Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо Моликӣ дар Кохи Сафед


Барак Обама, ки дар пайи мулоқоташ бо сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дар Кохи Сафед сӯҳбат мекард, гуфт: “Мо даъвои кадом бахше аз қаламрави Ироқ ва ё манобеъи он кишварро надорем. Дар оянда низ мо ба расонидани кӯмак ва тамрини нерӯҳои амниятии Ироқ идома хоҳем дод, ин неруҳо бояд тавоно ва ғайрифирқаӣ бошанд. Мо ба стратегияи худ низ идома медиҳем ва тамоми фирқаҳои ҷангии амрикоиро то моҳи августи соли оняда аз Ироқ фаро мехонем. Ва ваъдаи худро иҷро намуда, тамоми сарбозони амрикоиро аз Ироқ то охири соли 2011 берун хоҳем овард.”

Зимни нишасти муштарак бо нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ дар Кохи Сафед Барак Обама ҳамчунин иброз дошт, фарохонии
Тамоми сарбозони амрикоиро аз Ироқ то охири соли 2011 берун хоҳем овард.
артиш, ки бо рафтани сарбозони амрикои аз тамоми шаҳрҳои Ироқ дар охирҳои моҳи июн оғоз гардид, нишон медиҳад, ки Амрико ба ваъдаҳои ба мардуми Ироқ супурдааш содиқ мемонад.

Амрико соли 2003 вориди Ироқ шуда, режими диктатории Саддом Ҳусейнро сарнагун кард. Беш аз 130 ҳазор нерӯи амрикоӣ барои таъмини амнияти он кишвар ва тамрини артиши маҳалӣ дар Ироқ мустақар шуданд. Дар тӯли шаш сол дар қаламрави Ироқ дастикам 4 ҳазору 300 сарбози амрикоӣ кушта шуд, даҳо ҳазор ироқиҳо ба ҳалокат расиданд ва миллионҳо шаҳрвандони Ироқ маҳали зисташонро тарк намуданд.

Вошингтонро раванди сусти мусолиҳаи сиёсиву ва қавмӣ дар Ироқ нигарон мекунад ва бахши бузурги мулоқоти Моликӣ ва Обама ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд.

Раҳбарони ду кишвар баъд аз мулоқот дар дафтари кории Обама ба хабарнигорон гуфтанд, ки тамоми бахшҳои имконпазири ҳамкориҳои Амрико ва Ироқро мавриди баҳс қарор доданд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ҷумла гуфт: “Нахуствазир Моликӣ ва ман ба тавофуқ расидем, ки барои ҳамкории васеътар миёни ду кишвар бояд замина фароҳам оварда шавад. Амрико ва Ироқ ҳамроҳ даврони мушкилро аз сар гузаронданд ва ҳоло мо ҳарду розием, ки он робитаҳое ки миёни амрикоиҳо ва ироқиҳо дар тӯли ин ҷанг ба амал омадаанд, дар замони сулҳ метавонанд роҳро барои пешрафт ҳамвор кунанд.”

Нури Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, робитаҳои ду кишварро ҳамчун “дӯстии стратегӣ” арзёбӣ намуд. Вай афзуд, ки нерӯҳои низомии кишвараш, ки дар солҳои охир бо артиши Амрико ҳамкории наздик доштанд, хуб тамрин гирифтаанд ва ваъда дод, ки ба хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ хотима мебахшад.

Зимни ин боздидаш аз Амрико Моликӣ кӯшиш намуд, маблағгузорони хориҷиро ташвиқ кунад, то ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Ироқ идома диҳанд.

Дирӯз раҳбари Ироқ барои гуфтугӯ бо дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ва сафирони 5 узви доимии Шӯрои Амният – Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Амрико ба Ню-Йорк омад. Ҳадафи боздиди Моликӣ аз мақари Созмони милал кӯшиш барои лағви таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Ироқ мебошад. Таҳримҳои мазкур алайҳи Ироқ ҳанӯз дар аҳди Саддом Ҳусейн, дар пайи ҳамлаи Бағдод ба Кувайт дар соли 1990 эъмол шуда буд.

Зимни мулоқот дар Вошингтон Обама ба Моликӣ ваъда дод, ки барои лағви таҳримҳои СММ бо ҳукумати Ироқ ҳамкорӣ хоҳад кард. Обама побарҷо мондани ин таҳримҳоро иштибоҳ хонд ва гуфт, Ироқ набояд барои гуноҳи диктатори барканоршудааш ҷавобгар бошад.
XS
SM
MD
LG