӣ ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои ССКА “Помир” (Душанбе) - “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) -”Равшан” (Кӯлоб), ки бар асоси ҷадвали бозиҳо мебоист 16-ум ва 17-уми июн барпо мегашт, ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони дастаҳои ССКА “Помир”, “Энергетик” ва “Вахш” дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия барпо мегардад, гирифта шуд.”

Шавкат Аҳмадов, инчунин, гуфт, боз чаҳор бозии дигар миёни дастаҳои “Энергетик” - “Вахш” (23-юми июн), “Гвардия” - ССКА “Помир” (24-уми июн), ССКА “Помир” - “Парвоз” (1-уми июл) ва “Вахш” - “Гвардия” (1-уми июл) ба мӯҳлати дертар гузошта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG