Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 10-уми мусобиқаи Лигаи олиро аз рӯзи 10-уми июн ба 9-уми июн гузаронид.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ афзуд, “бозиҳои даври 10-уми мусобиқаи Лигаи олӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Кӯлоб - ССКА “Помир”-и Душанбе, ки бар асоси ҷадвали бозиҳо мебоист 10-уми июн баргузор мешуданд, як рӯз пеш – 9-уми июн барпо мегарданд. Ин тасмим бинобар иштироки футболбозони ҷавони тоҷик дар ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар ҷаласаи бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд. Ҷамъомади навбатӣ таҳти раҳбарии Камол Алиспоҳич, мутахассиси босниягӣ, аз 10-ум то 17-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Футболбозони ҷавони тоҷик ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия доир хоҳад шуд, омодагӣ мебинанд.”

Ба ин тартиб, рӯзи шанбе, 9-уми июн, панҷ бозии даври даҳум миёни дастаҳои зерин баргузор мешавад:

«Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода),
«Равшан» (Кӯлоб) - ССКА «Помир» (Душанбе),
«Ҳосилот» (Фархор) - «Зарафшон» (Панҷакент),
«Хайр» (Ваҳдат) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа),
«Гвардия» (Душанбе) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров).

Бозии охирин даври даҳум миёни дастаҳои «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) рӯзи якшанбе, 10-уми июн, барпо мегардад. Бозиҳо соати 17.30 оғоз меёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG