Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бозиро ба дастаи "Регар-ТадАЗ" бохт


9 июн панҷ бозии даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - 1:1
Аз сабаби он ки варзишгоҳи дастаи “Ҳосилот” аз баргузории як бозӣ маҳрум шудааст, бозии фархориҳо бо “Зарафшон” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа барпо гардид.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Голҳо: Петер Эндуранс Саксесс, 77 ("Ҳосилот"), Петр Ҷим Прогрес, 90+6 ("Зарафшон")

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа)
Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат. Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Дар нимаи дувуми ин бозӣ, дар дақиқаи 60-ум ба иллати боридани борони сахт, замоне ки ҳисоб 0:0 буд, футболбозону доварон майдонро тарк карданд. Ин бозии пеш аз мӯҳлат қатъшуда дертар аз нав баргузор хоҳад шуд.

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) 0:3
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа (собиқ варзишгоҳи “Политехникум”). Сардовар: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе).
Голҳо: Асадулло Бобоҷонов (2 гол), Нодирбек Маъмиров.

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода)1:2
Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Голҳо: Иброҳим Рабимов, 29, 1:0; Аҳтам Ҳамроқулов, 69, 1:1; Сайриддин Ғаффоров, 81, 1:2.

«РАВШАН» (Кӯлоб) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) 1:0
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Гол: Течи Соломон (нимаи дувум), дақиқаи 81.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
Линки мустақим


10-уми июн, якшанбе. Оғози бозӣ - соати 17.30
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) - 1:2. Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов. Сардовар: Рустам Холов (Душанбе).
Голҳо: Индус Ҳусейнзода, 48 (0:1), Зокир Бердиқулов, 63 (1:1), Ҷомихон Муҳиддинов, 90+1 (1:2)



Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Регар-ТадАЗ"

9

8

1

0

25-6

25

2.

"Равшан"

9

8

0

1

16-5

24

3.

"Хуҷанд"

9

5

1

3

18-14

16

4.

"Истиқлол"

8

4

2

2

18-8

14

5.

“Вахш”

7

4

1

2

12-14

13

6.

“Энергетик”

8

3

4

1

15-10

13

7.

"Хайр"

7

3

2

2

13-12

11

8.

"Истаравшан”

8

3

2

3

13-17

11

9.

“Парвоз”

9

3

1

5

19-16

10

10.

ССКА “Помир”

8

2

2

4

9-14

8

11.

“Зарафшон”

9

1

3

5

12-25

6

12.

"Ҳосилот”

10

1

1

8

9-24

4

13.

"Гвардия”

10

1

0

9

7-30

3


Нишонзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд")- 7 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз"), Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов (ҳарду аз “Истиқлол”), Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”)- 6-голӣ, Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) - 5-голӣ.

Никола Кавазович
Никола Кавазович
Пеш аз бозии марказии давраи даҳум миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" ба беҳтаринҳои моҳи май, ки бар асосии назарпурсии Федератсияи футболи Тоҷикистон муайян гаштаанд, ҷоизаҳо супурда шуд. Валерий Турсунов, ноиби аввал ва Азизбек Раҷабов, ноиби президенти ФФТ ба бозигари беҳтарини моҳи май Дилшод Восиев, нимҳимоятгари "Истиқлол", мураббии беҳтарини моҳ - Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии "Регар-ТадАЗ" ва довари беҳтарин – Равшан Ишматов, довари ФИФА аз Қӯрғонтеппа, мукоофти пулӣ тақдим карданд.

Никола Кавазович, сармурабии "Истиқлол" баъд аз анҷоми бозӣ дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “дастаи "Регар"-ро бо ғалаба ва бозии аълояш табрик мегӯям. Онҳо аз дақиқаҳои аввали бозӣ тӯб, майдон ва ҷараёни бозиро таҳти назорат гирифтанд. Бозигарони худамро ҳам табрик мегӯям. Онҳо хуб бозӣ карданд, вале имрӯз бозиро ман бохтам, на онҳо. Медонам, ки бозигарони мо хеле хаста шудаанд, зеро ҷадвали бозиҳо имкон надод, ки дам бигиранд. Дар моҳи май 6 бозӣ кардем. Имрӯз мо ба футболбозони "Регар" имкон додем, ки ҳуҷум кунанд, мо бошем, ҳамлаҳои ҷавобӣ мекардем. Вале хатти дифои "Регар" пурқувват буд. Дастаи "Регар-ТадАЗ" бозигарони зиёди захиравӣ дорад, ки яке аз онҳо Комил Саидов мебошад."



Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии "Регар-ТадАЗ" ҳам гуфт, “мо бо яке аз дастаҳои беҳтарини Тоҷикистон мубориза бурдем. Бачаҳоро бо ғалаба табрик мекунам. Ҳам хатти дифоъ, ҳам хатти нимҳимоя ва ҳам хатти ҳамлаи мо имрӯз хеле хуб бозӣ карданд. Мо бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда будем, вале бозигарони мо тавонистанд, ки бозиро ба нафъи худ анҷом диҳанд."

Даври 11-ум
16-уми июн (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17.30

«Парвоз» - «Ҳосилот»
ССКА «Помир» - «Энергетик»
«Зарафшон» - «Истаравшан»

17-уми июн (якшанбе)

«Вахш» - «Равшан»
«Регар-ТадАЗ» - «Хайр»
«Хуҷанд» - «Истиқлол».
XS
SM
MD
LG