Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварону нозирони бозиҳои даври даҳуми Лигаи олӣ


Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишварро тасдиқ кард.

Даври 10-ум
9-уми июн, шанбе.

Оғози бозиҳо - соати 17.30

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент). Аз сабаби он ки варзишгоҳи дастаи “Ҳосилот” аз баргузории як бозӣ маҳрум шудааст, бозии фархориҳо бо “Зарафшон” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Ҳасан Каримов (Норак), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Аъзамҷон Бӯриев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Ёваронаш: Алишер Қараев (Шаҳринав), Мустафо Исломов (Восеъ). Довари эҳтиётӣ: Парвиз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров). Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа (собиқ варзишгоҳи “Политехникум”). Сардовар: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе). Ёваронаш: Ҳайбулло Нарзуллоев (Ҳисор), Холмурод Зардов (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе). Нозири бозӣ: Владимир Домуллоҷонов (Душанбе).

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёваронаш: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Қурбонмаҳмад Каримов (Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Валерий Турсунов (Душанбе).

«РАВШАН» (Кӯлоб) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе). Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёваронаш: Сафармаҳмад Шоймардонов, Исматулло Мӯъминов (ҳарду – Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Рустам Хоҷаев (Қабодиён). Нозири бозӣ: Сафар Каримов (Норак).

10-уми июн, якшанбе.
Оғози бозӣ - соати 17.30

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд). Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов. Сардовар: Рустам Холов (Душанбе). Ёваронаш: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд), Комилҷон Қурбонов (Турсунзода). Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Муҳаммад Қурбонов (Хуҷанд).
XS
SM
MD
LG