Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 2-юму 3-юми июн се бозии даври нӯҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ҳарсе бозӣ мизбонон бо ҳисоби бузург пирӯзӣ ба даст оварданд. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар майдони худ “Истаравшан”-и Истаравшанро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод, дар ҷадвали мусобиқот ба ҷойи аввал баромад.

“Гвардия”-и Душанбе, ки бар дастаи меҳмон - “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд, дар мусобиқаи имсола аввалин бор шаҳди ғалабаро чашид.

“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ “Зарафшон”-и Панҷакентро бо ҳисоби 5:2 мағлуб кард.

Натоиҷи се бозии даври 9-ум:

2-юми июн (шанбе)

«Гвардия» (Душанбе) - «Ҳосилот» (Фархор) – 4:2.
Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.
Голҳо: Абдурасул Раҳмонов ва Ҳаким Амроҷонов – 2-голӣ (“Гвардия”),
Ҷумъахон Азизов ва Сайидамир Мирзоев (“Ҳосилот”)

3-юми июн (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Истаравшан» (Истаравшан) – 5:1
Варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода.
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 1 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 20 (2:0). Сардорбек Эминов, 33 (3:0). Насим Расулов, 57 (3:1). Давронҷон Тухтасунов, 63 (4:1). Давронҷон Тухтасунов, 78 (5:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Зарафшон» (Панҷакент) – 5:2
Варзишгоҳи “Спартак”-и Хуҷанд.
Голҳо: Анвар Норқулов, 28 (1:0). Индус Ҳусейнзода, 47 (2:0). Ҷалолиддин Маҷидов, 49 (2:1). Давлат Самадов, 79 (3:1). Зокир Абдулхайров, 85 (4:1). Аъзам Ҳусейнов, 88 (5:1). Алишер Самадов, 90+4 (5:2).
Индус Ҳусейнзода («Хуҷанд») дар дақиқаи 77-ум тӯби ҷаримавии 11-метраро хато зад.

Се бозии дигари даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Истиқлол» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Энергетик» (Душанбе) ва ССКА «Помир» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) ба мӯҳлати дертар гузаронида шудааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Регар-ТадАЗ"

8

7

1

0

23-5

22

2.

"Равшан"

8

7

0

1

15-5

21

3.

"Истиқлол"

7

4

2

1

17-6

14

4.

"Вахш"

7

4

1

2

12-4

13

5.

“Хуҷанд”

8

4

1

3

16-13

13

6.

“Энергетик”

8

3

4

1

15-10

13

7.

"Хайр"

7

3

2

2

13-12

11

8.

"Истаравшан”

8

3

2

3

13-17

11

9.

ССКА “Помир”

7

2

2

3

9-13

8

10.

“Парвоз”

8

2

1

5

16-16

7

11.

“Зарафшон”

8

1

2

5

11-24

5

12.

"Ҳосилот”

9

1

0

8

8-23

3

13.

"Гвардия”

9

1

0

8

7-27

3


Нишонзанҳои беҳтарин: Габриэл Донто (“Энергетик”) - 8 гол, Дилшод Восиев (“Истиқлол”), Индус Ҳусейнзода (“Хуҷанд”) - 6-голӣ, Иброҳим Рабимов (“Истиқлол”), Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ"), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”) - 5-голӣ.

Даври 10-ум
9-уми июн (шанбе)


Оғози бозиҳо – соати 17.30

«Ҳосилот» - «Зарафшон»
«Хайр» - «Вахш»
«Гвардия» - «Парвоз»

10-уми июн (якшанбе)

«Истаравшан» - «Хуҷанд»
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ»
«Равшан» - ССКА «Помир»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG